Парвози тайёра миёни шаҳрҳои Теҳрон - Душанбе - Бишкек тавассути ширкати ҳавопаймоии эронии Varesh Airlines рӯзи 3-юми феврал сурат пазируфт.

Бино ба иттилои сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ин иқдом “ба манзури рифоҳи ҳоли атбоъи се кишвар ва сафари гардишгарон ва бо муҷаввизи созмонҳои ҳавопаймоии кишварҳои мазкур анҷом шудааст”.

Тибқи барнома, замони ин парвоз рӯзҳои душанбеи ҳар ҳафта, соати 4 субҳ аз фурудгоҳи байнулмилалии Имом Ҳумайнӣ ба фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе мебошад. Баргашти он дар соати 9:30 субҳи ҳамон рӯз (ба вақти маҳаллӣ) аз фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва соат 13 (ба вақт маҳаллӣ) аз фурудгоҳи байнулмилалии Бишкек хоҳад буд.

“Шоёни зикр аст, аз соли гузашта парвози мустақими Машҳад - Душанбе барқарор шудааст, ки бо тавсеаи равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзоиши теъдоди мусофирон, мувофиқати созмонҳои ҳавопаймоии ду кишвар ва бо баҳрагирии бештар аз зарфияти ширкатҳои ҳавопаймоии эронӣ ва тоҷикӣ теъдоди парвозҳои мустақим байни ду кишвар дар оянда низ афзоиш ёбад”, - хабар додааст сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки парвозҳо байни Тоҷикистону Эрон аввали моҳи июни соли 2019 пас аз таваққуфи қариб яксола барқарор шуданд. Рӯзи 6-уми июн ширкати ҳавопаймоии эронии Varesh Airlines аввалин парвози худро тариқи хатсайри Машҳад - Душанбе - Машҳад анҷом дод.

Парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Машҳад - Душанбе - Машҳад пеш аз ин ширкати ҳавопаймоии эронии Aseman Airlines амалӣ мекард. Охири моҳи сентябри соли 2018 бо ташаббуси ҷониби Эрон парвозҳо қатъ шуданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон парвозҳоро ба Эрон ширкати ҳавопаймоии Tajik Air анҷом медод, вале бинобар мушкилоти молиявӣ идомаи онҳо як муддат ғайриимкон шуд.

Tajik Air моҳи августи соли 2019 барқарор гардидани парвозҳои худро байни Душанбе - Машҳад эълон дошт. Як дафъа интиқоли мусофирон дар ин хатсайр анҷом дода шуд, аммо баъдан ширкат парвозҳоро дар ин самт боз мутаваққиф кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.