Аҳолии як шаҳрак дар шимолии Тоҷикистон мунтазири зудтар ба по хестани корхонаи фалаҷшудаи маъдани “Адрасмон” шудаанд. Ин корхонаи замоне “шаҳрсоз” соли 2013 варшикаста гардида, дар пайи як баҳси додгоҳӣ аз моликони қазоқистонӣ гирифта шуду давлатӣ гардид.

Дар фосилаи ҳашт сол даҳҳо сармоягузорони хориҷӣ аз корхона дидан кардаву барои идомаи кор ҳавасманд ҳам шудаанд. Аммо ба гуфтаи коргарон “дар боло чӣ мегузарад намедонанд”, аммо сармоягузорон аз идомаи кор даст мекашанд. Ҳоло садҳо нафар мунтазири азсаргирии фаъолияти корхонаи маъдани “Адрасмон” нишастаанд.

“Бо умеди ваъдаҳо кор мекунем”

Бист соли умри Асатилло Ҳабибови 67-сола дар корхонаи маъдани “Адрасмон” ба ҳайси сарпосбон сипарӣ мешавад. Қаблан ин корхона ба ӯ ва беш аз 700 сокини шаҳраки Адрасмон манбаъи кору даромад ва ба қавле “тақдирҷурбони зиндагӣ” буд. Ҳашт сол пеш корхона аз кор монд ва ҳоло ба гуфтаи кормандон вазъи хело ногувор дорад. Бо вуҷуди рӯзҳои сангин беш аз 100 нафар, ки аксаран кормандони бознишаста мебошанд мегӯянд, дилашон ба ин корхонаи тайёр месӯзад аз ин рӯ корхонаро тарк накарданд, балки рӯзҳои сангину бемаоширо таҳаммул карданд. 


“Шаҳрак 15 ҳазор аҳолӣ дорад, ягона умеди мардум ҳамин корхона аст. Баъди он ки корхона аз кор монд шароити мардум хело вазнин шуд. Бисёриҳо муҳоҷир шуданд. Диламон месӯзад, маҷбур чандсолаҳо инҷониб ба хотири ояндаи фарзанду наберагон бе маош кор мекунем, мо накунем корхона пурра аз даст меравад. Бештар мо нафақахӯрон дар ин ҷо мондаем, хело рӯзҳои вазнинро пушти сар мекунем” ,- мегӯяд ӯ.

Аммо Асатилло Ҳабибов ба ояндаи ин корхонаи маъдани “Адрасмон” бо умед менигарад, зеро дар ҳоли фаъолшавӣ садҳо нафар ба кор бармегарданд ва аз вазъи душворӣ иқтисодиву мушилии бекорӣ раҳо меёбанд. Ӯ гуфт чанд моҳ пештар вазири саноат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон ба ин омад ва бо ваъдаи он, ки “имсол корхонаро фаъол месозем” дар қалби садҳо коргарон умедеро бедор кард. Вале ба гуфтаи Асатилло Ҳабибов чунин ваъдаҳоро ҳамасола мешунаванд, аммо корхона фаъол намешавад.

“Ҳукумат посухи сармоягузоронро интизор аст”

Мақомоти ҳукумати шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) мегӯянд, ки барои фаъол сохтани корхонаи маъдани “Адрасмон” талош доранд ва посухи сармоягузори навро интизоранд. Бахтиёр Маҷидӣ, раиси ин шаҳр нимаи моҳи июл дар нишасти хабарияш ба рӯзноманигорон гуфт, масъалаи ҳарчи зудтар фаъол сохтани ин корхонаро бо вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва ҳукумати Суғд дар миён гузоштааст. Ӯ аз се ширкати сармоягузорӣ хориҷа ёдовар шуд ва гуфт “ба онҳо корхонаи Адрасмонро муаррифӣ кардем”.

