Коргардони театр, ҳунарпеша, оҳангсоз ва овозхони тоҷик Мирзоватан Миров рӯзи 8-уми декабр 70-сола шуд. Хабарнигори Asia-Plus барои мусоҳиба бо ин коргардон ба Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов рафта, ӯро машғули таҳияи намоишнома дарёфт. Бо соҳибҷашн атрофи мушкилоти театр, дарди коргардон, санохонии зиёиён ва масоили ҳалталаби фарҳангу ҳунар гуфтугӯйи ошкоро анҷом дод.

- Ҳоло саргарми омодасозии намоишномаи нав ҳастед. Ин чӣ намоишнома асту чӣ паёме дорад?

- Айни ҳол рӯйи намоишномаи “Зани оҳанин”-и дромнависи ӯзбек Шароф Бошбеков кор мекунам.

Имрӯз дар ҷомеаи мо хушунат нисбат ба зан, поймол кардани ҳуқуқи ӯ мавзӯи рақами як ба шумор меравад.

Мо – мардуми Осиёи Марказӣ, бахусус, Тоҷикистон ба хизмати зан-модар таваҷҷуҳи кам зоҳир мекунем. Падарон ҳама ба муҳоҷират мераванд ё аз оилаи худ ҷудо мегарданд, ки баъдан таълиму тарбияи фарзандон ба зиммаи модарон вогузор мешавад. Натанҳо тарбияи фарзандон, балки пухтупаз, тозагӣ ва корҳои рӯзгор ҳама бар дӯши зан аст.

Намоишномаи “Зани оҳанин” аз ин мушкилот мегӯяд. Вақте олими ҷавон “робот”-ро ихтироъ мекунад ва ӯро барои пахтачинӣ ба саҳро мебарад, ба гармии ҳаво тоб наоварда, об мешавад. Паёми намоишнома ба бинанда ҳамин аст, ки бояд ба қадри меҳнати зан-модар бирасем ва эҳтиромаш бикунем. Бо ин намоишнома гуфтан мехоҳам, ки зан-модари тоҷик аз оҳан низ сахтҷонтару пурқувваттар аст.

- “Зани оҳанин”-ро солҳои пеш борҳо намоиш додаанд. Зарурати такроран ба саҳна гузоштани онро дар чӣ мебинед? Оё навгоние ворид кардаед?

- Ҳар коргардон ҳадафу мақсад ва диди худро дорад. Сабаби аз нав ба саҳна гузоштани он мушкилоти имрӯза аст, ки дар даврони шӯравӣ низ ба чашм мерасид. Яъне занҳоро ба кори саҳроӣ ҷалб мекарданд. Дар намоиш натанҳо пахтаву пахтачинӣ, балки паҳлӯҳои дигари вазъи душвори занон нишон дода мешавад. Бовар дорам, ки ба тамошобин писанд меояд.

- Оё бовар доред, ки ин асар тамошобинро ба театр меорад?

- Як ё ду намоиш наметавонад диққати тамошобинро ба театр ҷалб намояд. Ҳар тамошобин дарди дил ва мушкили худро дорад, ки мехоҳад онро дар саҳнаи театрӣ бубинад. Барои тамошои намоиши мазкур ҳамон нафароне меоянд, ки мушкилоти ба ин монанд доранд.

- Барои ҷалби тамошобин ба театр чӣ кор бояд кард?

- Барои ҷалби тамошобин бояд корҳои зиёд дар ҳамдастӣ бо кормандони театр, вазорати фарҳанг ва ҳукумати кишвар анҷом дода шавад. Масалан, чанде пеш коргардони даъватӣ аз Ӯзбекистон, ки намоиши “Тарма”-ро ба саҳна гузошт, баробари дидани чароғҳои театри мо дар ҳайрат афтод ва пурсид: “Шумо чӣ гуна то ҳол бо инҳо фаъолият мекунед, дар ҳоле ки чароғҳои муосир баромадааст?”

Баъд аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мушкилоти зиёд буданд, ки бояд аввал онҳоро бартараф мекардем. Имрӯз вақти он расидааст, ки ба фарҳанг таваҷҷуҳи бештар зоҳир бикунем.

Театрҳо аз набудани рассом, дӯзанда, равшанидиҳанда танқисӣ мекашанд. Агар саҳнаи театр замонавӣ набошад, ҳусни намоиш коста мешавад. Вақте ҳусни намоиш коста гардид, тамошобин аз театр баромада меравад ва дигар барнамегардад. Бинанда бояд то дохили толор шудан, вориди дунёи театрӣ гардад. Дар Амрико, Аврупо, Чин, Русия ва дигар кишварҳо нархи чипта аз 100 доллар шурӯъ мешавад то 1500 доллар. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, тамошобинон барои дидани намоишнома навбат мепоянд.

Дар баробари ин, бояд маоши кормандони театрро низ боло бардорем, 700 ё 800 сомонии онҳо мегирифта барои зиндагии худашон намерасад, ҳоло оилаашон як тараф. Ин дар ҳолест, ки ҳамсоякишварҳои мо барои ҳунарпешаи театр 400-500 доллар маош медиҳанд. Агар мо хоҳем, ки наслҳои баъдии мо фарҳангӣ шаванд, на авбошу дузд, бояд соҳаи фарҳангро рушд диҳем, то онҳо ботарбия ба камол расанд.
Акс аз бойгонии Мирзоватан Миров

- Ба театр наомадани тамошобин омилҳои иқтисодӣ низ дорад?

- Албатта! Заиф будани иқтисодиёт ва бад будани сатҳи зиндагӣ инсонро ба ҳама роҳ мебарад. Яке даст ба дуздӣ мезанад, дигаре ба фоҳишагӣ ва монанди ин амалҳои номатлуб. Ҳамаи инро наметавон аз байн бурд, аммо 70-80 дарсади ин гуна омилҳо ба камбудии иқтисодӣ марбут аст. Театр омадан ва кам будани тамошобин ҳам ба иқтисодиёт вобаста аст.

Вақте одам рӯзи дароз барои хӯрондану пӯшондани оилааш меҳнат мекунад, хаставу афгор аз кор бармегардад, куҷо хуши театр рафтан дар ӯ пайдо мешавад? Дар замонҳои қадим театр барои ҳамагон набуд, он танҳо хоси ашрофзодаҳо буд. Дар замони шӯравӣ театрро ба саҳро бурданд ва ба колхозчиён намоиш доданд, ки он ҳама хубии худро аз даст дод. Вақте бидуни ороиши саҳна ва чароғҳо дар саҳрову кӯча намоиш гузорӣ, таъсирнокии он коста мешавад.
Акс аз бойгонии Мирзоватан Миров

- Имрӯз Шумо метавонед, намоиши дилхоҳи худро ба саҳна гузоред? Яъне озод ҳастед?

- Коргардон дар Тоҷикистон на ҳама вақт метавонад хостаи худашро амалӣ намояд. Ба ҳар ҳол ҷое сензура эҳсос мешавад. Шояд ин барои як давра зарур бошад. Ростӣ, ин суол як баҳси тӯлониро мехоҳад. Коргардон бояд комилан озод бошад ва тавонад 50-100 соли ояндаро пешгӯйӣ бикунад, ки дар пеш моро чӣ интизор аст.

Аз таҷрибаи худ мегӯям: намоишномае доштам таҳти унвони “Нури маърифат”, ки он аввал “Поёни шаби сиёҳ сафед аст” ном дошт. Дар назар доштам, ки рӯзҳои бад паси сар шуданд, акнун рӯзҳои нек дар пешанду мо рушд мекунем. Дар намоиш ашъори хуби 17-18 шоиру орифи классик ва муосири тоҷик истифода шуд, аз ҷумла, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Сайидои Насафӣ, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарон. Ба ҳамаи шеърҳо оҳанг бастем, намоиши хеле зебо рӯйи саҳна омада буд. Он барои ман аз байни ҳамаи намоишҳои ба саҳна гузоштаам бештар писанд аст. Дарди имрӯзаи мардумро ифода мекард, масъалаҳои худшиносиро фаро мегирифт. Роҳбарони собиқи вазорати фарҳанг омада, номи намоишро дигар карданд ва муҳтавои онро чанд маротиба тағйир доданд. Ба саҳна гузоштани намоишномаро хаттӣ манъ накарданд, аммо... Дар намоишнома шеърҳои сахт низ истифода шуданд, ба монанди шеъри “Амон аз ману ту”-и Лоиқ Шералӣ:

Баски фарҳанг надорем, амон аз ману ту!
Фарраву нанг надорем, амон аз ману ту!

Ҳайронам, ин шеър дар китоб чоп шудааст, аллакай ҳама хонданд, барои чӣ дар саҳна хондани он мумкин набудааст? Шоир ташхиси хуб кардааст.

Магар ҷанги шаҳрвандӣ беномусӣ набуд? Дар кӯчаву хиёбонҳо гуфта метавонем, ки мо бофарҳангем? Не! Мардум аз бефарҳангии ҷавонон ва ҳақоратҳои онҳо ба дод омадаанд. Захми худамонро бояд худамон табобат намоем. Бо таърифу тавсиф ва саҳнаҳои хандаовару сурудҳои пасту бемазмун наметавон пеш рафт. Танҳо ҳамон вақт пеш меравем, ки ҳақиқатро бигӯем ва онро қабул кунем. Мо имрӯз шоирон ва нависандагони ҳақгӯ надорем, ҳама хомӯшанд. Мехоҳанд худро нағз нишон диҳанд. Мадҳу сано оқибати хуб надорад, бояд инро дарк намоем.
Акс аз бойгонии Мирзоватан Миров

- Шумо ба нафақа баромадаед. Аз таҷрибаи худ бигӯед, оё дар Тоҷикистон зиёиён қадр мешаванд?

- Ман Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакӣ мебошам.

Рӯзи ба нафақа баромаданам аз Вазорати фарҳанг ва Ҳукумати кишвар нафаре наомад, то барои хизматҳои анҷомдодаам ташаккур бигӯяд, ҳатто як дона гул низ равон накарданд. Ин таҳқири рӯйирост буд аз ҷониби Вазорати фарҳанг. Дар кишвар ҳамон нафаре қадр мешавад, ки ба ягон калоншавандаи боло вобастагӣ ё алоқаи хуб дошта бошад. Магар ҳамин фарҳангдорӣ аст? Шумо ба мукофотҳои худатон дода ҳамин тавр муносибат мекунед? Агар мо дар дигар ҷой мебудем, рӯйи даст мегардониданд. Вале мо танҳо таҳқир дидем, аз кор рондаву боз барқарор шудем ва монанди инҳо.

- Намоишномаҳои Шумо дар фестивал-озмуни “Парасту”-и замони шӯравӣ ва истиқлол соҳиби шоҳҷоиза гардидаанд. Чӣ фарқе миёни фестивал-озмунҳои солҳои 80-и садаи гузашта ва замони соҳибистиқлолӣ мебинед?

- Тафовут хеле зиёд аст. “Парасту”-и то замони шӯравӣ ба худ валвала ва шӯру ҳангомаи аҷоиб дошт. Тамоми театрҳоро зинда карда буд. Ҳама мехостанд, ки дар ин фестивал иштирок намоянд. Инчунин тамошобин хеле зиёд буд, толорҳо пур мешуданд. Зиёиён низ бо шавқ иштирок мекарданд. Мунаққидони театрӣ мақолаҳои зиёд ба нашр мерасониданд. Тоҷикистонро дар он замон як арбоби театри рус “Маккаи театрӣ” номида буд. Баъд аз солҳои ҷанг фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Парасту” хеле заиф шуд. Театрҳои вилоятиву музофотӣ кам меомаданд. Агар оянд ҳам, баромад мекарданду ба хонаҳои худ бармегашданд. Аз намоишҳои омодакардаи ҳамкасбони худ наметавонистанд баҳра бардоранд. Дар фестивали ҳамсоякишварҳои мо Қирғизистону Ӯзбекистон ҷоиза барои нақши эпизодӣ, “Беҳтарин драматург”, “Беҳтарин коргардон” аз 2000 то 3000 доллар бошад, дар мо Шоҳҷоизаи фестивал-озмуни “Парасту” 1500 сомонӣ мебошад.

- Сабаб чист, ки дар театрҳои Тоҷикистон мушкилоти имрӯзаи мардум инъикос намешавад?

- Ман 7-10 сол инҷониб дар ҳамин андеша ҳастам. Яке аз роҳҳои ҷалби тамошобин ба театр низ ҳамин аст. Намоише бошад, ки дарди дили ҷомеаро бигӯяд. Ман барои навиштани намоишнома ба ду драматург муроҷиат кардам, дар мисоли мавзӯи доғи имрӯза, мушкилоти оилавӣ. Бубинед, дар як моҳ зиёда аз 1000 хонавода вайрон мешавад. Гуфтам: “Дар ин мавзӯъ пйеса нависед”. Гуфтанд: “Наметавонем”. Барои он ки коргардон намоиши хубро ба саҳна гузорад, ба пйесаи хуб эҳтиёҷ дорад.

- Сухани ногуфтае доред барои гуфтан?

- Ман бе дарди миллат зистан ва ба ин дардҳо бетафовут будан наметавонам. Дар китобҳо мегӯянд: “Нафаре, ки танҳо ғами худашро мехӯрад, ҳайвон аст. Нафаре, ки ғами дигаронро низ мехӯрад, инсон аст”. Ман намехоҳам, ҳайвон бошам. Дардҳоро дар намоишнома ва суруду оҳангҳоям ифода мекунам.

Маълумотнома

Мирзоватан Миров 8-уми декабри соли 1949 дар деҳаи Кунгураи собиқ ноҳияи Дашти Ҷам ба дунё омадааст. Соли 1965 омӯзишгоҳи мадании ноҳияи Рӯдакӣ ва соли 1972 факултаи актёрии Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро бо баҳои аъло хатм кардааст. Солҳои 1972-1979 саркоргардони Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб, солҳои 1979-1981 донишҷӯйи курси олии коргардонии шаҳри Маскав ва аз соли 1981 то 1992 роҳбари бадеии театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб буд. Солҳои 1992-1995 коргардони театри академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва аз соли 1995 то 1999 ҳамчун роҳбари бадеии ҳамин театр фаъолият кардааст.

Аз соли 1999 то 2001 сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги ҶТ, солҳои 2002-2012 раиси Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон, ҳамзамон саркоргардони театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов буд. Ду соли баъд дар театри миллӣ, телевизиони миллӣ ва Донишгоҳи ба номи Бурҳониддин Раббонӣ дар Афғонистон ба ҳайси устоди коргардонӣ ва ҳунари актёрӣ сабақ додааст.

Соли 1989 барои офаридани драммаи манзуми мусиқии “Фишор”-и Сафармуҳаммад Айюбӣ дар Фестивал-озмуни театрҳои ҷумҳурӣ “Парасту” соҳиби шоҳҷоиза шудааст. Соли 1995 барои таҳияи фоҷиаи Вилям Шекспир “Ромео ва Ҷулйета” ба ҷоизаи “Режиссёри беҳтарин” сазовор гардид. Соли 2001 бо намоиши мусиқӣ-фолклории “Тӯй ё ишқи духтари ҳамсоя” дар Сеюмин озмуни ҷаҳонии театрҳо дар Маскав ширкат варзида, баҳои баланди бинандагон ва мунаққидони байнулмилалиро мушарраф шуд. Соли 2003 бо спектакли мусиқӣ-фолклории “Рақси Нодира” дар Ҷашнвораи байнулмилалии театрҳо ба номи А.П.Чехов дар Маскав ширкат варзидааст. Солҳои 2005-2012 спектаклҳои “Тарс”-и Нур Табаров ва “Фирдавсӣ”-и Меҳмон Бахтиро дар Афғонистон таҳия кардааст.

Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1987), Ҳунарманди халқии Тоҷикистон (1998). Соли 2010 барои таҳияи спектакли “Чашмони бародарони қиёматӣ”-и Нур Табаров сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шудааст.

Акс аз бойгонии Мирзоватан Миров

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.