Пулчинаки мусофиркашони №2 барои таҳқири духтари 16-сола ва кондуктори хатсайри №42 барои мастию дағалӣ ҳабс шуданд.

Як ҷавонзани сокини пойтахт бо нашри муроҷиат дар Facebook аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост кардааст, ки нисбат ба кирдорҳои дағалонаи пулчинаки мусофиркашони хатсайри №2, автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер”, аломати қайди давлатиаш 5553 ТТ 05 чораҳои қонунӣ андешида шавад. Пулчинак аз баргадонидани 3 сомонӣ бақияи маблағи роҳкирои духтари 16-солаи ӯ саркашӣ карда, ноболиғро дашном додаву суханҳои қабеҳ гуфтааст ва шаъну шарафашро паст задааст.

Скриншот аз Facebook

Кирдорҳои номатлуби ин нафари ба истилоҳ “кондуктор” мавриди вокунишу интиқоди шадиди корбарони шабакаи иҷтимоӣ қарор гирифта, мардум аз милитсия дархост карданд, ки ин масъала мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор дода шавад.

Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе зимни баррасии муроҷиати мазкур муайян карданд, ки пулчинаки автомашинаи мазкур шаҳрванд Назаров Наврӯз Ҷабборович, соли таваллудаш 22.03.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Ҷомӣ буда, тибқи баёноташ ҳақиқатан ҳам дар ҳолати асабоният нисбат ба мусофири нақлиёти ҷамъиятӣ – ҷавондухтари 16-сола беэҳтиромӣ зоҳир кардаву суханҳои қабеҳ гуфтааст.

Дар асоси далеҳои овардашуда нисбат ба Наврӯз Назаров бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.

Акс аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Ба навиштаи Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, гузоришҳо оид ба як қатор ҳолатҳои рафтори ғайриоинномавӣ, ҳаракатҳои майдаавбошона ва муносибати дағали ронандагону кормандони нақлиёти мусофиркашон бо мизоҷон пешниҳод шуда, ҷиҳати пешгирии он чорабинӣ ва амалиёти профилактикӣ роҳандозӣ мешаванд. Аммо ронандагон ва кондукторон зимни адои вазифаи ҷамъиятӣ ба дағалгуфторӣ роҳ дода, нисбат ба мусофирони нақлиёти ҷамъиятӣ беҳурматӣ зоҳир ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи онҳоро поймол месозанд.

Ҳамчунин як сокини пойтахт тариқи суроғаи электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе наворе ирсол кардааст, ки дар он муносибати дағалона ва кирдорҳои майдаавбошонаи боз як пулчинак нисбат ба мусофирон сабт шудааст. Ин сокини пойтахт аз мақомоти милитсия дархост кардааст, ки оид ба кирдорҳои зиддиҳуқуқии кондуктори маст тадбирҳои қонунӣ андешида шавад.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ пулчинаки автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер”, аломати қайди давлатиаш 9775ТТ01, ки дар хатсайри №42 фаъолият мекард, муайян шуда, ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе интиқол гардид. Ӯ шаҳрванд Танжихолов Улмасҷон Ҳамидович, соли таваллудаш 13.04.1988, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат буда, рӯзи 11-уми октябр ҳангоми ба ҳайси ёвари ронандаи хатсайри мазкур ва ба ҳайси пулчинак фаъолият карданаш, дар ҳолати сархушӣ қарор дошт.

Акс ва скриншотҳои видео аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Номбурда ба таври дағалона ба якчанд мусофирон, ки аксари онҳо занон буданд, дарафтодаву нисбат ба онҳо суханҳои қабеҳ гуфта, шаъну шарафи шаҳврандонро паст задааст.

Акс аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ва зиддиҳуқуқии Улмасҷон Танжихолов аз рӯйи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ӯ бо Қарори Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба муҳлати 6 шабонарӯз ҳабс шудааст.

Акс аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.