Имрӯз раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар саҳифаи фейсбукии худ навишт, ки бемори коронавирус шудааст.

“Аллакай 8 рӯз бемори коронавирус ҳастам. Таманнои саломатӣ кунед. Аз дӯстонам хоҳиш, ба хонаам наоед!”, - навиштааст Раҳматилло Зойиров.

Қаблан раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон амали мақомотро оид ба пинҳон доштани вазъи воқеии сирояти коронавирус дар кишвар интиқод карда буд. 

“Коронавирус дар Тоҷикистон се моҳ инҷониб вуҷуд дорад... Мо аллакай аз ду давраи муқовимат бо коронавирус дер монда, ҳозир давраи сеюмаш ҷараён дорад”. Дар ин хусус Раҳматилло Зойиров 27-уми апрел дар саҳифаи фейсбукии худ изҳор дошта буд.

Бино ба навиштаи ӯ, давраи аввал моҳи январ фаро расида буд, замоне, ки аз соҳибкорони аз Чин баргашта ба дигарон сироят кард ва дар Тоҷикистон гирифтории оммавӣ ба беморӣ – “навъи чинии коронавирус” ба мушоҳида расид.

“Насли калонсоли тоҷикистониён ба сайёҳӣ на он қадар таваҷҷуҳ дошта, муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия боқӣ монданд, ки ин ба нафъи мо шуд... Ва Тоҷикистон давраи аввалро паси сар кард”, - иброз дошта буд Зойиров.

Марҳилаи дуюм дар Тоҷикистон, ба қавли ӯ, зимни баргаштани одамон аз ҳаҷ ва дигар маконҳо пас аз эълони пандемия оғоз шуд.

“Сарфи назар аз ташкили карантин барои шахсони “баргашта”, бархе аз афроди аллакай сироятёфта бо ҳар роҳу восита (шиносбозиву порадиҳӣ ва ғайра) бидуни карантин ба ҷомеа роҳ ёфтанд. Ва натиҷа ин шуд, ки аз онҳо дигарон сироят ёфта, акнун зуҳури то андозае оммавии илтиҳоби шуш (пневмония) ва баъзе бемориҳои дигар ҷараён дорад”, - тавзеҳ дода буд раиси ҲСДТ.

Ӯ изҳор дошта буд, ки эътироф накардани мавҷудияти коронавирус дар кишвар ба шаъну эътибори мутахассисони касбии тиббӣ ва ҳукумат рост намеояд.

“Мо ҳоло дар авҷи нав қарор дорем... Аксари кулли аҳолии мо тариқи ВАО аз “омӯзиш” гузашта, барои худ қисман реҷаи ҷудо будан аз дигарон ё худ гӯшанишиниро ихтиёр карданд, ки ин моро наҷот медиҳад. Карантин ва ҷудо будан аз дигарон (худинзиво) шарти ягона ва воситаи пешгирии эпидемия аст”, - навишта буд Зойиров.

Вай афзуд, ин ба буҷети давлатӣ, захираҳои ҳаматарафаи имконпазири моддӣ ва молиявӣ, инчуни имконоти кишвар сарбории зиёд меорад.

“Бо инкори вирус Тоҷикистон аллакай худро аз кумаки таъҷилӣ ва фаврӣ маҳрум кард... Бо ин вирус дигар “бозӣ кардан” лозим нест. Роҳандозии тадбирҳои таъҷилӣ ва фаврӣ, сафарбарсозии ҳамаи имконоту воситаҳо зарур аст, то ки тавассути аз ҳамдигар ҷудо нигоҳ доштани аҳолӣ, таъмини онҳо бо воситаҳои зарурӣ барои ин кор, бепул аз тест гузаронидан ва ғайра эпидемияи коронавирус дар Тоҷикистон пешгирӣ шавад”, - навишта буд раиси ҲСДТ.

Рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти ҳодисаҳои сирояти коронавирус дар Тоҷикистон зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории Covid-19 расман эълон шуд. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, то 4-уми май дар мамлакат 230 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавирус ошкор шудааст. Аз ҷумла, 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд. То дирӯз 3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.