Сохтори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ такмил мехоҳад ва дар ин самт тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд меояд, изҳор дошт имрӯз, 5-уми феврал дар нишасти матбуотӣ раиси нави ин кумита Нуриддин Саид.

Номбурда афзуд: “Сохтори идорие, ки дар Кумита ҳаст, хуб аст, аммо такмил мехоҳад. Сохтор бояд ду сифат дошта бошад: якум, чандир бошад – дар забони русӣ “гибкость” мегӯянд. Дуюм, зудамал бошад – “оперативность” мегӯянд. Аз ҳамин шурӯъ кардем. Супориш шуд ва системаи техникӣ, бахусус, компютерҳоро бояд ба сабки ягона – “шрифт”-и ягона гузаронем, ки якдигарро хонда тавонанд”.

Ба қавли ӯ, соҳаи телевизион ва радио дигаргунӣ мехоҳад.

“Боварӣ дорам, тағйироти сифатӣ ва миқдории ҷиддӣ ҳам дар сохтори телевизион, ҳам радио, ҳам дастаҳои ҳунарие, ки ҳаст, боз мо рӯзнома дорем, ба вуҷуд меояд”, - иброз дошт Нуриддин Саид.

Раиси кумита ҳамчунин қайд кард, ки афзудани маоши кормандони ин ниҳод дар назар аст: “Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ аз ҳисоби махсусе, ки дар кумита ҳаст, ҳаракат мекунем, музди кормандонро андак ҳам бошад, дастгирӣ кунему зиёд кунем. Мо дар атрофи ин масъала ҳатман кор мекунем”.

Нуриддин Саид мавҷудияти рӯйхати сиёҳро дар  расонаҳои электронии давлатӣ рад кард: “Ман бо тамоми масъулият изҳор мекунам, ки ҳеҷ хел рӯйхати сиёҳ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.