Диловари Зуҳуриён, оҳангсози маъруфи тоҷик имшаб бар асари тасодуфи нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат ба ҳалокат расидааст. Ин хабарро дӯстону наздикони Диловари Зуҳуриён дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд. 

Диловари Зуҳуриён оҳангсози 46-солаи тоҷик буд, ки бино ба навиштаи бархе аз наздиконаш дишаб тӯйи домодӣ доштааст ва баъди як шаби тӯй ба ин ҳодиса гирифтор шудааст. 

Маросими видоъ ва ҷанозаи ин оҳангсоз имрӯз дар зодгоҳаш, ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон доир баргузор мешавад.

Диловари Зуҳуриён соли 2006 дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки орзу дорад дар Консерваторияи ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳруи Ҳиндустон таҳсил бикунад ва барои Муъину Гугуш оҳанг бисозад.

Ин оҳангсоз барои овозхонҳои саршиноси эстрадаи тоҷик оҳанг месохт ва корҳои мусиқияшонро банду баст менамуд.

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" аз марги нобаҳангоми ин оҳангсози маъруф андуҳгин буда, ба наздикону пайвандонаш дар ин мусибати сахт сабру шикебоӣ мехоҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.