Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини сарвазири Тоҷикистон бар асоси як фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз мақомаш барканор ва сафири нави Тоҷикистон дар Русия таъин шудааст.

Ин фармон имрӯз, 2-юми август содир ва дар торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон нашр шадуааст.

Ҳамчунин бо як фармони дигари раисҷумҳур Имомуддин Сатторов аз мақоми сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон ва Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барканор шудааст. 

Дар фармон далели барканории Сатторов "гузаштан ба кори дигар" ишора шудааст, аммо фармони таъиноти ӯ дар мақоми наве то кунун нашр нашудааст.

Ҳамчунин бар асоси фармонҳои президенти Тоҷикистон Файзулло Холбобоев аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова озод ва Давлаталӣ Назризода сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ҳамзамон сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Молдова таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.