Сокини шаҳри Душанбе Зафар Раҳимӣ шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”-ро бо мукофоти пулии 50000 сомонӣ ба даст овард.

Ӯ дар “Номинатсияи оҳангсоз” бо иштирокчиёни дигар вориди рақобат шуда буд.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, озмуни мазкур аз рӯйи 9 номинатсия ҷараён гирифт. 

Маросими ҷамъбасти он рӯзи 16-уми ноябр дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд. Ба ғолибони озмун диплом ва мукофотҳои пулӣ тақдим гардид.

Дар фарҷоми ин маросим галаконсерт бо иштироки ғолибони озмун дар сатҳи баланди ҳунарӣ доир шуда, аҳли толорро мафтуни истеъдоди иштирокчиёни озмун гардонид.

1/5

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.