Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, аз оғозии пандемияи COVID-19 (коронавирус) дар кишвар 90 нафар аз ин вабо фавтидааст. Аммо дар маҷмуъ шумори фавтидаҳо дар Тоҷикистон дар соли 2020 ҳадди ақал нисбат ба чаҳор соли пеш ба таври чашмрас боло рафтааст. Мақомоти Тоҷикистон шарҳ намедиҳанд, ки сабаби ба якборагӣ афзоиш ёфтани фавт дар кишвар дар чист.

Таҳқиқоти рӯзноманигорӣ омори вазорати тандурустиро дар бораи теъдоди фавтидагон аз коронавирусро зери суол гузошт. Аз ҷумла ин ки агар дар Тоҷикистон ҳамагӣ 90 нафар аз коронавирус фавтидааст, чаро ҳолатҳои марг аз илтиҳоби шуш нисбат ба соли 2019 - 2,5 маротиба ё 1068 нафар афзудааст?

«Бонги хатар» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Акс аз муаллифон

Ба навиштаи расонаҳо, достони COVID-19 дар Тоҷикистон аз ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз шуд. Санаи 5-уми апрел Радиои Озодӣ хабар дод, (бойгонӣ) ки пас аз марги сокини ин ноҳия Ҳ.Ш. «бо нишонаҳои коронавирус», мақомот Беморхонаи марказии ноҳия Ҷ. Расулов ва пизишконро карантин карданд. Нашри хабар баҳсҳои доғеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ доман зад, зеро мақомоти тоҷик он замон мавҷудияти коронавирусро дар кишвар эътироф накарда буданд. Алишер Абдукаримов, муовини сартабиби Беморхонаи ноҳияи Ҷ. Расулов гуфт, рӯзи 28 марти соли 2020 Ҳ.Ш. бо илтиҳоби дутарафаи шуш ё пневмония ба онҳо муроҷиат кард. Ҳ.Ш. ба пизишкон гуфтааст, ки ба далели нӯшидани оби сард мумкин аст, бемор шуда бошад. Ба суоли пизишкон дар бораи ин ки оё вай ба хориҷи кишвар сафар доштааст,  Ҳ.Ш. посухи рад медиҳад.

Ин посух аз як тараф пизишконро ором мекунад, ки ӯ гирифтори илтиҳоби шуши муқаррарӣ аст, вале аз ҷониби дигар муовини сартабиб мегӯяд, то он замон илтиҳоби шуши монанд ба Ҳ.Ш - ро надида буданд.

«Шахси гирифтори пневмония дар шуъбаи эҳё бояд хоб накунад. Мо боре ҳам ба гирифторони илтиҳоби шуш нафаси сунъӣ намедиҳем», - гуфт пизишк.

Пизишкони ноҳияи Ҷ. Расулов дар бораи бемории Ҳ.Ш. ба идораи беҳдошти вилояти Суғд (ба ибораи русӣ СЭС) хабар доданд. Абдукаримов гуфт, масъулини ин идора аз Ҳ.Ш. «тест»-и коронавирус гирифтанд. Натиҷаи «тест»-и Ҳ.Ш. ҳанӯз мушаххас нашуда буд, ки вай рӯзи 1-уми апрели соли 2020 фавтид. Баъди марг ба пизишкон гуфтаанд, ки натиҷаи «тест»-и Ҳ.Ш. манфӣ баромад, аммо варақаи «тест» ба дасти пизишкону пайвандони Ҳ.Ш. нарасид.

Алишер Абдукаримов, муовини сартабиби беморхонаи Ҷаббор Расулов
Акс аз муаллифон

Ба гуфтаи Алишер Абдукаримов, баъди ду рӯзи марги Ҳ.Ш. 4-5 ҳамшира пайи ҳам аз сулфа ва дарди гулӯ шикоят карданд. Ҳарорати бадани Абдукаримов ҳам баланд шуд. Расонидани ин хабар ба идораи беҳдоштии Суғд, ба гуфтаи муовини сартабиб, мисли «бонги хатар» буд. Масъулини идораи беҳдоштӣ фавран 11 пизишк ва наздикони Ҳ.Ш – ро дар беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд карантин карданд. Масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрели соли 2020 ба карантин гирифтани пизишкони беморхонаи Ҷ. Расуловро тасдиқ карданд ва гуфтанд,   (бойгонӣ) муовини сартабиб Алишер Абдукаримов ҳам таби баланд дорад.

