Имрӯз, 5-уми ноябр дар бинои меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-127 сӯхтор ба амал омад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ иттилоъ доданд.
“Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест. Ҳамаи мошинҳои оташнишонӣ, ки мо дорем, ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд. Кормандони мо дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд”, - гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки бунёди меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” ҳамасола аз пардохтҳои андоз ва гумрук озод карда мешавад.
Бунёди иншооти мазкур беш аз 13 сол инҷониб ҷараён дошта, тибқи нақша бояд соли 2020 ба истифода супорида шавад.
“Бовар дорам, ки то соли оянда сохтмони ин меҳмонхона пурра ба анҷом мерасад, - гуфта буд тобистони соли равон раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ Ҷамшед Аҳмадзода. - Бунёди бино пурра ҷамъбаст шудааст ва корҳои ороишӣ мондаанд”.
Машғули сохтмони ин меҳмонхона ширкати холдингии “Исмоили Сомонӣ – асри 21” буда, фармоишгари он Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ мебошад.
Маросими оғози бунёди ин меҳмонхонаи 15-уми марти соли 2006 баргузор шуд. Он замон буҷаи умумии сохтмон 30 миллион доллар ҳисоб карда шуд.
Иншооти мазкур дар хиёбони марказии пойтахт ҷойгир буда, масоҳати он 1,5 гектар аст. Интизор меравад, ки бинои меҳмонхона аз 350 ҳуҷра бо масоҳати умумии 20 ҳазор метри мураббаъ иборат хоҳад буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи обуҳаво барои 11 декабри соли 2024
Акнун соҳибони скутерҳо ҳам бояд рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ гиранд
“Пас аз мову ту ҳам олам чуноне буд, мемонад...” Ёде аз Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов
Меъёрҳои ҷойгиркуниии маълумот дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия тасдиқ шуд
Тоҷикистон бо манзараҳои беҳтарини табиӣ дар Осиё соҳиби ҷоиза гардид
“Ташнаи коргар”: Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Дар Исфара ва Хоруғ нерӯгоҳи барқи офтобӣ месозанд
Даъвати Хадамоти алоқа: Меҳмононро бо интернети суръаташ на кам аз 100 мбит/с таъмин кунед!
Қатъи фаъолияти маркази дилхушии “Париж” ва оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати роҳбараш
Барои ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Чӣ бояд кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста