Ҳукумати Вилояти мухтори Кӯҳистон хабар додааст, ки Исмоили Маҳмадзоир, наберераи Эмомалӣ Раҳмон ба 500 хонаводаи ниёзманд дар ин вилоят ёрии ғизоӣ кардааст.

Ҳарчанд дар хабарномаи ҳукумати ВМКБ Исмоили Маҳмадзоир "соҳибкори ватании сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон" муаррифӣ шудааст, аммо чанд рӯзи ахир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ёриҳои ин набераи президент ба мардуми ниёзманд хабару аксҳо нашр мешавад.

1/7

Аз ҷумла чанд рӯз пеш хабаре ба зарардидагони ноҳияи Абдураҳмонии Ҷомии вилояти Хатлон ёрӣ расонидани Исмоили Маҳмадзоир низ расонаӣ шуда буд.  

Ба гуфтаи масъулони ҳукумати вилоят Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон "ба соҳибкории ҷавони шаҳри Бохтар барои кумак ба табақаи ниёзманди вилоят изҳори сипос баён намуданд".

Ҳукумати ВМКБ гуфтааст, ки "ин иқдом дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат баҳри дастгирии афроди камбизоат рӯи кор омада, дар арафаи Иди саиди Фитр дастрас гардид. Кумак аз қабили картошка, шакар, равған, биринҷ ва макарон буда он дастраси оилаҳои ниезманди вилоят мегардад".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.