Дар соли сипаришуда 4 нафар олимону омӯзгорони ҷавони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон вобаста ба ихтирооти худ соҳиби патенти муаллифӣ шуданд.

Дар ин бора ректори донишкадаи мазкур Хайрулло Назарзода рӯзи 5-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Аз 4 нафар олимони ҷавоне, ки вобаста ба ихтирооти илмии худ соҳиби патент шуданд, як қисматаш вобаста ба омӯзиши хатҳои интиқоли баландшиддати барқӣ буда, қисмати дигараш вобаста ба нерӯгоҳҳои офтобӣ мебошад. Дар донишкада системаи нерӯгоҳи офтобӣ васл шудаву фаъолият мекунад. Олимони ҷавони мо дар ҳамин система баъзе навовариҳо дароварда, корҳои тадқиқотии худро дар ин самт ба анҷом расониданд”, - гуфт ректор.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2019 барои ҳайати омӯзгорону олимони ин мактаби олӣ пурбарор ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин сол 10 нафар олимони ҷавони донишкада рисолаҳои илмии худро чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохили кишвар ҳимоя карда, вобаста ба ихтирооти худ соҳиби патенти муаллифӣ шуданд.

“Масалан, як ихтирооти олими ҷавонро зикр мекунам, ки дар Донишгоҳи давлатии Олтойи шаҳри Барнаули Русия тадқиқот гузаронд. Нурмаҳмад Шарифов рисолаи илмии худро дар мавзӯъи “Истифодаи энергияи замин барои гарм кардан дар фасли сармо ва барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорат дар фасли гармо” ҳимоя кард. Ин ихтироъи олими ҷавони мо дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони варзидаи рус дар 3 нуқтаи шаҳри Барнаул аллакай мавриди амал қарор дода шуд”, - зикр кард Назарзода.

Вай афзуд, айни замон 2 олими ҷавони ин донишкада дар Донишгоҳи политехникии ба номи Пётри Кабири шаҳри Санкт-Петербург дар мавзӯъи “Энергияи ҳароратӣ дар истгоҳҳои истеҳсолӣ” ва “Ҳимояи релеӣ ва автоматикии дастгоҳҳои электроэнергетикӣ” тадқиқоти илмии худро давом медиҳанд.

“Айни замон аз он олимони ҷавоне, ки мо барои такмили ихтисос ва бурдани корҳои тадқиқотию илмӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи хориҷӣ фиристодем, аллакай 5 нафар баъд аз ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ба донишкада баргаштанд. Дар назар аст, ки соли ҷорӣ мувофиқи нақшаҳои корӣ боз якчанд олимони ҷавони мо рисолаҳои илмии худро ҳам дар хориҷи кишвар ва ҳам дар дохил ҳимоя кунанд”, - изҳор дошт ректор.
“Албатта, барои дар истеҳсолот ҷорӣ кардани ихтирооти олимони ҷавон вақт лозим аст. Мо сари ин масъала андеша кардаву роҳҳои онро ҷустуҷӯ дорем. Аллакай якчанд пешниҳод аз корхонаҳои саноатии кишвар ҳаст. Мо онҳоро омӯхта истодаем. Умед дорем, ки дар ояндаи наздик амалӣ хоҳанд шуд”, - гуфт Хайрулло Назарзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.