Дар вилояти Маскав аз амали террористӣ пешгирӣ шуд, хабар медиҳад РИА Новости. Тибқи маълумоти Хадамоти федералии амният (ХФА), кормандони сохторҳои қудратӣ зодаи 21-сола Осиёи Марказиро дастгир кардаанд.

Бо дастури террористони байнулмилалӣ ӯ ба “яке аз биноҳои мақомоти ҳокимият” ҳамла омода мекардааст.

Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, пас аз содир намудани амали террористӣ мард ният доштааст, ки ба Ховари Миёна равад.

Дар пинҳонгоҳи боздоштшуда таркибҳои бомбаи худсохт, мукотиба бо ҷангиён, дастурамалҳои тайёр кардани маводи тарканда ва сабти видео бо савгандёдкунӣ ба саркардагони террористҳо дарёфт шудааст.

Савгандро ӯ бо забони тоҷикӣ талаффуз мекунад.

Директори ХФА Александр Бортников тобистон изҳор дошта буд, ки тайи 9 соли охир дар Русия аз наздики 160 амали террористӣ, аз ҷумла соли 2019 аз 43 амал ва соли ҷорӣ - аз зиёда аз 20 чунин амал пешгирӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.