Баъд аз марги Ҳ.Ш. шумори фавтидаҳо бо ташхиси илтиҳоби шуш дар ноҳияи Ҷ. Расулов якбора афзоиш ёфт. Танҳо дар моҳи апрел дар ин ноҳия 6 нафари дигар бо нишонаҳои якхелаи «илтиҳоби шуш» фавтиданд.

Амонулло Нуралиев, нигаҳбони қабристони деҳаи «Гулафшон» мегӯяд, моҳи апрели соли гузашта, баъд аз марги Ҳ.Ш. деҳа ба карантин гирифта шуд. Ба гуфтаи Нуралиев, А.Ҷ. - сокини дигари деҳаи мазкур ҳам фавтид ва дар зери чораҳои эҳтиётӣ дафн шуд.

Ба иттилои расмӣ, то охири моҳи ноябри соли гузашта дар ноҳияи Ҷ. Расулов чаҳор нафар расман қурбонии COVID-19 сабт шуда, 21 нафари дигар аз илтиҳоби шуш даргузаштааст. Фавт дар ин ноҳия дар даҳ моҳи соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 125 адад бештар шудааст. Мақомоти ноҳияи сабаби афзоиши фавтро шарҳ намедиҳанд.

Истаравшан: «Ҳақ надорем оид ба COVID-19 суҳбат кунем»

Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар як суҳбат бо хабаргузории «Азия-Плюс» (бойгонӣ) Истаравшанро аз минтақаҳои осебпазир дар баробари пандемия арзёбӣ карда буд. Аммо масъулини ин шаҳр мегӯянд, то моҳи ноябри соли 2020 ҳеч ҳолати фавтро аз COVID-19 сабт накардаанд. Бо ин вуҷуд, мақомот тасдиқ мекунанд, ки дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 фавт аз илтиҳоби шуш қариб чаҳор баробар афзоиш ёфтааст.

Агар дар даҳ моҳи соли 2019 дар Истаравшан ҳамагӣ 30 мавриди фавт аз пневмония ё илтиҳоби шуш сабт шуда бошад, дар соли 2020 шумори фавтидаҳо аз ин беморӣ ба 113 нафар расидааст. Шумори қурбониён аз норасогии шадиди дилу шуш ҳам аз 130 нафар ба 200 нафар боло рафтааст. 

Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан
Акс аз муаллифон

Бархе аз масъулини Истаравшан низ ба набуди фавт аз COVID-19 дар ин шаҳр шубҳа доранд. Як масъули идораи САҲШ-и ноҳия гуфт, дар ҳоле ки хабарҳои зиёде дар бораи фавти сокинон аз COVID-19-ро мешунавад, вале дар санадҳое, ки пизишкон медиҳанд ягон ҳолати фавт аз коронавирус нест. «Мо ҳам ҳайронем», - гуфт масъули идораи САҲШ.

Оромгоҳи «Гузари чилуяк» дар маҳаллаи «Зафар»-и шаҳри Истаравшан, як қабристони хурд аст. Нигоҳбон мегӯяд, танҳо дар ин қабристон се ҷасадро «селофанпеч» оварда, дафн карданд. Ба нигоҳбони оромгоҳ гуфтаанд, ин афрод аз «вирус» фавтидаанд. Фавтидагон аз 58 то 72 сол доштаанд ва дар моҳҳои сентябр, октябр ва ноябр фавтидаанд. Рӯ ба рӯи ин оромгоҳ қабристони бузургтаре воқеъ аст. Ба гуфтаи нигоҳбони он, дар ин қабристон қариб  10  нафарро зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дафн кардаанд.

