Бар асари борони пуршиддати бегоҳии 6-уми май дар чанд рӯдхонаи ноҳияи Ашт сел омадааст, ки хисороти бузурге бар ҷой гузоштааст. Беш аз 8 км роҳ ва 10 пул дар ин ноҳия тахриб шудаанд. Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия мегӯяд, ки ин селхезиҳо талафоти ҷонӣ надорад.

Бориши шадиди борон тақрибан соати 17:50 дақиқаи бегоҳии 6-уми май оғоз шуда, боис ба омадани сел ва боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаи ҷамоатҳои деҳоти Ашт, Пунук, деҳаи Ғудосии Ошоба шудааст.

Диловар Ҳамдамов, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ноҳияи Ашт дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт бар асари селфароӣ асосан роҳҳои мошингард, қисман пулу хонаҳо зарар дидааст. Вале ӯ мегӯяд, ҳоло омори хонаҳои аз селфароӣ зарардида дақиқ нест ва ин омори пешакӣ буда, комиссия дар ин самт корро оғоз кардааст. 

“Дар натиҷаи селфароӣ асосан роҳҳои автомобилгард ва пулҳои маҳаллӣ зарар дидааст. Аз ҷумла дар ҷамоати Ашт тахмин 8 километр роҳ,  дар ҷамоати Пунук тахмин 700 метр роҳ,  дар деҳаи Ғудоси ҷамоати Ошоба тахмин 1 километр роҳ қисман вайрон шудааст. Танҳо дар ҷамоати деҳоти Ашт 10 пули хурду калон вайрон шудааст”-гуфт, Диловар Ҳамдамов.
1/9

Дар ҳамин ҳол, Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар як маълумоти фаврӣ гуфтааст, сатҳи об дар сойҳо каме паст фаромада,  вале дар роҳҳои вайроншуда  имкони ҳаракати воситаи нақлиёт мавҷуд нест.

Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, бо мақсади ҳифзи аҳолӣ дар минтақаҳои мазкур навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, таҳти назорати Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Ашт қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.