Имрӯз дар ҷаҳон чӣ ҷангҳои иттилоотӣ ҷараён доранд, ин чӣ ҷанг аст ва чӣ ҳадаф дорад дар маводи мо.

Дар замони имрӯз иттилоот нақши муҳим мебозад, чун бештари бозиҳои сиёсӣ, ҷанги кишварҳои абарқудрат, муборизаҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ бо пахши иттилооти махсуснигаронидашуда сурат мегирад, на ба бомбу куштор, тирзаниву тарконидан. Касе иттилооти зиёд ва таъсирбахш пахш менамояд ва ба ҳадафи худ мерасад, ғолиб дониста мешавад.

Бинобар ин имрӯз тасмим гирифтем дар бораи силоҳи хавфноки замони муосир, ки дунёро иваз намуда, халқро ба хиёбонҳо кашонида бар зидди якдигар шӯронида истодааст, маълумот диҳем. 

Ҷанги замони муосирро, ки тариқи иттилоот сурат мегирад ба истилоҳ “ҷанги иттилотӣ” мегӯянд. Имрӯз мо дар бораи кай пайдо шудан, бо чӣ нақшаҳо роҳандозӣ кардан ва оқибатҳои он маълумот хоҳем дод.

Ҷанги иттилоотӣ чист?

Мафҳуми ҷанги иттилоотӣ аз тарҷумаи истилоҳи “information and psychological warfare” аз забони англисӣ буда, метавонад ҳамчун "муқовимати иттилоотӣ" ё "ҷанги иттилоотӣ - психологӣ" тарҷума шавад, ки он аз матни ҳуҷҷати расмӣ ё нашри илмӣ вобаста мебошад.

Ҷанги иттилоотӣ – ҷангест бо ёрии технологияҳои иттилоотӣ, ки дар он василаи асосии мубориза иттилоот аст. Дар ин бора файласуф ва мунаққиди канадагӣ Маршалл МакЛухан соли 1962 дар китоби худ “Галактикаи Гутенберг” таъкид кардааст.

“Ҷанги ҳақиқии комил ин ҷанг тавассути иттилоот аст. Он ба таври возеҳ тавассути воситаҳои электронии иртибот амалӣ мешавад. Ин ҷанги доимӣ ва бераҳмона аст ва аслан дар он қариб ҳама ширкат мекунанд", - гуфтааст ӯ.

Ҷанги иттилоотӣ метавонад сохторҳое, ки мақомот таъсис медиҳанд, инчунин ҷамоаҳои алоҳида, гурӯҳҳо ва шахсони алоҳидаро дар бар гирад. Ҷанги иттилоотӣ доимӣ буда он на танҳо дар давраи муборизаи мусаллаҳона, балки дар давраи осоишта низ давом меёбад. Ҷанги иттилоотӣ шакли душвортарини муқовимати иттилоотӣ мебошад.

Мувофиқи таърифи Манойло А.В. (2005), ҷанги иттилоотӣ ҷараёни муқовимати ҷомеаҳои башарӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ё дигар сатҳи стратегӣ тавассути таъсир расонидан ба аҳолии мулкӣ, мақомот ва (ё) қувваҳои мусаллаҳи ҷониби муқобил, бо роҳи паҳн кардани иттилоот, маводи махсус интихобшуда ва омодашуда мебошад.

Таърихи пайдоиш

Пайдоиши ҷанги иттилоотӣ дар таърихи инсоният падидаи нав набуда, олимони рус А. Д. Васильев ва Ф. Е. Подсохин дар ин робита чунин навиштаанд:

“Муаллифони қадим маъракаҳои ташвиқотии худро чунон моҳирона тасвир мекарданд, ки бо ин роҳ душманро заиф гардонида, рӯҳияи тарафдорон ё ҳамдиёрони худро баланд мебардоштан”.

Зуҳуроти тозаи он дар замони Ҷанги Қрим (1853 – 1853) ба қайд гирифта шуд, ки пас аз ҷанги Синоп рӯзномаҳои Англия дар гузоришҳои ҷангии худ навишта буданд, ки русҳо туркҳои маҷрӯҳи дар баҳр шиномекардаро паррониданд.

Бо вуҷуди ин, мафҳуми ҷанги иттилоотӣ нисбатан ба наздикӣ пайдо шуд - замоне ки усулҳои иттилоотии амалиёти иҷтимоию сиёсӣ хеле паҳн шуда, таҳқиқоти иҷтимоӣ ба пешрафт ноил гаштанд. Ҳамин тавр, дар соли 1970 - дар авҷи ҷанги сард - муҳаққиқи ВАО-и Канада М. Мак Лухан таъкид карда буд: "Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ҷанги иттилоотии партизанӣ мебошад, ки дар он ҷо байни ҳарбиён ва шаҳрвандон фарқияте дида намешавад.

Ҷанги иттилоотӣ чӣ ҳадаф дорад?

Ҷанги иттилоотӣ бо ҳадафҳои гуногун роҳандозӣ карда мешаванд. Он бо роҳи пахши маълумоти бардурӯғ, сиёҳкунии рақибон ва тафсири ҳодисаҳои гуногун ба манфиат ва нафъи худ, ҷалб намудани афкори омма барои пуштибонии хеш аст. Истифодаи моҳирона ва пахши ҳадафмандонаи он тарафдорони зиёдеро гирди гурӯҳи пахшкунандаи он ҷамъ меоварад.

Ҷанги иттилоотии имрӯза

Дар замони имрӯза мислои равшани ҷанги иттилоотиро метавон дар расонаҳои Русия ва Амрико мушоҳида кард. Расонаҳои кишварҳои болозикр ҳамавақт тарафи муқобилро сиёҳ карда, кишвари худро ҳамчун ҳомии сулҳ ва дилсӯз муаррифӣ мекунанд.

Мисоли равшани ҷанги иттилоотӣ инъикоси муноқишаи Сурия мебошад, ки ба як мушкилии байналмилалӣ мубаддал шуд. Агар шумо ба кори расонаҳои хабарии Русия ва Ғарб диққат диҳед, ҳар яки онҳо ҷараёни ин ҳодисаҳои низомиро бо тарзи мухталиф арзёбӣ ва инъикос мекунанд. Илова бар ин, тафовутҳои забонии расонаҳо имкони дастрасиро ба ақидаҳои муқобил душвортар мекунанд. Бинобар ин бо истеъмоли ҳамон иттилооте, ки ба мо пешкаш мешавад, мо метавонем худро дар «халои иттилоотӣ» -и худ қарор диҳем.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” нашр шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

PS. Бинобар ин аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қурбони дасткориҳои ҷанги иттилоотӣ нашавед, манбаъҳои иттилоотро тафтиш намоед, маводҳои хабариро аз чанд расона хонед ва тафаккури интиқодии худро ба кор баред ва саводи расонаии худро рушд диҳед.