Мақомоти тандурустии шаҳри Истаравшан нахостанд, дар бораи сабабҳои афзоиши фавти сокинон суҳбат кунанд. Дар маҷмуъ дар шаҳри Истаравшан дар даҳ моҳи соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 фавт 200 ҳолат бештар шудааст.

Марги ду ҳамсоя бо як нишона: яке COVID-19 дигаре норасогии кори дил

Дар ноҳияҳои дигари вилояти Суғд, аз ҷумла Исфара низ омори фавти сокинон дар соли 2020 афзоиш ёфтааст. А. О., сокини 69-солаи шаҳри Исфара рӯзи 21 сентябри соли 2020 фавтид. Пизишкон сабаби марги А.О.-ро «норасогии шадиди кори дилу рагҳо. Илтиҳоби шадиди паҳншудаи шушҳо вобаста ба COVID-19» навиштаанд. Ҳамсари А.О. - Мубинахон О. гуфт, шавҳараш нишонаҳои зуком дошт ва баъдан ҳарораташ баланд шуду нафаскашиаш ҳам мушкил гардид. Ба гуфтаи пайвандон, ҷасади А.О.-ро аз беморхона мустақим ба қабристон бурда, таҳти чораҳои эҳтиётӣ дафн карданд. А.О. ҳамсояи А.С., яке аз қурбониёни расмии COVID-19 дар Исфара аст. Манзили онҳо дар фосилаи 500 метр аз ҳамдигар қарор дорад. Исми А.С. ҳамчун қурбонии COVID-19 сабт шудааст, аммо А.О.-ро ҳамчун фавтида «аз норасогии кори дилу рагҳо» қайд кардаанд.

 

Беморхонаи марказии шаҳри Исфара
Акс аз муаллифон

Таибиддин Мухаммедов, сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Исфара аз суҳбат дар бораи вазъи беморӣ худдорӣ кард. Мухаммедов танҳо инро тасдиқ кард, ки гирифторӣ ба илтиҳоби шуш дар соли 2020 назар ба як соли пеш дар Исфара афзоиш ёфтааст. Вале вай нагуфт, сабаби афзоиши илтиҳоби шуш дар чист.

Дар қабристонҳои шаҳри Исфара воқеияти дигаре мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи нигаҳбонони қабристонҳо, танҳо дар оромгоҳҳои «Ғарибон» ва «Саиди Сарбараҳна»-и ин шаҳр 10 нафарро зери чораҳои эҳтиётӣ дафн кардаанд.  Дар маҷмӯъ, дар даҳ моҳи соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 дар шаҳри Исфара 93 ҳолати марг зиёдтар сабт шудааст. Мақомоти Исфара сабаби зиёдшавии марги сокинонро шарҳ надоданд.

Қабрҳои «C20» дар Хуҷанд

Шаҳри Хуҷанд - маркази вилояти Суғд - аз маконҳои доғи гирифторӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон гуфта мешуд. Аз 10 ҳазору 574 нафаре, ки дар Тоҷикистон то рӯзи 20 октябри 2020 ба коронавирус сироят ёфтанд, 4 ҳазору 650 нафарашон дар шаҳри Хуҷанд будаанд (бойгонӣ). Идораи САҲШ-и шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки дар 11 моҳи соли 2020 - 1 нафар аз COVID-19 фавтидааст.

АКС: “Гунбази қошуқ”-яке аз калонтарин қабристонҳо дар шаҳри Хуҷанд
Акс аз муаллифон

Аммо дар ин муддат фавт аз дигар бемориҳо дар Хуҷанд то 4 баробар афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, теъдоди фавтидагон «аз норасогии кори дилу рагҳо» дар 11 моҳи соли 2020 назар ба як соли пеш аз 132 ба 375 нафар зиёд шудааст. Омори фавт «аз норасогии кори дилу шушҳо» нисбат ба соли 2019 аз 48 ба 178 расидааст.

Як далели дигаре, ки иттилои расмиро дар бораи омори фавти сокинон аз COVID-19 зери шубҳа қарор медиҳад, нишонагузории қабрҳои афроди фавтида аст. Дар соли 2020 бархе аз қабрҳоро дар Хуҷанд нишонии «C20» гузоштан, баъзе қабрҳои дигарро сементпӯш карданд.

Қабрҳои C20 дар Хуҷанд
коллаж

Нигоҳбонҳои ду қабристон ва ҳам масъули идораи дафн тасдиқ карданд, ки ин нишона барои қабри шахсони фавтида аз коронавирус аст. Ба гуфтаи нигоҳбонон, «нишона ба он хотир гузошта мешавад, ки дар оянда ин гуна қабрҳоро накушоянд». Дар шаҳри Хуҷанд анъанае роиҷ аст, ки баъд аз гузашти беш аз даҳ сол, бо хоҳиши наздикони шахси фавтида, қабри ӯро мекушоянд ва ҷасади нафари дигареро аз пайвандон дафн мекунанд.

Нигаҳбонони ду қабристон дар шаҳри Хуҷанд номи 27 нафареро руйхат кардаанд, ки дар зери чораҳои эҳтиётӣ дафн шуданд, ки қабри қисме аз онҳо нишонии С20 доранд ва қисми дигар бетонпӯш шудааст. Исми баъзе аз онҳо ба мисли Лола Бобоева қаблан ҳамчун қурбонии COVID-19 ба расонаҳо роҳ ёфта буд.

Аз рӯи омори марг шаҳри Хуҷанд дар миёни 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд аз рӯи афзоиши фавт дар ҷойи аввал аст. Дар даҳ моҳи соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд нисбат ба соли 2019 233 ҳолати марг бештар ба қайд гирифта шудааст.

Ҷовид Хоҷазод, аз ҷумлаи нафаронест, ки ба гуфтаи худаш ҳеч гоҳ коронавирусро (COVID-19) фаромӯш намекунад. Ӯ дар соли 2020, модар ва ҳамсарашро аз даст дод. Худи Ҷовид ва бародару падараш ҳам бемори якхела шуданд. Ҳамсари Ҷовид, Шоира Бузрукова, сардухтури таваллудхонаи вилояти Суғд буд, ки расонаи чинии «Садои Осиё» ба нақл аз манбаъҳои худ гуфт, (бойгонӣ) ӯ аз сирояти коронавирус фавтидааст.

Шоира Бузрукова
Акс аз торнамои Вазорати тандурустӣ

Шавҳари Бузрукова афзуд, ҳамсарашро зери чораҳои эҳтиётӣ дафн карда, дар санадҳо сабаби марги ӯро «илтиҳоби шуш» навиштанд. Сабаби марги модари Ҷовид Хоҷазодро ҳам ба гуфтаи худаш, илтиҳоби шуш арзёбӣ карданд. Мақомоти тандурустӣ дар шаҳри Хуҷанд сабабҳои афзоиши фавти сокинонро дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 шарҳ намедиҳанд.

Худдории мақомот аз шарҳи сабабҳои афзоиши фавт дар ҳолест, ки даргузашти сокинон аз илтиҳоби шуш дар вилояти Суғд соли 2020 ба таври назаррас афзудааст. Агар дар 9 моҳи соли 2019 дар вилояти Суғд ҳамагӣ 13 нафар аз зуком, ОРВИ (сирояти шадиди вирусии роҳҳои нафас) ва илтиҳоби шуш фавтида бошад, пас дар 9 моҳи соли 2020 ин рақам ба 362 мерасад.

Хатлон: Ҷасадҳоро шабона дафн мекарданд

Таҳқиқи мо дар панҷ шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон низ собит кард, ки фавти аҳолӣ дар ин минтақа назар ба соли 2019 ба таври чашмрас афзоиш ёфтааст. Ба нақли масъулони оромгоҳҳо, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳолатҳои зиёде буд, ки ҷасадҳоро зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дафн мекарданд. Бар асоси омори расмӣ дар панҷ шаҳру ноҳияи ин вилоят фавт аз илтиҳоби шуш якбора афзоиш ёфтааст. 

Беморхонае дар вилояти Хатлон
Акс аз муаллифон

Масъулини Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ гуфтанд, дар даҳ моҳи соли 2020 дар ин ноҳия 30 нафар бо ташхиси илтиҳоби шуш фавтидааст. Марги 14 нафари онҳо дар як муддати кутоҳ - аз 2 май то 20 май рух додааст.

