Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» -и Тоҷикистон расман ба аз саргирии парвозҳо бо Истанбули Туркия ва шаҳри Урумчии Чин хабар дод ва инчунин шароити парвозро эълон кард. Баъди тафаққуфи 7-моҳа парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Чину Туркия барқарор мешаванд. Ин хабарро Икром Субҳонзода, мудири Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” таъйид кард.
Ба гуфтаи Субҳонзода парвозҳо миёни Душанбеву Истамбул ҳафта ду маротиба аз сӯйи ширкатҳои «Somon Air» ва «Turkish Airlines» анҷом дода мешаванд. Парвозҳо миёни Душанбе ва Урумчиро ширкатҳои «Somon Air» ва «China Southern Airlines» анҷом медиҳанд. Ба гуфтаи Субҳонзода парвозҳо ба Урумчӣ дар ду ҳафта як бор бо назардошти шумораи мусофирон сурат хоҳанд гирифт. Дар назар аст парвози нахустин миёни Душанбе ва Урумчӣ дар миёнаҳои октябр сурат бигирад.
Ҳамчунин Субҳонзода мегӯяд, ки масъалаи парвозҳои мустақи миёни Душанбеву Тошканд ҳам мавриди бозбинии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
«Аз 8 октябри соли 2020 ширкати «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе-Истанбул-Душанбе аз сар мегирад. Парвозҳо ҳафтае як маротиба - рӯзи панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 06:00, аз Истамбул - соати 10:45 ба вақти маҳаллӣ аст, иттилоъ доданд аз ширкати ҳавопаймоӣ ба «Азия-Плюс».
«Билетҳоро аз хазинаҳои билетфурӯшӣ ва инчунин онлайн дар сомонаи ширкат харидан имкон дорад. Арзиши чиптаҳо аз 3672 сомонӣ ва аз рӯи ҷадвали тарифӣ баландтар аст ", - гуфтанд дар ин ширкати ҳавопаймоӣ.
Вале, мо на дар на дар сомонаи ширкат ва на дар хазинаҳои чиптафурӯшӣ билетҳо барои парвозҳои навбатиро пайдо накардем.«Арзиши чипта барои парвози 8 октябр аз 4300 сомонӣ ва аз он бештар нарх дошт, ки ҳамаи ин билетҳо харида шудаанд, ҷойи холӣ нест.
Барои парвози навбатӣ рӯзи 12 октябр (парвози Turkish Airlines) билетҳо танҳо бо арзиши 11-12 ҳазор сомонӣ боқӣ монданд. Дар охири моҳ шумо метавонед барои парвозҳо билетҳои арзонтар дастрас намоед. Масалан, барои рӯзи 26 октябр чиптаҳо бо нархи 6500 сомонӣ дастрас мебошанд (парвози ҳавопаймоҳои Turkish Airlines)», - иттилоъ доданд дар яке аз хазинаҳои ҳавопаймоии пойтахт.
Дар ширкат ин масаъаларо чунин шарҳ доданд, ки “ин парвозро кайҳо боз мардум мунтазир буд ва хоҳишмандони зиёде мунтазири сафар буданд ва бинобар ин чиптаҳо зуд ба фурӯш рафтанд".
Дар “Сомон-Эйр” инчунин илова карданд, ки ҳамаи мусофирон бояд ҳангоми сафар ниқоб ва дастпӯшак дошта бошанд.
“Мусофироне, ки таб ё аломатҳои бемории коронавирусро доранд, ба ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Пеш аз фуруд омадан ҳамаи мусофирон бояд варақаи махсусро пур кунанд (the Passenger Locator Form), ки онро бояд ба хадамоти дахлдори фурудгоҳи Истанбул пешниҳод кунанд. Мусофирон бояд маълумотномаи гирифтор набудан ба COVID-19 (озмоиши ПЦР) -ро, ки на камтар аз 96 соат пеш аз осафар дода шудааст, пешниҳод кунанд.
Маълумотнома бояд аслӣ бошад, аз ҷониби лабораторияи аз ҷониби давлати сафар тасдиқ шуд, бо мӯҳри муассисаи тиббӣ тасдиқ карда шавад. Ба шахсони гирифтори COVID-19 парвоз манъ аст. Ҳангоми расидан ба фурудгоҳи Истанбул, ҳамаи мусофирон бояд аз ташхиси COVID-19 гузаранд», - ҳушдор медиҳад ширкати “Сомон-Эйр”.
Инчунин хабар дода мешавад, ки агар нишонаҳои COVID-19 дар фурудгоҳи Туркия ошкор карда шаванд, мусофирон аз ҳисоби худ ё тавассути суғуртаи тиббӣ табобати лозимаро мегиранд. Аз ин сабаб, доштани суғуртаи тиббӣ тавсия дода мешавад.
Барои мусофироне, ки бо хатсайри Истанбул-Душанбе сафар мекунан, тақрибан чунин тавсияҳо дода мешавад:
«Мусофирон бояд маълумотномаи гирифтор набудан ба бемории коронавирусро (COVID-19) бо худ дошта бошанд (ПЦР. Кӯдакони то 3-сола аз гирифтани маълумотномаи зикршуда озод карда мешаванд ”, - гуфтанд дар ширкати ҳавопаймоӣ.
Зикр карда мешавад, ки шаҳрвандони хориҷӣ, ки мехоҳанд тавассути транзит ба Душанбе парвоз кунанд бояд аз мақомоти ваколатдори Тоҷикистон барои вуруд ба қаламрави ҷумҳурӣ иҷозатнома, инчунин раводид (дар ҳолати зарурӣ) ва маълумотномаи набудани COVID-19 дошта бошанд. Шаҳрвандони Туркия барои вуруд, ба иҷозати мақомоти ваколатдори Тоҷикистон ниёз надоранд.
Меъёри бор дар масири Истанбул-Душанбе 27 кг, бо шумули бори дастӣ дар эконом-клас ва 40 кг, бо шумули бори дастӣ дастӣ,дар бизнес-клас муайян шудааст. Меъёри бор аз Душанбе ба Истанбул 20 кг бо шумули бори дастӣ дар эконом ва 30 кг бо шумули бори дастӣ дар бизнес муқаррар шудааст. Ба кабинаи ҳавопаймо танҳо лэптоп, ҷузвдони занона ва кӯдакона роҳ дода мешавад. Ҳамаи ашёи дигар бояд ҳамчун бор супорида шаванд.
Барои харидани билетҳо ва барои гирифтани маълумоти муфассал, метавонед ба рақамҳои зерин тамос гиред: +992 (93) 777 74 59, +992 (44) 640 40 49, +992 (44) 640 40 50, [email protected],
гирифтани маълумот аз намояндагии ширкати ҳавопаймоӣ дар Истамбул: +90 (535) 41 97 095
Агентии алоқаи ҳавоӣ: +992 (98) 807 10 00, +992 (98) 880 87 87, +992 (93) 501 24 24.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Ташнаи коргар”. Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста