Нахустнамоиши “Макбет”-и театри “Аҳорун” дар таҳияи Фирдавси Қосим 25-уми январ, соати 16:00 доир мегардад.

Роҳбари бадеии театри “Аҳорун” Сабоҳат Қосимова ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки намоиши “Макбет”-и Уилям Шекспир аз аз рӯйи назми “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ таҳия шудааст ва туҳфаи арзанда барои тамошобинон мебошад.

“Бори аввал аст, ки ин намоишнома дар театри “Аҳорун” ва дар Тоҷикистон ба саҳна гузошта мешавад. Ҳунармандони ҷавон дар баробари нақш офаридан суруд низ месароянд, ки ин кори саҳлу осон нест. Фирдавсӣ на кам аз дигар адибони дунёст ва меарзад, дар асоси “Шоҳнома”-и безаволи ӯ, ки пур аз панду андарз аст, намоишнома дуруст карда, ба тамошобин пешниҳод созем”, - иброз дошт Сабоҳат Қосимова.

Ба гуфтаи ӯ, “Макбет” бо дастгирии ҳунармандони ҷавони театр ба саҳна гузошта шудааст.

“Бовари комил дорам, коршиносони соҳа, ки ҳунарро хуб мефаҳманд, меҳнати онҳоро қадр мекунанд. Ин ҳунармандони ҷавон аз субҳ то шом болои ин намоиш кор карданд ва заҳмат кашиданд. Ҳарчанд ин ҷавонон овозхон нестанд, аммо дар намоиш суруд мехонанд ва аз уҳдааш ба хубӣ мебароянд. Намоиш хеле рангин ва сухани нав аст, ки метавонад бинандаро ба худ ҷалб созад”, - афзуд роҳбари бадеии театри “Аҳорун”.

Коргардон ва таҳиягари “Макбет” Фирдавси Қосим ва ёрдамчии коргардон Ҳумайнӣ Сайидзода мебошанд. Дар он Музаффар Шарифӣ, Басгул Сабурова, Мунира Қосимова, Назрулло Абдуллоев, Кароматулло Аскарзода, Маҳмуд Ганҷов, Бахтовар Хоҷамуродов, Хайём Самадов, Фарҳод Холҷонов, Муҳаммадиқбол Раҷабов ва ҳунармандони дигар нақш меофаранд.


Дар як сол 4 намоиш

Театри “Аҳорун” ҳар сол 4 намоиш рӯйи саҳна меорад, ки дутоӣ барои калонсолону кӯдакон аст. Ду намоши сербинандаи онҳо “Шоҳзодаи хурд” ва “Чароғи Аловуддин” будааст, ки таҳиягарону ҳунармандон онро дар сатҳи баланди касбӣ рӯйи саҳна оварданд. Соли равон ин театр 2 намоишномаи кӯдаконаро таҳия мекунад. Ҳайати эҷодӣ инчунин тасмим гирифтааст, ки барои кӯдакони маъюб намоиши тарбиявӣ омода созад.

“Мо кӯшиш мекунем, ки намоишҳои театр хусусияти тарбиявию ахлоқӣ доштаву ба завқи наврасону кӯдакон ва ҷавонону калонсолон мувофиқ бошанд. Ман хеле шод мешавам, вақте ҳунармандони театрҳои тоҷик чизи нав меофаранд. Мо саъй меварзем, ки барои беҳтар кардани маънавияти бинандагон намоишҳои хубу ҷолиб дуруст кунем, ки зақашонро боло бардошта, онҳоро бо бузургтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳон ошно созем”, - илова кард хонум Сабоҳат.
1/3

Ҷоиза ва сафарҳои ҳунарӣ

Театри “Аҳорун” соҳиби чандин ҷоизаҳост. Аз ҷумла, соли гузашта бо намоишномаи “Ватандорӣ” дар озмуни ҷумҳуриявии “Парасту” ширкат варзида, сазовори 2 ҷоиза гардид: яке барои нақши беҳтарини мард (Фирдавс Қосим) ва дигаре барои мусиқии намоиши мазкур.

“Ба хориҷ аз кишвар сафарҳои ҳунарӣ накарда бошем ҳам, дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон намошномаҳои худро ба саҳна гузоштаем”, - мегӯяд роҳбари бадеӣ.

30 соли фаъолияти “Аҳорун”

Ин театри овозадор 1-уми январи соли 1990 таъсис шудааст. Дар оғоз чун студия ба вуҷуд омада, роҳбари бадеии он ҳунарпеша ва коргардони шинохта Фаррухи Қосим буд. “Аҳорун” аз аввал бо навҷӯйӣ ва навоварӣ ба фаъолият пардохта, ҳамчун театри коргардонӣ машҳур шуд. Нахустин намоиши он “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон” аз рӯйи ашъори Ҷалолуддини Балхӣ, Шайх Аттор, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ соли 1991 дар толори Иттифоқи нависандагон рӯйи саҳна омадааст.

Ба гуфтаи Сабоҳат Қосимова, ин намоишномаро ҳунармандони театр тӯли як сол тамрин карда, баъдан пешкаши бинандагон намуданд. Вай афзуд, бо ин намоиш дар Тоҷикистон сабки нави театрӣ тавлид шуд, ки ҳунармандон нақши худро бо ритму шеър иҷро мекарданд.


“Ман дар театри Абулқосим Лоҳутӣ 18 сол собиқаи корӣ доштам ва дар нақшҳои зиёд бозӣ кардам, аммо дар ин намоиш худро ҳамчун як мактабхон ҳис кардам. Яъне шеърҳоро аз ёд кардаву дар зиндагӣ аз рӯйи онҳо амал менамудам. Чун бояд ин нақш самимӣ иҷро мешуд, то тамошобин онро эҳсос бикунад”, - мегӯяд Сабоҳат Қосимова.

Кори театр шухӣ нест...

“Кори ҳунармандон дар театр хеле душвору нозук аст. Бе як ҳунарманд аллакай тамрин номумкин аст. Вале дар баробари душвор буданаш хеле ҷолиб аст, ки дар чаҳор девор коргардон дунёи зебо месозад ва пешкаши тамошобин мекунад. Кори театр шухӣ нест ва ҳунарманд тамоми вуҷуди худро ба саҳна мебахшад ва зиндагӣ мекунад”, - гуфт Сабоҳат Қосимова.
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов “Аҳорун” аз 79 корманд иборат аст. Аксари онҳоро ҳунармандони ҷавон ташкил медиҳанд. Айни замон ин театр аз ҷониби Ҳукумати шаҳри Душанбе маблағгузорӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.