Имрӯз дар робита ба баргузории маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳҳо дар маркази шаҳри Душанбе аз соати 6-и субҳ то анҷоми маросим баста мешаванд.

Кадом роҳҳо? Бароятон харита омода кардем, то ки ҳангоми имрӯз ба ҷойе рафтан дар пойтахт аз он истифода бурда, вақтатон беҳуда сарф нашавад.


Раёсати БДА аз шаҳрвандон дархост намудааст, ки дар давраи баста будани роҳҳо дар марказ аз чунин кӯчаҳои ҳамшафат истифода кунанд: Садриддин Айнӣ, Саъдии Шерозӣ, Аҳмади Дониш, Дӯстии халқҳо, кӯчаҳои буриши чорраҳаи Лоҳутӣ, Исмоили Сомонӣ, Ҳофизи Шерозӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.