Ӯ ҳамагӣ 19 сол дошт, ки медали биринҷии худро аввал дар бозиҳои қаҳрамонии Чин ва баъдан дар Бозиҳои олимпии Лондон – 2012 ба даст овард ва ҳамин тавр номи худро дар сафҳаи таърихи Тоҷикистон навишт: аввалин бонуе, ки аз бокс дар  Бозиҳои олимпӣ нишон овард!

Ин ғалаба ба ӯ шӯҳрати зиёд тақдим намуд. Шояд бархе гумон кунанд, ки акнун сарвати бешуморро ҳам соҳиб аст. Аммо Мавзуна Чориева ҳарфҳои ногуфтаи зиёде дорад: барояш чӣ ваъда кардан ва чӣ доданд?

Президент Раҳмон, соли 2012 вақте барояш ордени “Шараф” медод, насиҳаташ кард, ки дар фикри ояндаи шахсиаш бошад ва издивоҷ намояд. Ин корро кард, аммо аз саҳнаи варзиши калон ҳам канор рафт. Дуруст, ҳоло дар Кумитаи олимпӣ масъулияте дорад, вакили мардум дар маҷлиси Душанбе ҳам шуд, беш аз 50 шогирдон, аз ҷумлаи духтаронро тарбия мекунад, аммо ӯро дигар дар саҳнаи бокс намебинем.

Соли 2014 дар ҷараёни як мусобиқаи дигар ҷароҳат бардошт ва бо ҳамин саҳнаи боксро тарк кард. Ин маъноеро надорад, ки ҷуръати Мавзунаро касе гирифта метавонад. Августи соли 2012, вақте шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар қатори дигарон дар фурӯдгоҳ пешвозаш мегирифту дасташро фишурд, бо шӯхӣ пурсид:

-       Чаро мисли мӯштзанҳо дастамро намефишорӣ?

Мавзуна ҳам дар ҷавоби ин шӯхӣ паст наомад:

-       Метарсам, ки дастатон зарар набинад.

Убайдуллоев бо табассум аз ӯ канор рафт...

Мавзуна бо шавҳараш
fergana.agency

Ду сол пеш, вақте муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфт, ки бокс ва ҷанги бидуни қоида “ҳаром” аст, барояш посухи сазовор дод:

“Ин фикри шахсии ӯст! Ҳазрати Муҳаммад (САВ) аз варзиш ҷонибдорӣ мекарданд. Алҳамдуллилоҳ мусалмонам ва панҷ вақт намозамро мехонам. Аз Худо илтиҷо дорам, ки оилаи ман устувор бошаду шавҳару духтарамро нигаҳбон”.

Ӯ дар як сӯҳбати дигараш изҳор намуда буд, ки қабл аз шавҳар кардан ба ҳаёти оилавӣ омода набуду тарзи тайёр кардани хӯрок ва сомон додани чандин корҳои хонаро намедонист:

-Вақте хонаводаи ҳамсарам ба хостгорӣ омаданд, модарам ошкор ба онҳо гуфт, ки фарзанди ман ҳоло омода нест. Вале  ҷониби дигар модарамро ором карда, гуфтанд,  ки мо ҳама корҳоро ба ӯ ёд медиҳем.

Соли 2012, пас аз бозгашт аз Бозиҳои олимпӣ, кормандони маҷаллаи “VIPZONE” ӯро ба як толори ҳусни занона даъват карданд, то эҳсоси занонаи ӯро санҷанд, ҳолати аҷибе пеш омад. Мардум одат карда буданд, ки Мавзунаро доим дар либоси варзишӣ бубинанд. Худаш ҳам иқрор шуд:

- Ба ман зиёд мегуфтанд, ки ба духтари муқаррарӣ монанд нестам ва гӯё хислатҳои мардонаро дар худ бештар дорам. Албатта баъзан сахтам мерасид, аммо талош мекардам ба ин гуна гапҳо таваҷҷӯҳи зиёд накунам. Хеле хуб медонам, ки мардуми мо қаҳрамонҳои худро дӯст медорад. Аммо ин гуна вокуниши ҷиддиро тасаввур намекардам. Хоса, ҳангоме, ки дар Кӯлоб маро “Шери нар!” мегуфтанд, худамро гум кардам. Бовар кунед, ғайр аз ҷузвдони варзишӣ ҳич гуна сумкаи занонаро ба даст нагирифтаам...

Дар толори зебоӣ, пас аз он, ки устоҳо ӯро оро доданд, ба оина нигаристу бо шӯхиву самимона гуфт:

-       Ваҳ, акнун ман мисли Анҷелина Ҷолӣ менамоям!

Asia-Plus

Вақте дар гӯшҳояш гӯшвора мемонданд, гуфт дарди сахте эҳсос мекунад. Устоҳо посух доданд, ки дар майдони бокс зарбаҳои бамаротиб сахтарро мехӯрад ку, ӯ оромонаву самимӣ ҷавоб дод:

-       Духтар будан мушкилтар аст!

Дар толори зебоӣ. Соли 2012

Ҳоло ин бону, ки имрӯз 28 сола шуд, акнун духтари 7 солаи худ – Бибиосияро тарбия мекунад. Барояш ҳам корҳои хонаро меомӯзонад ва ҳам мегӯяд шояд дар оянда варзишкор шавад.

-       Ман ҳич гоҳ талош надоштам, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳ бошам ва одамони зиёд дунболи ман барои дӯстӣ бидаванд. Ягона чизе, ки мехостам, ин буд, ки бояд ҳамеша фикри мустақилонаи худро дошт, ҳамчуноне зиндагӣ намуд, ки мехоҳӣ. Бигзор одамони даркориат кам, аммо беҳтарин бошанд!

Ӯ акнун як бонуст. Аммо дигар маълум шуд, ки қаҳрамониву ҷасорат ҷинс надорад. Ҳатто дар намудҳои варзишие, ки то наздикӣ мардонааш мехонданд.

«Мо бо туем, Мавзуна!»

 …  «Мавзуна – чемпион,

       Мавзуна қаҳрамон,

        Мавзуна беҳтарин,

       Муштзан аст дар ҷаҳон!»

Ин таронаи нави овозхон Иззат Шарифӣ буд, ки рӯзи мусобиқаи ҳалкунандаи Мавзуна дар шабакаи Фейсбук гузошта шуд. Ҳунарманд барои он ки тавониста бошад ба ҳамватани дастболои худ дастгирие шавад,  шакли нотамоми таронаи навашро ба шабакаи иҷтимоӣ гузошт, то зуд паҳн шаваду ба гӯши Мавзуна ҳам бирасад. Вагарна ин суруд хеле тӯлонитар аст.

Аммо танҳо Иззат Шарифӣ набуд, ки рӯзи 8 – уми августи соли 2012 мехост бо ягон роҳе Мавзунаро дастгир бошад. Нақл мекунанд, ки занону ҳатто кампирҳои тоҷик низ он рӯз рӯ ба рӯи шабакаҳои телевизионӣ нишастанду набарди Мавзунаро тамошо карданд. Ҳам дар Кӯлоб, ҳам дар Хуҷанд, ҳам дар Рашт ва ҳам дар Душанбеву Хоруғ. Ҳатто кампири момааш Солеҳамоҳ Файзуллоева ҳам дар Кӯлоб нишаставу зарбаҳои задаву қабулкардаи Мавзунаро бо душворӣ тамошо менамуд ва ҳар замон дуо медод:

-       Худоё, набераи номбардорамро ҳифз кун!

Ҳамсоязанҳояшон дар кӯчаи “Якуми Май” - и шаҳри Кӯлоб, ки 10 -12 сол пеш очаи Мавзунаро масхара мекарданд: «духтара чиву машқаш чӣ», ҳоло ба сӯи Нақшонбӣ Қурбонова – модари Мавзуна, бо ифтихор менигаристанд. Зеро акнун ин духтар на танҳо обрӯи ин оила ва ҳатто кӯчаву шаҳру вилоят, балки нангу шарафи Тоҷикистонро ҳифз мекард!

«Ту ҳатман лидер хоҳӣ шуд!»

Ин бори аввал ҳам набуд, ки рақибону хилофкоронаш ахиран ба тавонмандии Мавзуна қоил мешаванд. Ҳашт сол пеш муштзани рус София Очигаева – қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон, зимни як мусобиқаи байналмилалие дар Қазоқистон бо ҳисоби холҳо Мавзунаро мағлуб намуд. Аммо дар як мусоҳибааш ин русдухтар, ки инак дар Олимпиадаи Лондон медали нуқраро гирифт, гуфт, ки «бо тоҷикдухтаре қувваозмоӣ кардам, ки хеле болаёқат бошад ҳам, дар ринг аз ҳад худнамоӣ мекард ва ман ӯро дар ҷояш шинондам».

Ин ҳарфҳо ба Мавзуна ва падараш сахт расиданду ин духтаракро аз нав ба мусобиқа даъват карданд. Мавзуна ғолиб омад ва София баъди мусобиқа пешаш омаду дасташро фишурду гуфт: “Ту ҳатман лидер хоҳӣ шуд!”

Пеш аз мусобиқаи ниҳоии худ дар Лондон, ки мебоист София бо ҳарифи қаблии Мавзуна дастбагиребон мешуд, ӯ дар сӯҳбат бо журналистон гуфт, ки агар масъулони бахши варзишии Тоҷикистон қувваозмоии Чориеваро ба баҳс кашанд, ҳақ мебароянд. Бигзор ин эътирофи София аз як ҷониб то ҷое тарс аз ҳарифи пурқудрате мисли Кэтӣ Тейлор дониста шавад, аммо дар асл маънии пазируфтани ҳунару маҳорати Мавзунаи тоҷикро дошт. Бо Мавзунае, ки ӯро шикаст дода буд. 

 Дар асл набарди ахири Мавзуна, бо вуҷуди бохташ, ҳамаро мафтун кард. Ҳатто рақибонашро. Кэтӣ Тейлор зимни мусоҳиба бо рӯзномаҳову шабакаҳои телевизионӣ эътироф кард, ки Мавзуна барояш ҳарифи нобоб аст ва набард бо ӯ хело вазнин   мегузарад. Пит Тейлор, падари Кэтӣ, ки мураббии ӯ ҳам ҳаст, Мавзунаро «ҳарифи хатарнок» номид ва аз ҳаракатҳои чусту чолоконаи  ӯ ситоиш кард.  Ӯ дар сӯҳбатҳояш  гуфт, ки сабқати Мавзуна бо муштзани хитоӣ Ченг Донг ӯро дар ҳоли шок қарор дод. Зеро Мавзуна аз болои муштзане пирӯз шуд, ки қадаш 17 сантиметр баландтар буд. Зимнан, ба гуфтаи раиси собиқи Кумитаи варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, эҳсос мешуд, ки Пит Тейлор ба Мавзуна, ҳарчанд ӯ рақиби духтараш буд, нигоҳи меҳрубононаву падарона дорад. Ин меҳрубониву эътироф то ҷое буд, ки ҳатто вақте Мавзуна зарбаи хуб мезад, ба нишони «офарин!» нарангушташро боло мекард. Дар бозии чаҳорниҳоӣ бо Ченг Донг, шореҳи телевизиони Русия  аз ибтидо мегуфт, ки Мавзуна шансе барои пирӯзӣ надорад, зеро қади Донг баландтару дастҳояш дарозтаранд. Аммо  бозии Мавзуна ӯро маҷбур сохт то дар поёни набард назарашро дигар кунад. Дар бозӣ бо Кэтӣ Тейлор бошад, ин ё шореҳи дигари ҳамон шабакаи телевизионӣ аз ҳаракатҳои Мавзуна ба ваҷд омад ва бо эътирофи ҳунари  ӯ такрор мекард: «ин тоҷикдухтар ба ман писанд омад!»  Аҷаб нест, ки ҳазорон нафари дигар дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳам баъд аз тамошои набарди Мавзуна бо Кэтӣ Тейлор бо ӯ ҳамовоз шуданд: «ин тоҷикдухтар ба ман писанд омад!»

«Дар пушти ман 7 000 000 нафар аст!»

Дар ҳақиқат, набарди Мавзуна бо Тейлор дар шароити бисёр номусоиди равонӣ барои варзишгари мо сурат мегирифт. Сухан дар бораи шумораи зиёди мухлисони муштзани ирландӣ мерафт, ки бо садопароканиву қарсзаниашон аз нигоҳи психикӣ ба Чориеваи 19 – сола таъсир расондан мехостанд. Ҳол он ки намояндаи онҳо қаҳрамони чоркаратаи ҷаҳон ва бар илова ба сол ҳам аз Мавзунаи мо 7 сол бузург буд. Инро метавон идомаи ҳамон тарсе арзёбӣ кард, ки қабл аз мусобиқа падари Тейлор мегуфт. Албатта дар ин миён садои ҷонибдорони варзишкори тоҷик ҳам ба гӯшҳо мерасид, вале дар муқоиса бо мухлисии ирландиҳо заъиф буд.

Акс: аз Интернет

Дуруст аст, ки Ирландия аз Лондон масофаи зиёде надораду ҳузур пайдо кардани ҷонибдорони варзишгари ин кишвар мантиқист. Аммо, агар Тоҷикистон ҳам сарватмандони зиёде медошту ақаллан сеяки толорро онҳо ба худ машғул медоштанд, шояд натиҷаи бозӣ дигар муаррифӣ мегашт. Инсофан бояд иқрор шуд, ки ягон бозии дигари муштзанӣ дар Лондон ин қадар пурҳаяҷону пурсадо анҷом нагирифт, ки бозии Мавзунаву Тейлор дар худ дошт. Бо ин ҳама, Мавзунаи мо худро аз даст надод ва тавре баъди ин мусобиқа дар сӯҳбатҳояш гуфт, ӯ тавонист ҳарифу мухлисони ӯро масхара ҳам намояд. Ҳатто пас аз бозӣ, вақте журналистон дар бораи «таъсири омма» (эффект толпы) ба натиҷаҳои бозӣ пурсон шуданд, Мавзуна дилпурона иброз дошт:

- Дар ин толор чанд нафар аз Тейлор ҷонибдорӣ карданд? 5000 ё 10 000 нафар? Дар пушти ман бошад 7 000 000 нафар меистод!

Манзури қаҳрамони мо аҳолии онвақтаи Тоҷикистон буд, ки дар ҳақиқат самимона аз Мавзуна Чориева пуштибонӣ мекарданд. На танҳо барои он ки ӯ як бону асту хеле ҷавон… На танҳо барои он ки кадоме аз варзишгарони дигарамон натиҷаи арзанда ба даст наоварда буданд, на танҳо барои он ки …

Танҳо барои он ки ӯ дар ҳақиқат самимона, ҷасурона ва қаҳрамонона дар майдон рақобат мекард! Ва ин ҳам пас аз он ки баъди раунди дуввум дасти Мавзуна лат хӯрдаву баромада буду рақибаш новобаста аз ин, дар ду раунди охир аслан аз бозӣ мегурехту ба Чориева имкони бозии хубро маҳдуд мекард. Дар бораи холҳои бадастовардааш, ки ҳакамон сарфи назар карданд, мебоист масъулини тоҷикистонии ҳамроҳаш ба Лондон рафта сахт пофишорӣ мекарданд. Бубинед, ҳатто пас аз Олимпиадаи онвақта як медали тиллои варзишкори беларусро бо сабаби истифода аз доруи мамнӯъ аз ҳисоб берун карданду бозиро ба рақиби ӯ ҳалол донистанд. Вале масъулини мо натавонистанд холҳои ҳалолкардаи Мавзунаро низ ҳимоя кунанд. Аз ҷониби дигар, ин набард нишон дод, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ масъалаи «обрӯдорон» ва «беобрӯҳо» дар миён аст ва  адолати варзиширо зери суол мебарад. Ба гумони ғолиб дар мусобиқаи байни Тейлор ва Чориева низ маҳз дастовардҳои қаблии аввалиро ба ҳисоб гирифтанду бохташро аз ҷониби навқадаме чун Мавзунаи тоҷик «шармандагӣ» донистанд.

Аз ин рӯ месазад Мавзунаро ғолиби ин мусобиқа унвон кард…

Ба Бозиҳои олмипии дигар бо «мушкилоти лондонӣ»?

Мавзуна Чориеваро на танҳо ғолиби ин мусобиқа ва медали биринҷии ӯро на танҳо бояд тиллоӣ ҳисоб кард. Агар мо шароитеро низ ба ҳисоб гирем, ки дар Тоҷикистон варзишгарон доранд, мешавад гуфт ӯ қаҳрамони Тоҷикистон ва ҳатто ҷаҳон аст. Ҳамон соли 2012 бисёриҳо дуруст ва мантиқиву одилона масъалаи истеъфои аксари  мақомдорони бахши варзиширо дар миён гузоштанд. Ин як таҷрибаи ҷаҳонист, ки бо поён ёфтани як сикли олимпӣ ва натиҷагирӣ аз он, дар сурати кам будан ё набудани дастовардҳо, масъулини варзиши мамлакат курсиҳои худро холӣ мекунанд. Ба болои ин, агар даҳу садҳо масъалаҳои вуҷуддоштаи ин соҳаро, ки бисёрии вақт ба амбитсияву худхоҳӣ ва нафъҷӯии масъулин рабти бевосита доранд, зам намоем, гуфтан мумкин, ки раисони федератсияву ассотсиатсияҳои варзишӣ ва бархе аз масъулони Кумитаи олимпӣ барои истеъфо рафтан хеле дермонӣ ҳам кардаанд. Хоса, вақте ҳатто натиҷагирии Олимпиадаи Пекин – 2008 – ро дар Лондону Бразиялия анҷом надоданд…

Дар ин сурат, беҳтар нест, ки мисли мураббияҳои дастаҳои футболамон онҳоро барои бахшҳои дигари варзишамон аз хориҷа биёрем? Хотиррасон мешавем, ки ин таҷрибаро бисёрии кишварҳо пас аз он гирифтанд, ки масъулини варзишашон чун дар мо бо худхоҳиву манфиатҷӯӣ вақти худро сарф кардаву ба ҳамдигар ва хоса варзишгарон халал мерасонданд.

Савол ин аст, ки оё дар ҳақиқат дар мо мехоҳанд мушкилоти вуҷуддоштаро аз бехаш ҳал кунанд ва ба Бозиҳои нави олимрӣ бо боварӣ ворид шаванд?

Ё фикр дорем ин масъаларо боз пешопеши олимпиадаи навбатӣ дар миён гузоштан мумкин аст?

Агар посух ҳамин аст, пас аз он олимпиада низ метавон аз ҳоло умедҳоро канд…

Аммо ҳоло ба Мавзуна Чориева мавлудашро хуҷаста мегӯему иқрор мешавем:

Ӯ воқеан ҳам Қаҳрамони мосту ӯро фаромӯш намекунем!

Бознашр аз блоги "Рӯзи нав"

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.