Вазъияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар Чин ҳастанд, чӣ гуна аст? Дар ин бора хабарнигори Asia-Plus бо мушовири сафорати Тоҷикистон дар Чин Шуҳрат Собирзода мусоҳиба кард.

- Имрӯзҳо шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ тавр аз Чин баромада метавонанд?

- То ҷое мо маълумот дорем, маҳдудияте барои рафту омад ба дигар шаҳру ноҳияҳои Чин вуҷуд надорад. Шаҳрвандон бе мушкилӣ метавонанд Чинро тарк кунанд. Нафароне, ки чипта доранд, ба Ватан баргашта истодаанд. Шаҳрвандоне, ки ба мушкилӣ дучор омадаанд, муроҷиат кунанд, кумак мерасонем.

- Шаҳрвандони мо чӣ гуна бо шумо тамос гирифта метавонанд?

- Мо ба ҳама шаҳрвандонамон, ки дар Чин, хусусан, дар шаҳри Ухан ҳастанд, рӯзи 22 ва 23-юми январ муроҷиатнома равон кардем. Аз шаҳрвандон, ки асосан донишҷӯён мебошанд, хоҳиш кардем, то ба таҳлука дода нашаванд. Мо дар муроҷиатнома рақамҳои телефони кории сафорати Тоҷикистон дар Чин ва шумораҳои шахсиамонро додем. Шаҳрвандон аз ҳама манотиқи Чин метавонанд муроҷиат кунанд. Мо вобаста ба муроҷиати онҳо чора меандешем. Касе ба мо муроҷиат кунад, мо кумак карда истодаем. Мо 24 соат омодаем, ки зангҳои шаҳрвандонамонро қабул кунем.

Шаҳрвандон метавонанд, дар ҳолатҳои фавқулодда ба мақомоти маҳаллӣ ва мустақиман ба масъулони Сафорати Тоҷикистон дар Чин муроҷиат кунанд: Суҳроб Қодиров (+86 18511786686); Амриддин Носиров (+86 18514270747) ва Фаромуз Муҳаммадиев (+86 13522787975). Нишонии Сафорати Тоҷикистон дар Чин: No. 1-4, Section A, Liangmaqiao Diplomatic Compound, Beijing 100600, P.R.C.; tel.: (8610) 65322598, fax: (8610) 65323039; e-mail: [email protected]

- Айни замон чанд нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Чин ҳастанд?

- Донишҷӯёни мо асосан аз рӯйи бурсия ва қисми зиёдашон шартномавӣ таҳсил карда истодаанд.

Аз рӯйи маълумоти мо тақрибан 3500 нафар донишҷӯ дар Чин таҳсил мекунанд. Ба мо асосан донишҷӯён муроҷиат карда истодаанд. То ҳол аз ҷониби шаҳрвандони дигар муроҷиат нагирифтаем. Шаҳрвандони дигари мо бо мақсади тиҷорат ба шаҳрҳои Урумчӣ, Гуанҷоу, Иву меоянду мераванд. Ба дигар шаҳрҳои Чин низ бо мақсади тиҷорат ё барои иштирок ба чорабиниву маҷлисҳои расмӣ омада мераванд. Он шаҳрвандон то ҳол “ба мушкиле гирифтор шудем” гуфта, муроҷиат накардаанд.

- Сафорат барои берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳри Ухан чӣ корҳоро анҷом дод?

- Айни ҳол даромаду баромад ба шаҳри Ухан иҷозат дода намешавад. Дар Чин алоқаҳои байнишаҳрӣ низ бо мақсади корҳои профилактикӣ ва пешгирии паҳншавии вирус маҳдуд карда шудааст. Масъалаи баровардани шаҳрвандонро аз шаҳри Ухан ҳукуматдорони Чин тавсия намедиҳанд. Мо бо ҳукуматдорони Чин дар алоқаем, дар бораи тоҷикон низ ҳамкорӣ дорем. Ба онҳо ниқоб, хӯрокворӣ ва дигар чизҳои лозимаро дода истодаанд. Шаҳрвандон аз нарасидани ин ё он чиз ба мо муроҷиат кунанд, ба ҷониби Чин гуфта истодаем, то мусоидат кунанд. Айни ҳол шумори муроҷиаткардагон аз шаҳри Ухан ба 50 нафар расид.

- Оё ягон кишвари ҷаҳон шаҳрвандонашро аз Ухан баровард?

- Ҷониби Чин барои баровардани шаҳрвандон (аз Ухан - шарҳи “АП”) тавсия намедиҳад. Мегӯянд, ки карантин ҷорӣ карда шудааст, бояд қоидаҳои он риоя шаванд. Давлатҳое, ки барои баровардани шаҳрвандони худ исрор доранд, ҷониби Чин огоҳ карда истодааст, ки барои паҳн шудани вирус дар кишварашон ё ҷойи дигар ҷавобгарӣ ба зиммаи худи онҳо хоҳад буд. Шаҳрвандон танҳо бо риояи қоидаҳои умумии байнулмилалӣ ва талаботи қонуну қоидаҳои дохилии Чин аз шаҳри Ухан бароварда мешаванд.

- Тоҷикистон низ барои баровардони шаҳрвандонаш исрор дорад?

- То ҳол ягон кишвар шаҳрвандонашро набаровардааст. Ин масъаларо айни ҳол сафорат баррасӣ накарда истодааст. Мо бо сафоратҳои дигар кишварҳо, бо Вазорати корҳои хориҷии Чин ва кишвари худамон дар алоқаем.

- Замони муроҷиати донишҷӯён тарси онҳо эҳсос мешавад?

- Ба телефон муайян кардан мушкил аст, ки онҳо тарс доранд ё не. Вақте онҳо занг мезананд, вазъияти онҳоро фаҳмида, ба муроҷиаташон ҷавоб медиҳем.

- Дар шаҳри Ухан намояндагии расмии Тоҷикистон ҳаст?

- Мо дар шаҳри Ухан намояндагии расмӣ ё муассисаи дипломатӣ надорем.

- Намояндаи расмии сафоратро ба Ухан фиристодед?

- Не. Аз сабаби он ки шаҳр барои корҳои профилактикиву пешгирӣ маҳкам аст, даромаду баромад иҷозат дода намешавад. Танҳо барои таъмини хӯрокворӣ ва гузаронидани лавозимоти якуми зарурӣ “долони сабз” кушодаанд. Духтурони зиёдро ба он шаҳр сафарбар кардаанд, инчунин артиши Чин ҳам ҷалб шудааст.

- Оё дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки алҳол дар Чин ҳастанд, ягон нафар гирифтори коронавируси 2019-nCoV шудааст?

- Аз рӯйи он маълумоте, ки мо дорем, аз ҳукумати Чин ва донишҷӯёни худамон низ пурсидем, ягон шаҳрванди Тоҷикистон бемор нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.