Мукаррама Қосимова, забоншиноси варзидаи тоҷик дар сини 87-солагӣ имрӯз дар манзили зисташон дар Душанбе даргузаштанд.

Декани факултаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддини Эмомалӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки маросими видоъ ва намози ҷаноза бо Мукаррама Қосимова дар манзили зисташон воқеъ дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе (маҳаллаи маъруф ба Хонаи матбуот, назди маркази савдои Ситора) соати 11.00 баргузор мешавад.

Мукаррама Қосимова (Қосимова Мукаррама Набиевна) аз забоншиносони варзидаи тоҷик буд, ки солиёни зиёде дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон машғули таълиму тадрису таҳқиқ буд. Ӯ 16 январи 1933 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон таваллуд шуда буд. Қосимова доктори илми филология, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ ва Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон буданд.

Мукаррама Қосимова ришатаи забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, дар ҳамин Донишгоҳ ба таълиму таҳқиқ мепардозанд. Солҳои 1956—1986 ба ҳайси устод, дотсент, профессор кор кардаанд. Солҳои 1966-1968 ва 1974-1977 декани факултаи забону адабиёти ин Донишгоҳи бонуфуз буданд. Солҳои 1986-1995 мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва солҳои 1995-2003 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданд. Мукаррама Қосимова аз соли 1982 аввал ба ҳайси котиби илмӣ, сипас раиси Шӯрои дифои рисолаҳои номзадиву докторӣ дар ДМТ буд.

Ҳамчунин Мукаррама Қосимова муассиси Маркази омӯзиши забонҳо дар ДМТ буд, ки дар ин марказ асосан шаҳрвандони хориҷӣ забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва арабиро меомӯзанд ва аз соли 2001 то 2009 роҳбарии ин марказро ба дӯш дошт.

Мукаррама Қосимова яке аз забоншиносони варзидаи тоҷик буд, ки зери раҳбарияш бештар аз 40 нафар рисолаи номзадиву докторӣ дифоъ кардаанд ва бо ин теъдод шогирд дар сатҳи ҷумҳурӣ дар мақоми аввал буданд. “Матни классикӣ”, “Хрестоматия оид ба матни классикӣ”, “Луғати мухтасари таълимии тоҷикӣ-русӣ ва русӣ-тоҷикӣ”, “Алифбои арабии тоҷикӣ ва имлои он”, “Мухтасар оид ба истилоҳоти забоншиносии пешини тоҷик”, “Забон ва муъҷизаи он” бархе аз осори гаронарзиши ин забоншиноси варзидаи тоҷик мебошанд.

Гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” даргузашти ин донишманди варзидаи соҳаи забоншиносии тоҷикро талафоти ҷуброннопазире барои илми тоҷик медонад ва ба хонаводаи эшон, наздикону пайвандонаш дар ин мусибати азим сабру шикебойӣ мехоҳад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.