Дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ майдончаи варзишӣ барои бозии футбол ба истифода дода шуд.

Тибқи иттилои саҳифаи фейсбукии МИМҲД-и ВМКБ, ин майдончаи варзишӣ бо ташаббуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сохта шудааст. Аз тарафи ӯ дар ин шаҳр 5 майдончаи варзишӣ бо тарҳи нави замонавӣ бунёд мегардад, ки инаш 3-юмин аст ва боз дутои дигар то баҳори соли 2020 сохта мешаванд.

Дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ширкат варзиданд.

1/3

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.