Амиралӣ Сафаров, нигоҳбон ва гӯркови яке аз қабристонҳои ноҳияи Восеъ гуфт, танҳо дар оромгоҳе, ки вай масъулаш аст, ҳудуди 10 нафарро шабона пизишкон оварда, дафн карданд.

«Дар замони авҷи коронавирус – моҳҳои май ва июн имомхатиби ноҳия супориш дод, ки қабрҳоро пешакӣ тайёр кунем. Ҳамон вақт 6 қабрро пешакӣ кандам. Як сокини ноҳияро, ки дар Душанбе зиндагӣ мекард, нимашаб духтурон оварда дафн карданд. Гуфтанд, ки аз «коронавирус» фавтидааст. Вақти ба хок супоридан, бародари майит низ буд. Се рӯз пас хабар омад, ки вай ҳам мурдааст», – гуфт нигоҳбони қабристон.

 

Идораи САҲШ-и ноҳияи Восеъ мегӯяд, дар 11 моҳи соли 2020 - 946 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба як соли пеш 231 нафар бештар аст.

Қабрҳои пешакӣ кандашуда дар Кӯлоб
Акс аз муаллифон

Дар шаҳри Кӯлоб низ фавт аз илтиҳоби шуш дар соли 2020 якбора зиёд шудааст. Агар дар 11 моҳи соли 2019 дар ин шаҳр ва чаҳор ҷамоати он ҳамагӣ 10 нафар аз илтиҳоби шуш фавтида бошанд, дар ҳамин давраи соли 2020 шумори ҷонбохтагон аз «илтиҳоби шуш» ба 68 нафар расидааст. Дар инҷо низ ба ҷуз аз ду нафар, фавти беморони дигар аз илтиҳоби шуш аз моҳи апрели соли 2020 оғоз шудааст. Дар маҷмуъ, теъдоди фавтидагон дар шаҳри Кӯлоб дар 11 моҳи соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 - 405 нафар бештар аст. Мақомот сабаби афзоиши фавтро шарҳ намедиҳанд.

Тағйири шакли илтиҳоби шуш аз бактерологи ба вирусӣ

Дар миёни шахсоне ки дар шаҳри Кӯлоб аз илтиҳоби шуш фавтидаанд, онҳо ҳам зиёданд, ки сабаби маргашон «илтиҳоби шадиди вирусии шушҳо» сабт шудааст.

«Пештар беморони илтиҳоби шуш дар беморхонаҳои сироятӣ табобат намешуданд, онҳо ҳамаашон дар беморхонаҳои маъмулӣ табобат мегирифтанд. Имсол ҳамаи онҳое, ки дар беморхонаи сироятӣ табобат гирифтанд, онҳое буданд, ки илтиҳоби шуши бо сабаби коронавирус зуҳуркарда доштанд», - гуфт Абдукарим Шокиров, сардухтури Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб.

Дар шаҳри Бохтар - маркази вилояти Хатлон - гирифторӣ ва фавт аз илтиҳоби шуш дар соли 2020 аз минтақаҳои дигар фарқе намекунад. Дар Беморхонаи сироятии вилоятии Бӯрӣ Воҳидов, дар соли 2019 ҳеч ҳолати гирифторӣ ба илтиҳоби шуш набудааст, аммо соли 2020 дар беморхона 344 нафар бо ташхиси илтиҳоби шуш бистарӣ шудаанд. Аз ин теъдод 27 нафар фавтидааст.

Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб

Ба гуфтаи масъулин, ташхис гирифтории чаҳор нафари онҳоро ба COVID-19 тасдиқ кард.

Агар дар вилояти Суғд дар шароити пандемияи COVID-19 омори фавт аз илтиҳоби шуш якбора боло рафта бошад, дар вилояти Хатлон фавт аз бемориҳои роҳҳои нафас, вайроншавии рагҳои хунгарди майнаи сар ва ишемияи дил афзоиш ёфтааст.

