Торнамои сайёҳии ТурСтат рейтинги шаҳрҳои беҳтарини ИДМ барои истироҳат ва саёҳати тирамоҳиро тартиб додааст. Душанбе дар ҷойи 9-уми ин феҳрист қарор дорад.

Шаҳрҳои Минск, Нур-Султон (Остона) ва Ереван дар сархати рейтинг ҷойгир шудаанд.

Бино ба иттилои “TourStat”, сайёҳон дар фасли тирамоҳ ба шаҳрҳои ИДМ барои истироҳати кӯтоҳмуддат – аз 2 то 3 рӯз меоянд. Сайёҳони муташаккил маъмулан давомнокии боздидро ба муҳлати як ҳафта интихоб мекунанд.

Рейтинги мазкур дар натиҷаи таҳлили маъруфияти шаҳрҳои ИДМ миёни сайёҳон дар тирамоҳи соли 2019 тартиб дода шудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.