Бобоева Лола Иброҳимовна, ҳамоҳангсози барномаи “Рушди барвақтии кӯдак” рӯзи 27 сентябр дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт.

Лола Бобоева аз соли 2002 дар Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон кор мекард. Фаъолияташро аз амалисозии барномаи байнулмилалии “Қадам ба қадам”, ки ба ислоҳоти низоми таълимоти томактабӣ равона гардида буд, оғоз намуд. Дар ҳамдастӣ бо сохторҳои давлатӣ /ниҳодҳо ва дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ Лола Бобоева ба рушд ва ҷорисзии таълимоти фарогир (инклюзивӣ) ва дахолати барвақтӣ дар кишвар мусоидат намуда, инчунин дар омода кардани мутахассисон дар соҳаи рушди барвақтии кӯдакон саҳм гузошт.

Ӯ дорои сатҳи магистри Донишгоҳи Манчестер (соли 2008) ва диплом дар бораи омодагии касбӣ дар самти “Сиёсати маориф ва менеҷмент”-и Мактаби олии илмҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Маскав мебошад.

Давоми 18 соли фаъолият дар Фонд Лола Иброҳимовна дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун, ки ба рушди таълимоти фарогир ва дастраси томактабӣ дар кишвари мо равона шуда буданд, саҳми беандоза гузошт.

Ҳайати кормандони Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз даргузашти бемаҳали Лола Бобоева андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум изҳори тасаллият мекунанд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!