Имрӯз коргардони маъруфи филмҳои мустанад ва асосгузори аниматсияи кинои тоҷик Мунаввар Мансурхоҷаев дар синни 81 солагӣ аз дунё даргузашт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, аз даст додани чунин коргардони маъруф талафоти бузур аст. Ӯ гутф, «Мунаввар Мансурхоҷаев муддате бемор буданд ва имрӯз дар моҳи мубораки Рамазон дунёро падруд гуфтанд, ки барои мо аҳли ҳунар хеле андуҳгин аст. Ва ба пайвандон ва ҳамкасбони марҳум таслияти амиқамонро изҳор медорем!».
Сафар Ҳақдод инчунин мегӯяд, ки Мунаввар Мансурхоҷаев на танҳо коргардони маъруфи филмҳои мустанад ва асосгузори аниматсияи кинои тоҷик , блаки раиси собиқи Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон буданд.
Ҳамзамон ӯ гуфт, ки коргардони маъруфи тоҷик, бааъди намози асрим имрӯз дар Душанбе ба хок супорида мешавад.
Ин коргардони маъруф соли гузашта дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки орзуҳое зиёде дорад, ки амалӣ нашудаанд.
«Орзуҳои зиёде доштам, ки мутаассифона, амалӣ нашуданд. Яке аз нақшаҳоям ин буд, ки шогирдони зиёдро дар соҳаи мултипликатсия тайёр кунам. Онҳо дар Тоҷикистон фаъолият кунанду ин соҳаро инкишоф диҳанд, лекин амалӣ нашуд. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ҳама пароканда шуданд».
Ӯ ҳамзамон гуфта буд, ки Агар бо раисҷумҳур вохӯрад барои рушди соҳа аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ҳаққи заҳматкашонро сари вақт пардохт намоянд.
«Хоҳиши аввалинам – гуруҳҳои эҷодиро ҷамъ кунем, то филмҳои зиёди тасвирӣ таҳия созем. Дуюм – навомӯзонро барои таҳсил ба хориҷа равон кунем. Сеюм – ҳаққи заҳматашонро саривақт бипардозем».
Гуруҳи расонаҳои Азия-Плюс марги ин ҳунарманди шаҳири тоҷикро барои ҷомеаи ҳунарии Тоҷикистон ва ба тамоми наздикону пайвандонаш таслият арз мекунад ва дар ин мусибати сахт барояшон сабру бурдаборӣ мехоҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Расонаҳои Афғонистон аз сафари як ҳайати Тоҷикистон ба Кобул хабар медиҳанд
“500 ҳазор сомонӣ зарар кардам”. Савдогарони бозори сӯхтаи “Гулистон”-и Панҷакент дар бораи зарар ва қарзҳояшон гуфтанд
Раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд мулоқот ва машварат мекунанд
Таноқуз дар чорводорӣ: Истеҳсол зиёд шудааст, аммо нарху воридот ҳам афзоиш ёфтааст
Вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш дар Исломобод мулоқот кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 ноябри соли 2025
Консулҳои Тоҷикистон дар чор музофоти Русия ва як шаҳри Қазоқистон нав шуданд. Онҳо кистанд?
Ҷузъиёти кушта ва захмӣ шудани ду ноболиғ дар пайи ҷанҷоли гурӯҳи наврасон дар Душанбе
Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон–2025" шурӯъ шуд
Завқӣ Завқизода аз мансаби вазири рушди иқтисод озод ва сафир дар Амрико таъин шуд. Боз киҳо аз вазифа озод шуданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста