Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти кӯтоҳ, хабари ба Тоҷикистон омадани Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистонро рад кард. Дирӯз, Саҷҷод Нуристонӣ, корманди идораи умури раёсатҷумҳурии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба "Азия-Плюс" хабар дода буд, ки Ашраф Ғанӣ аз Кобул ба Тоҷикистон ва аз он ҷо ба кишвари сеюм рафт.
Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки "ҳавопаймои ҳомили ҷаноби Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба фазои ҳавоии Тоҷикистон ворид нашудааст ва дар ҳудуди кишвар фуруд наомадааст. Ҳамчунин таъкид мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон чунин дархости дахлдор нагирифтааст".
Такзиби хабари ба нахуст ба Тоҷикистон омадани ҳавопаймои ҳомили раисҷумҳури собиқи Афғонистон аз сӯйи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки дирӯз Радиои Озодӣ ҳам бо такя ба ду манбаъ гуфта буд, ки Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон омадааст.
Дирӯз, Саҷҷод Нуристонӣ, корманди дастгоҳи ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз Кобул ба "Азия-Плюс" хабар дод, ки Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон рафт ва аз он ҷо ба кишвари сеюм меравад.
Ба гуфти Нуристонӣ, ҳамроҳ бо Ашраф Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб мушовири амнияти милии ӯ ва Фазлмаҳмуд Фазлӣ раиси идораи умур ё дастгоҳи иҷроияи Ғанӣ низ будаанд.
Баъдан ҳамин манбаъ ба "Азия-Плюс" гуфта, ки Ашраф Ғанӣ ба Умон расид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ҲАМОС розӣ шуд гаравгонҳоро озод кунад. Трамп аз Исроил хост, фавран ҳамла ба Ғазза қатъ кунад
Нахустин мураттиби “Сармашқ” бо забони тоҷикӣ. Масири як муаллимаи тоҷик, ки умри худро фидои таълиму тарбия кард
“Эроди хусур ва ғазаби модар”. Додситонии Хатлон сабаби куштори фарзанд аз дасти модар дар Қубодиёнро шарҳ дод
Насби суръатсанҷ ва дурбинҳои назоратӣ дар роҳҳои байнишаҳрии Тоҷикистон
Ҷомеа ҳам шаппотӣ задани хонанда ва ҳам оғози парванда алайҳи омӯзгорро маҳкум мекунад
“Аз 7 то 75-солагӣ дар хидмати адабиёт аст”. Гузориш аз маҳфили Латофат Кенҷаева дар Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 октябри соли 2025
“Қатор”- и эътирофҳо Фаластинро аз “чангол”-и Исроил наҷот медиҳад?
Оғози баррасии парвандаи Парвиз Одинаев, ки ба азият ва куштори писараш гумонбар аст
Омбудсмени Тоҷикистон бо шароити нигаҳдории маҳбусон дар зиндони Ваҳдат шинос шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста