АМИТ “Ховар” тасвирри 3D-ро  чун акси аз кайҳон бардошташуда нашр кард ва хабар дод, ки Тоҷикистон аз кайҳон сурх менамояд.

Чӣ санҷида шуд?

Агентии миллии иттилоотии Ховар 3 –юми сентябр иттилоеро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад: Тоҷикистонро аз кайҳон нишон доданд, ки он ба нигини рӯи Замин монанд аст! (бойгонӣ)

“Ба моҳвораи «Copernicus Sentinel-3» (оилаи моҳвораҳои фосилавии таҳқиқи Замини Агентии кайҳонии Аврупо) муяссар шуд, ки лаҳзаи нотакрореро ҳангоми  фазои беабри  Тоҷикистон  ба навор гирад. Тоҷикистони беабр аз кайҳон дар тасвири 3d ба ёқути сурх – санги қиматбаҳо монанд аст ва нигини рӯи Заминро мемонад. Ва ин хеле рамзист!”, - гуфта мешавад дар хабари АМИТ «Ховар».

Баъдан дар хабар дар бораи дорои конҳои беназири сангҳои қиматбаҳо будани Тоҷикистон, ки маъруфтарини онҳо ёқути сурх (лаъли Бадахшон) мебошад, сухан меравад.

Ҳукмнома: Фейк

Таҳлили мо нишон дод, ки ин хабар фейк буда, сурат тасвири 3D (3D иллюстрация) аст ва вазифаи моҳвораи «Copernicus Sentinel-3» аслан аксбардории замин нест.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Сараввал мо аксҳои дар ин хабар нашршударо мавриди таҳлил қарор додем. Мо сурати аслиро дарёфт намудем, ки дар захираи depositphotos ба фурӯш гузошта шуддаст. Дар шарҳи сурат навишта шудааст

“Ғуруби офтоб дар болои Тоҷикистон аз кайҳон дар сайёраи Замин бо марзҳои намоёни кишвар. Тасвири 3D. Унсурҳои ин тасвири аз ҷониби NASA пешниҳод шудааст. Муаллиф tom.griger”.

Ҳамин тавр маълум мешавад, ки акс ба ин шакл аз кайҳон гирифта нашудааст ва тасвири сохташуда дар асоси тасвирҳои NASA мебошад.

Агар шумо дар Google ё depositphotos акси кайҳонии дилхоҳ кишвари дунёро ҷустуҷӯ кунед, ба шумо тасвири 3D пешниҳод мешавад, ки дар он кишвар бо ранги сурх нишон дода шудааст. Натиҷаи ҷустуҷӯро инҷо метавонед санҷед: https://ru.depositphotos.com/serie/211205268.html

Баъдан мо ба ҷустуҷӯйи маълумот дар бораи моҳвора пардохтем. Дар сомонаи “The European space agency” (Агентии кайҳонии Аврупо), ки дар хабари АМИТ “Ховар” қайд шудааст, маълумоти муфассал дар бораи маҳвора пахш шудааст:

“Ҳадафи асосии Sentinel-3 топографияи сатҳи баҳр, санҷидани ҳарорати сатҳи баҳр ва замин, ранги сатҳи уқёнус ва замин бо дақиқии баланд ва эътимоднокӣ барои дастгирии системаҳои пешгӯии уқёнус, мониторинги экологӣ ва мониторинги иқлим мебошад”.  

Яъне аслан вазифаи моҳвораи мазкур суратгирии сатҳи замин набуда, пешгӯйиҳои экологӣ аст.

Ҳамчунин дар ин сомона дар бораи Тоҷикистон 12 хабар нашр шудааст, ки аксари онҳо аз солҳои 2004 ва 2006 мебошанд. Хабаре ба мазмуни хабари АМИТ “Ховар” дар сомонаи Агентии кайҳонии Аврупо мавҷуд нест.

Хулоса

Хабари нашрнамудаи Агентии миллии иттилоотии “Ховар” фейк буда, нишонаҳои дасткорӣ (манипулятсия) низ дар он дида мешаванд. 

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!