Дар ноҳияи Зафаробод пулис ҷавони 29-солаеро бо гумони даст доштан дар қатли ҳамсояаш Беҳзод Давронбекови 24-сола бо болғаи оҳанӣ ва бо ин олат латукӯб кардани модари 44-солаи ӯ Малоҳат Зиёева боздошт намудааст. Дар ин бора сардори дафтаи матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ ба “Азия плюс” хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳодиса шоми 10 ба 11-уми ноябр дар ҳудуди манзили истиқомати Беҳзод Давронбеков воқеъ кӯчаи Байналмиллали шаҳраки Зафаробод ба вуқӯъ пайвастааст.
“Тибқи далелҳои тафтишот аз таъсири воситаи нашъадори навъи бангдона дар ҳолати мастӣ байни Беҳзод Давронбеков ва ҳамсояи вай гумонбаршуда Ҷамшед Ҷумъазода муноқишаи лафзӣ сурат мегирад. Гумонбаршуда бо истифода аз болғаи оҳанӣ аввал Беҳзод Давронбековро кушта, дар идома бо гумони он, ки модари ӯ ин кирдори ҷиноятиашро дидааст, қасди аз ҳаёт маҳрум кардани занро намуда, ӯро мавриди латукӯби шадид қарор медиҳад”,-афзуд Акбар Шарифӣ.
Аз зарбаи сахти болға ба қисмати сару рӯй, Беҳзод Давронбеков ба ҳалокат расида, модари ӯ Малоҳат Зиёева ҷароҳати вазнин мебардорад.
Додситонии ноҳияи Зафаробод таҳқиқи идомаи ин қазияро дар ихтиёри худ гирифтааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста