Аз чопи шумораи аввалини "Азия-Плюс", яке аз нашрияҳои бонуфуз дар Тоҷикистон, 20 сол гузашт. Умед Бобохонов, муассис ва сардабири нашрия гуфт, дар ин муддат тавонистанд хонандаи худро пайдо карда, ба яке аз ҳафтаномаҳои беҳтарин табдил ёбанд. Аммо, ба қавли ӯ, солҳои ахир фазои корӣ барои онҳо ва расонаҳои дигари мустақил дар Тоҷикистон тангтар ва доираи "хатти сурх" маҳдудтар шудааст.

Суҳбати хабарнигорони Радиои Озодӣ бо Умед Бобохонов рӯзи 22-юми январ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дар аввал аз Бобохонов пурсидем, ки аз маҳсули кори худ дар ин муддат то куҷо розист?

Умед Бобохонов: "Дар умум, бисёр ифтихор мекунем, ки ин гуна рӯзномаро нашр мекунем. Шумораи аввали ҳафтанома бо мушкил рӯйи чоп омад. Он вақт таҷриба надоштем. Ҳафтанома ба ҷойи он ки дар аввали моҳи январи соли 2000-ум чоп шавад, се ҳафта дертар ба нашр расид. Тоҷикон як мақол доранд: "дер ояду шер ояд" ва ин чиз дар мисоли мо амалӣ гашт. Нашрияи мо дар муддати кӯтоҳ хонандаи худро пайдо кард ва яке аз беҳтарин ҳафтаномаҳои русзабони Тоҷикистон шуд ва ҳанӯз ҳаст".

Яке аз шумораҳои нашрияи "Азия-Плюс"

Радиои Озодӣ: Вале онҳое, ки мақолаҳои нашрияро пайгирӣ мекунанд, мегӯянд, "Азия-Плюс" дар солҳои охир аз чопи матолиби танқидиву сиёсӣ то ҷое канор меравад ва бештар бо нашри хабарҳо иктифо мекунад. Бо ин интиқодҳо розӣ ҳастед?

Умед Бобохонов: "На фақат "Азия-Плюс", балки расонаҳои дигар низ дар баррасии мавзӯъҳо иваз шуданд. Чун вазъият дигар шуд, вазъияти сиёсӣ дигар шуд. Он чизе, ки мо метавонистем дар нимаи солҳои 2000-ум бигӯем, ҳозир гуфтанаш мушкил аст. Агар гӯед, метавонед бо мушкилот рӯ ба рӯ шавед. Фикр мекунам, дар ин давра баъзе мавзуъҳое ҳастанд, ки мо бояд худдорӣ кунем ё хеле боэҳтиёт бошем".

Видеои суҳбатро дар ин ҷо бинед:

Радиои Озодӣ: Яъне ба ин бовар ҳастед, ки барои "Азия-Плюс" ва расонаҳои дигари мустақил дар Тоҷикистон "хатти сурх" вуҷуд дорад?

Умед Бобохонов: "Ин хат пеш ҳам вуҷуд дошт, аммо боз маҳдудтар шуд. Ин воқеият аст. Мутаассифона, ин воқеиятро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари минтақа ва дунё мебинем. Умед дорам, ин марҳила ҳам рӯзе тамом мешавад ва фазое, ки журналистони тоҷик кор мекунанд, васеътар мешавад".

Радиои Озодӣ: Охирҳои соли 2019 овозаҳои мухталифе шунидем, ки гӯё медиа-ҳолдинги "Азия-Плюс"-ро фурӯхтед ва нархаш ҳам 1 миллион доллар будааст ва бо ҳамин сабаб ҳам бархе аз кормандон аз кор рафтаанд? Ин гапҳо то куҷо ҳақиқат дорад?

Умед Бобохонов: "Ягон кас аз рӯйи ин хабарҳо аз кор нарафтааст. Аз аввал намедонам, кӣ ин овозаро баровардааст. Ин дурӯғ буд ва ягон асос надошт. Шояд ба хотири он ки фарзандони ман берун аз Тоҷикистон таҳсил мекарданд ва худи ман ҳам бо оилаам берун аз Тоҷикистон будам. Шояд сабаби пайдо шудани ин овозаҳо дар ин буд, ки камтар дар дафтари кории худам будам. Ин чиз асос надорад, мо ҳамин ҷо кор мекунем ва барои оянда нақшаву умедҳои зиёд дорем".

Радиои Озодӣ: Шумо шахсан аз кор дар Тоҷикистон дилсард нашудед ва кишварро тарк карданӣ нестед?

Умед Бобохонов: "Ба ҳамон дилсардие, ки мегӯед, хусусан қишри зиёӣ ва аҳли эҷод рӯбарӯ мешаванд. Ман ҳам 10-12 сол пеш инро ҳис кардам. Шояд ин сабаб буд, ки вақте писаронам барои таҳсил ба хориҷа рафтанд, гуфтам, биё як муддате берун аз Тоҷикистон бошам ва каме аз кори ҳамарӯза дуртар шавам. Аммо чанд вақт гузашт, фикр кардам, ки ватан ватан аст. Дар инҷо сарфи назар аз он ки чӣ мушкилоте ҳаст, худамро роҳаттар ҳис мекунам".

"Фазо барои кори расонаҳои мустақил созгор нест"

Радиои Озодӣ: Дар бист соли охир нашрияҳои зиёди пештози сиёсӣ ё аз бозор рафтанд, ё маҷбур шуданд, ки баста шаванд. Журналистони зиёде ҳам тарки Тоҷикистон карданд. То куҷо фазои сиёсиву ҷамъиятӣ барои кори шумо созгор аст?

Умед Бобохонов: "Фазо созгор нест. Ин яке аз сабабҳое шуд, ки баъзе рӯзномаҳо баста шуданд ва як қисми журналистон рафтанд. Сабаби дигар ин мушкилоти иқтисодӣ буд. Яъне на ҳар як рӯзнома ё расона метавонад дар ин шароит фаъолият кунад, чун бозори таблиғотии Тоҷикистон хеле заиф аст. Маблағе, ки расона ба воситаи реклама гирифта метавонад, хеле маҳдуд аст. Агар пул набошад, расона маҷбур аст, ки фаъолияташро қатъ кунад. Барои ҳамин вазъият, чӣ хеле ки гуфтам, душвориҳои ҳам сиёсӣ, ҳам иқтисодӣ дошт. Дар чанд соли ахир навъи сеюми мушкил пайдо шуд – мушкили технологӣ. Мо мебинем, ки хонандаи рӯзнома ё шунавандаи радио ба Интернет мегузарад ва Интенерт барои ҷавонон сарчашмаи асосии гирифтани хабар мешавад. Ин проблема аст ва мо бояд роҳи ҳаллашро ёбем. Яъне чӣ кор кунем, хонандаеро, ки ба Интернет рафт, ба рӯзнома баргардонем ё чӣ хел рӯзномаро ба шароити нав мутобиқ кунем. Мушкилот бисёр ва он мушкилотеро, ки ҳалли он аз дасти мо меояд, бояд бартараф кунем".

"Журналист дар Тоҷикистон монад ё аз берун танқид кунад?"

Радиои Озодӣ: Соли гузашта сомонаи оҷонсии "Азия-Плюс" на ин ки дастнорас, балки аз кор монд. Ин чиз то куҷо ба кори медиа ҳолдинг ё гурӯҳи расонаҳои Шумо таъсир гузошт?

Умед Бобохонов: "Аз охири моҳи ноябри соли 2018 дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории "Азия-Плюс" маҳдуд шуд. Аммо бо филтиршикан ё ВПН боз кардани сомонаи мо имкон дошт. Бисёре аз хонандаҳои мо ёд гирифтанд, ки чӣ хел ба сомонаи мо дастрасӣ пайдо кунанд, аммо тобистони соли гузашта сомонаи мо тамоман аз кор монд ва ин як муаммоест мисли детектив. Кӣ ин корро кард? Ба ҳар ҳол, мо медонем, ки як сохтори давлатӣ аст, ки бо тамоми доменҳо дар зонаи tj масъул аст ва бояд онро назорат кунад. Мо ба онҳо расман мактуб навиштем, аммо то ҳозир ҷавоб нагирифтем. Рӯзҳо ва ҳафтаҳои аввал бисёр душвор буд. Чун аксари хонандаҳо домени нави моро намедонистанд ва барои ҳамин шумори хонандаҳои сомона хеле кам шуда буд. Аммо ҳоло дар давоми 3-4 моҳ вақте хонандаҳо суроғаи нави сомонаи моро пайдо карданд, боз шумораи аудитория бештар шуд".

Лаҳзае аз суҳбат бо Умед Бобохонов. 22-юми январи соли 2020

Радиои Озодӣ: Дар бораи монеаҳо суҳбат кардем. Дар шароите, ки чунин монеаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ахиран монеаҳои техникӣ вуҷуд дорад, чӣ гуна метавон кори худро дуруст ва ҳамаҷониба иҷро кард?

Умед Бобохонов: "Агар гӯем, ки ҳамаҷониба ин душвор ва шояд ғайриимкон аст. Барои ҳамин ҳар як расона ё журналист худаш интихоби худро кунад. Дар ин ҷо истода кор кунад ва мушкилоте, ки дар ин ҷо ҳаст, то ҳадди имкон баррасӣ кунад? Ё ин ки гӯяд, не ман мехоҳам дар бораи тамоми мушкилот нависам, дар ин ҷо барои ман имкон надорад ва барои ҳамин ман ҷумҳуриро тарк мекунам. Агар дар ин ҷо истода, кор карданӣ бошед, хеле проблемаҳои зиёде ҳастанд, ки метавонед онҳоро инъикос ва ба мардум кумак кунед. Мо ин роҳро интихоб кардем ва фикр мекунам, ки қобили таҳсин аст".

Ҳолномаи Умед Бобохонов

Умед Бобохонов 29-уми ноябри соли 1962 дар Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1985 шуъбаи забони арабии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1987-1989 хабарнигори рӯзномаи “Комсомолец Таджикистана” ва баъд аз он ду сол муҳаққиқи Институти таҳқиқоти сиёсии Тоҷикистон буд. Бобохонов соли 1991 дубора ба кори рӯзноманигорӣ баргашта, то соли 1995 хабарнигори махсуси "Комсомолская правда" дар Тоҷикистон буд. Ҳамзамон Умед Бобохонов аз соли 1994 то 2001 мухбири хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" дар Тоҷикистон буд. Бобохонов соли 1995 хабаргузории "Азия-Плюс"-ро таъсис дод. Ба думболи таъсиси хабаргузорӣ, Умед Бобохонов соли 2000 бо номи "Азия-Плюс" ҳафтанома ва соли 2002 радио таъсис додааст. Умед Бобохонов оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.