Душанбе -700 марг бештар назар ба як соли пеш

Шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аз оғози пандемия яке аз минтақаҳои осебпазир дар баробари COVID-19 арзёбӣ мешуд. Дар муқоиса ба минтақаҳои дигари кишвар хабари марги сокинон бо нишонаҳои коронавирус бештар аз Душанбе пахш мешуд. Оморҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки фавти сокинон дар соли 2020 аз илтиҳоби шуш дар Душанбе ҳам зиёд шудааст. Агар дар 9 моҳи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 12 нафар аз илтиҳоби шуш фавтида бошад, дар ҳамин давраи соли 2020 шумори фавтидаҳо ба 400 расидааст. Мақомот марги бисёре аз чеҳраҳои шинохтаро аз илтиҳоби шуш гуфта буданд. Аммо ҷасади бисёре аз чеҳраҳои шинохта ба пайвандонашон дода нашуда аз сӯи пизишкон мустақим ба қабристон бурда, дафн гардиданд. Теъдоди фавт дар шаҳри Душанбе дар 9 моҳи соли 2020 назар ба як соли пеш ҳудуди 700 нафар афзудааст.

Навиштае дар нақлиёти Ситоди мубориза бо COVID-19

Масъулини Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе аз шарҳи афзоиши фавти сокинон худдорӣ карданд. Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар посухи худ танҳо сабабҳои фавт дар соли 2019-ро пешниҳод карда, аз ироаи сабабҳои фавти сокинон дар 9 моҳи соли 2020 худдорӣ карданд. Иттилоъ дар бораи болоравии фавт аз илтиҳоби шуш дар ш. Душанбе аз Оҷонсии омори назди президенти Тоҷикистон дастрас шуд.

90 нафар қурбонии COVID-19 ва 1788 илтиҳоби шуш ва ОРВИ

Вазъи COVID-19 дар миқёси ҷумҳурӣ хулосаи ҳамон чизе аст, ки дар минтақаҳо ба назар мерасад. Омори фавт аз коронавирус хеле кам, вале теъдоди шахсони фавтида танҳо аз илтиҳоби шуш 2,5 баробар бештар аст. Ба иттилои Оҷонсии омор, агар дар 9 моҳи соли 2019 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 720 нафар аз ОРВИ (сирояти шадиди вирусии роҳҳои нафас), зуком ва илтиҳоби шуш фавтида бошад, дар 9 моҳи соли 2020 теъдоди фавтидагон аз ин бемориҳо ба 1788 расидааст. Ба ҳисоби дигар, дар соли 2020 нисбати соли 2019 фавт аз зуком, ОРВИ (сирояти шадиди вирусии роҳҳои нафас) ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон 1068 ҳолат бештар будааст. Фавт аз бемориҳои роҳҳои нафас низ наздики 300 ҳолат афзудааст.

Афзоиши бесобиқаи фавт аз илтиҳоби шуш дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон танҳо 90 нафарро қурбонии COVID-19 ҳисоб мекунад. Вазорати тандурустӣ аз посух ба суолҳои мушаххас дар бораи сабабҳои афзоиши фавт аз илтиҳоби шуш, бемориҳои роҳҳои нафас худдорӣ кард.

Нуктаи дигари баҳсбарангез ҷаҳиши якборагии фавт дар Тоҷикистон дар соли 2020 нисбат ба, ҳадди ақал, се соли пеш аст. Дар 9 моҳи солҳои 2017, 2018 ва 2019 омори фавт дар Тоҷикистон каме зиёд ё камтар аз 24 ҳазор буд. Аммо дар 9 моҳи соли 2020 теъдоди фавтидагон қариб ба 29 ҳазор расидааст.

Камбуди «тест» - яке аз мушкилиҳои Тоҷикистон дар давраи пандемия

Пизишкон мегӯянд, танҳо дар ҳолате метавонанд, ба шахси фавтида ташхиси COVID-19 гузоранд, ки дар даст натиҷаи мусбӣ будани  « тест»-и ӯро дошта бошанд. Дар ноҳияҳои калонтарини Суғду Хатлон камбуди тест ба назар мерасад. Масъулини Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии (КАТС) ноҳияи Бобоҷон Ғафуров моҳи октябри соли 2020 аз вазири тандурустӣ дархост кардаанд, ки барояшон таҷҳизоти тиббӣ ва «тест» фиристода шавад. Дар мактуб омадааст, барои саривақт муайян кардани бемории COVID-19 шаш ҷамоати ин ноҳия ба таҷҳизоти зарурӣ аз ҷумла тестҳои антители ниёз доранд.

