Кумитаи идораи замини вилояти Суғд  дар пайи афзудани шикоятҳо нисбат ба амалкарди масъулини ин ниҳод ва ошкор шудани қонунвайронкуниҳои замин  чанд раису муовинони кумита дар шаҳру ноҳияҳоро аз мақом барканор кардааст.

Масъулини ин кумита мегӯянд, аз ин баъд чунин қонуншиканиҳоро беҷазо нагузошта, чораҳои қатъии интизомӣ то аз мансаби роҳбарӣ сабукдӯш карданро рӯйи даст мегиранд.

Ҷамшед Умарзода, муовини аввали раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ гуфт, ки шикоятҳо нисбат ба масъулини зери раҳбарияшон кам нест.

Ӯ гуфт дар пайи шикояти аҳолӣ ва ошкор шудани қонунвайронкуниҳо дар мавриди ҷудо намудани замин раиси Кумитаи идораи замин дар шаҳри Панҷакентро аз мақом барканор карданд. Ду муовини раисони кумита дар ноҳияҳои Ашту Зафаробод ҳам бо чунин ҷурм аз вазифа сабукдӯш шудаанд.

Умарзода гуфт, дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Кӯҳистони Мастчоҳ шикоятҳо нисбати масъулин зиёд шудааст.

“Аризаҳо кам ё зиёд намешавад, мо бояд ба маҳалҳо рафта мушкилоти мардумро дар ҷояш ҳал кунем. Мо кӯшиш мекунем, ки нисбати кам кардани қарорҳои ғайриқонунӣ назорат барем ва корҳои пешгирикунандаро ба роҳ мемонем. Дар ин самт, нисбати роҳбарони Кумитаи идораи замин ва корхонаи фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул алакай чораҳои интизомӣ то аз вазифа озод карданро андешидаем”,-гуфт Умарзода.  

Мавзуйи ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди манзил ё хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дар ин замина бекор шудани даҳҳо қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо аз сӯйи додситонӣ тайи чанд соли охир ба як масъалаи доғ табдил ёфтааст. Ахиран додситони вилояти Суғд Фурқат Хоҷазода низ дар нишасти хабарияш гуфт, дар шаш моҳи имсол ба 240 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварданд, ки 188 адади он марбут ба масъалаи ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди манзили шахсӣ, дигар иншоотҳо ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонии кооперативӣ-истеҳсолӣ мебошад.

Оҷонсии зиддифасод дар Сугд  бошад, имсол 32 ҷинояти коррупсионии кормандони Кумитаи идораи заминро ошкор кардааст, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 12 ҷиноят будааст.

Дар ҳамин ҳол Ҷамшед Умарзода, муовини аввали раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд афзуд онҳо низ дар нимсолаи аввал беш аз 20 пешниҳоди худро бобати бекор кардани қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ирсол карданд ва қисми зиёди он қарорҳо бекор карда шудааст. Ӯ гуфт ҳамасола таҳлил мекунанд, ки бо кадоме аз омилҳо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бекор карда мешаванд.

“Таҳлилҳои бисёр нишон медиҳад, ки нафақат қарорҳо оид ба замин хилофи қонун мебарояд. Масалан аз тарафи сардорони шӯъбаҳои меъмории шаҳрсозӣ  хулосаҳо медиҳанд ба қонун мухолифат мекунад ва эътироз оварда мешавад. Ё худ нисбати эҳтиёҷмандон вақте қарор мебарояд оид ба ҷудо намудани заминҳои наздиҳавлигӣ эҳтиёҷмандии ин шаҳрвандон ғайриқонунӣ ҳисоб карда шуда эътирозҳо меоранд.”

Ҳолатҳои ошкорёбии ҳодисаҳои коррупсионии заминфурӯшии масъулини кумитаи замин сари ҳар чанд вақт расонаӣ мешавад ва бино ба иттилои ахири додгоҳи вилояти Суғд дар шаш моҳ нисбат ба ду корманди ин кумита бо чунин ҷурм ҷазо додаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.