Бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе дар саҳифаи фейсбукии худ тавсияи табибони Ҷопонро доир ба  санҷиш, ошкор ва пешгирӣ кардани коронавирус дар шароити хона нашр кардааст.

Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, зимни он табибон зикр кардаанд, коронавирус метавонад то 28 рӯз дар бадани инсон пинҳон бимонад ва замоне табу сулфа шурӯъ мешаванд, ки 50 дарсади шуш аз як моеъи сафедранг пур шуда, бемор дар хатари марг қарор мегирад.

Табибон аз ҷумла тавсия медиҳанд, ки ҳар як нафар метавонад дар хона ҳар  субҳ баъди бедор шудан аз хоб як нафаси бисёр амиқ кашида, муддати 10 сония нафасро дар худ комилан нигаҳ дорад ва баъд аз он нафасро то охир сар диҳад. Дар ҳолати  ба сулфа науфтодан ва эҳсоси тангии нафас накардан маълум мешавад, ки зарфияти шуши ӯ комил буда, мушкиле барояш пеш наомадааст. Дар ҳолати пайдо шудани сулфа ё нафастангӣ ба пизишкон муроҷиат кардан муҳим аст!

«Рӯзе чанд маротиба ин корро анҷом дода, зарфияти танаффусии шушро назорат бояд кард, то қабл аз пайдоиши таб агар мушкиле пайдо шавад, дарҳол ба табибон муроҷиат карда, вазъи шушро санҷидан зарур аст», - мегӯянд табибони ҷопонӣ.

Нуктаи дигар ин аст, ки ҳамарӯза ҳар 10 дақиқа пас бояд чанд қатра об нӯшид, то гулӯ, ҳалқ ва даҳон хушк нашавад. Чун агар вируси мазкур вориди даҳон шуда, дар он бимонад, метавонад вориди ной гашта, аз он ба шуш интиқол ёбад ва ба мушкил мувоҷеҳ шавад. Аммо ҳангоми моеъоти зиёд масраф кардан ва даҳону ҳалқро хушк нигаҳ надоштан, ин маводи олуда вориди меъда мешавад ва оксиди меъда онҳоро аз байн мебарад.

Ҳамчунин мутахассисон аз аҳолии ҷаҳон хоҳиш мекунанд, ки ба ғайр аз шустани дасту рӯй бо собун, инчунин тавсияҳои мазкурро низ дар хонаҳояшон анҷом диҳанд ва бемориро сари вақт пешгирӣ кунанд.

Ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашуда қобилияти бештари муҳофизат аз коронавирусро доранд

Барои пешгирӣ аз коронавирус мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя карда, дастонро бояд тез-тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда бишӯяд. Бояд ба пардаҳои луобӣ, хусусан бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонид. Истеъмоли меваю сабзавоти аз витаминҳо бой бисёр муҳим мебошад. Инчунин истифода аз ниқобҳои тиббӣ манфиатовар дониста мешавад.

Вале дар мавриди истифодаи ниқобҳои тиббӣ мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов бар он назар аст, ки ниқобҳои тиббии дар дорухонаҳо мавҷудбуда таъсири ками муҳофизатӣ доранд. Зеро онҳо тунук ва дорои сӯрохиҳои калон мебошанд. Инчунин андозаи коронавирус нисбат ба андозаи сӯрохиҳои ниқобҳои тиббӣ чандин маротиба хурд мебошад ва он бемонеа гузашта метавонад.

Аз ин рӯ, профессор Саидбек Сатторов иброз медорад, ки ба харидории ниқобҳои яккарата зарурати зиёд нест. Зеро истифодаи он 2-3 соат буда, сипас қобилияти муҳофизатии худро гум мекунад.

Бино ба тавсияи номбурда, истифодаи ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашуда манфиатовар мебошад.

«Ин гуна ниқобҳоро ҳар як нафар метавонад дар хона худаш омода намояд. Докаро бисёрқабата карда, дар байни он пахта бояд гузошт. Зеро пахта  вазифаи микробполоиро (филтр) иҷро карда, қобилияти муҳофизат аз вирусро  зиёд мекунад. Дар ҳолати аз қабатҳои дока гузаштани микроб он ба пахта мечаспад ва пахта микробро дар худ нигоҳ дошта, намегузорад, ки ба роҳи нафас ворид шавад. Ҳангоми истифода аз ин гуна ниқобҳо мо метавонем худро аз таъсири  вирусҳо беҳтар нигоҳ дорем», - гуфт профессор.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ин маврид зикр кардааст, ки ниқобҳои тиббӣ аз коронавирус ҳифз карда наметавонанд, вале онҳо хатари сироятро кам  мекунанд. Пӯшидани ниқобҳои тиббӣ метавонад сабаби маҳдуд шудани бемориҳои роҳи нафас гардад. Вале танҳо истифодаи ниқоб кафолати ҳифз шудан аз сироятро надорад, бояд ҳамчунин чораҳои дигари пешгирикунанда риоя шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.