Дар ҳоле, ки пизишкон дар ноҳияи Б. Ғафуров ба таҷҳизоти ренгтгенӣ ва «тест» ниёз доранд, роҳбари КАТС-и ин ноҳия мегӯяд, ягон ҳолати фавт аз COVID- 19-ро сабт накардаанд.

Мушкили камбуди тест дар вилояти Хатлон низ мушоҳида мешавад. Раҷабалӣ Қурбонов, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор дар суҳбат гуфт, дар оғози пандемия мушкили «тест» вуҷуд дошт. Ба ҳамин далел сардухтур мегӯяд, 8 нафаре, ки дар моҳи майи соли 2020 бо ташхиси илтиҳоби шуш фавтиданд, дар воқеъ чӣ беморӣ доштанд. Дар ноҳияи Фархор низ, ба монанди ноҳияи Б. Ғафуров, ҳеч ҳолати фавт аз COVID-19 сабт нашудааст.

Дар як гузориши Созмони Миллали Муттаҳид дар моҳи июл зикр шудааст, ки «коҳиши теъдоди беморон аз коронавирус дар Тоҷикистон метавонад, ба заъфи иқтидори санҷишӣ дар кишвар рабт дошта бошад».

Чаро дар Тоҷикистон фавт аз илтиҳоби шуш зиёд шуд?

Таҳқиқ муайян кард, ки омори фавт дар соли 2020 дар Тоҷикистон асосан аз бемориҳое зиёд шудааст, ки паёмади сироят ба коронавирус гуфта мешаванд. Аз ҷумла илтиҳоби шуш, норасоии кори дилу рагҳо, норасоии кори дилу шушҳо ва бемориҳои роҳҳои нафас.

Масъули як бемористон, ки бо шарти зикр нашудани номаш ба мо суҳбат кард, гуфт, бемор на аз COVID-19, балки  аз паёмади он мефавтад.

«Барои он фавт аз илтиҳоби шуш дар соли 2020 бештар шуд, ки вақте вирус ба бадани инсон ворид мешавад, аввал роҳҳои нафас осеб мебинанд. Системи эминии бадан дар натиҷаи вуруди вирус ба шуш барои пешгирӣ, рагҳои хунгарди шушҳоро васеъ мекунад то хун ба шуш бештар потан (антитела) барад ва вирусро нобуд кунад. Вақте рагҳои шуш васеъ мешаванд ва хуни зиёд ба шуш меояд, шуш наметавонад саривақт онро аз кислород ғанӣ карда, баргардонад. Дар ниҳоят зардоби хун дар шуш таҳшин мешавад ва шахс аз сабаби норасоии кори шушҳо ё дил мефавтад», - гуфт масъули бемористон.

Бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ
Акс аз торнамои вазорат moh.tj

Чаро оморҳои Вазорати тандурустӣ боиси афзоиши шубҳаҳо шуданд?

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон маълумоти марбут ба COVID-19-ро комилан дар инҳисор дорад. Ин ниҳод ба муассисаҳои тобеаш - сардорони раёсатҳои тандурустӣ дар минтақаҳо иҷозат надодааст, ки дар бораи қурбониёни COVID-19 бо расонаҳо суҳбат кунанд.

Ҳамчунин вазорат дар бисёре аз ҳолатҳо варақаи натиҷаи ташхисро на ба бемор ва на ба пизишкон намедиҳад. Дар бораи натиҷаи « тест» тариқи телефон хабар медиҳад. Дар чунин ҳол наметавон, бо қатъият гуфт, ки омори воқеии сироятёфтагон ва фавтидагон аз пандемияи коронавирус ба ҷомеа расонида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.