Вале Бахтиёр Маҷидӣ танҳо номи ду ширкати хориҷии сармоягузорро зикр кард, ки эҳтимол дар моҳи август хулосаи худро диҳанд.

“Ба наздикӣ ба корхонаи “Алтаир”-и Канада корхонаи маъдани Адрасмонро муаррифӣ кардем ба онҳо маъқул шуд. Корхонаи “Алмалиқ”-и Ӯзбекистон, ки вай ҳам имрӯз аз ашёи хом танқисӣ мекашад тасмим дорад омада бубинад. Мо бо ин корхонаҳо машварат дорем ва фикри онҳоро интизор ҳастем, ки майли ба ин корхона сармоягузорӣ доранд ва рӯзҳои наздик омада фикри худашонро баён мекунанд”, гуфта буд шаҳрдор.
Бахтиёр Маҷидӣ, шаҳрдори Гулистон

Аммо Собир Мамадҷонов, роҳбари корхонаи маъдани “Адрасмон” мегӯяд, дар фосилаи ҳашт соли аз фаъолият бозмондани ин корхона зиёда аз 30 ширкати хориҷӣ аз ин ҷо дидан кардаанд. Ӯ гуфт ба сармоягузорон имконоту иқтидори корхонаро мефаҳмонанд ба онҳо писанд меояд. Вале афзуд, “мераванд, дар боло ҳал нашуда истодааст.” Дар гузашта низ ширкатҳои чиниву курёӣ талош доштанд ба моликони асли корхона табдил ёбанд, вале то ҳол натавонистаанд иҷозаи кор бигиранд.

“Як ширкати чинӣ мактуб ирсол карда гуфта буд, қарзи музди маошро медиҳему дигар қарзҳоро намедиҳем. Ба фикрам дар боло гап бо онҳо напухт. Чунки боз қарзҳои барқ, андоз, қарзҳои бонкӣ ҳаст. Ҳоло ширкати “Алтаир”-и  Канада низ мактуб ирсол кардааст ва барои пурра шинос шудан эҳтимол нимаҳои моҳи сентябр ба Тоҷикистон оянд. Ширкати “Азияинвест”-и Русия муштаракан бо як ширкати Курёи Ҷанубӣ мехоҳад сармоягузорӣ кунад”, мегӯяд раиси корхона.

“Гуфтем маош ҷудо кунанд накарданд”

Корхонаи маъдани Адрасмон имрӯзҳо аз бонку барқ, андоз, музди меҳнат 43 миллион сомонӣ қарздор аст, ки беш аз 12 миллиони он ба қарзи музди меҳнати кормандон рост меояд. Ин корхона дар ҷадвали даҳгонаи корхонаҳои азими қарздор дар Тоҷикистон дар зинаҳои аввал меистад.

Соли 2006 ин корхонаро ширкати қазоқии "Кони Мансур" харид ва сармоягузорӣ кард. Аммо гуфта мешавад, ки пас аз 3 сол фаъолияташ пурра қатъ гардид ва дар соли 2013 худро муфлис эълон кард ва бо ҳамин дигар корхона пурра аз кор монд. Он вақт дар корхонаи маъдани “Адрасмон” ҳудуди 750 коргари маҳаллӣ соҳиби кору маоши хуб буданд. Аммо ба далели пастравии арзиши нуқра дар бозори ҷаҳонӣ моликони қазоқистонӣ  аз идомаи кор даст кашиданд ва соли 2018 дар пайи баҳси додгоҳӣ корхонаи маъдани “Адрасмон” ба давлат гузаронида шуд.

Асатилло Ҳабибов, сардори шӯъбаи посбони ин корхона низ то ҳашт соли пеш 1800 сомонӣ моҳона мегирифт ва ҳоло корхонаи “Адрасмон” аз ӯ беш аз 90 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Ӯ гуфт ба хотири он ки сармоягузоре ба ин корхона пайдо мешаваду маошҳои аз солҳои гузашта мондаро пардохт мекунад аз кор нарафт.

Масъулин баъди ба тавозуни давлат гузаштани корхона бо ирсоли мактуб аз ҳукумати ҷумҳурӣ хоста буданд барои коргароне, ки дар нигаҳдошти корхонаи маъдани “Адрасмон” чандсолҳо бемузд кор мекунанд, ҳармоҳа 310 ҳазор сомонӣ аз буҷа маблағ ҷудо кунанд то пеши роҳи зиёдшавии қарзи музди меҳнат гирифта шавад. 

Собир Мамадҷонов, роҳбари корхона тасдиқ кард, ки  онҳо ҳудуди 130 нафар коргаро ба кор ҷалб кардаву моҳона намедиҳанд.

Чаро сармоягузорон розӣ нестанд?

Мақомоти шаҳри Гулистон қарзи музди меҳнате, ки аз собиқ сармоягузорони қазоқ мондааст як муаммои сарбаста меҳисобанд. Бахтиёр Маҷидӣ раиси шаҳри Гулистон гуфт, ки ба хотири ҷалби сармоягузорон ба ҳукумати Тоҷикистон гуфтушунид доранд то қарзҳои аз моликони қазоқ ба мерос мондаро ихтисор кунанд. Аксари сармоягузор низ рози будаанд, ки беш аз 12 миллион сомонӣ қарзи музди меҳнатро месупоранд, вале қарзҳои боқимонда аз барқу андоз ва қарзи бонкиро ба зимма нагирифтаанд.

Аммо як масъули баландпояи бахши саноати ин шаҳр бидуни зикри ном гуфт, қарзи корхона як паҳлӯи масъала, муаммои асосӣ сари бонуси обунавӣ аст, ки сармоягузоронро “гурезонида истодааст.” Вай афзуд,  “бонуси обунавӣ дар асоси иҷозатномаи кор, агар ба чанд миллион маблағ корхонаро харидорӣ кунад аз рӯйи иқтидори истеҳсолӣ як фоиз бонус мегиранд.Соҳибмулк бояд ҳамин бонусро ба давлат супорад”.

Собир Мамадҷонов, раиси корхона

Аммо ӯ таъкид кард, ки ҳоло ҳукумат масъалаи додани сабукӣ ба сармоягузоронро дар мавриди пардохти бонуси обунавиро андешида истодааст. Сармоягузорон низ хостаанд ҳукумат қарзҳои бонкӣ, қарз аз андоз ва барқро ихтисро кунад ва розӣ ҳастанд, ки қарзи музди меҳнатро пардохт кунанд. 

“Тарҳи нави 65 миллионии корхонаи Адрасмон”

Феълан гуфта мешавад, ки барои барқароркунии корхонаи маъдани “Адрасмон” ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ба маблағи 65 миллион доллар тарҳи наве таҳия шудааст. Ба ин маблағ дар назар аст як заводи хурди металургӣ, фабрикаи нави маъдантозакунӣ сохта шавад ва ҳаҷми истеҳсолӣ дар шахта зиёд карда мешавад. Чанд ширкати сармоягузор низ барои шиносоӣ бо ин тарҳ феълан машғули кор будаанд.

Собир Мамадҷонов, роҳбари корхонаи маъдани “Адрасмон” гуфт, барои кори мӯътадили корхона иқтидори истеҳсолиро бояд ду баробар зиёд кард.


“Агар иқтидори лоиҳави корхона дар гузашта ба 500 ҳазор тонна таҳия шуда бошад акнун онро то 1,5-2 миллион тонна зиёд кардан лозим аст. Барои ҳамин фабрикаи коркарди маъданро дар назди шахта бунёд бояд кард. Ҳукумат тасмим дорад баровардани ашёи хомро манъ кунад. Мо қаблан ба берун консентрат мефиристодем агар лоиҳа амалӣ шавад барои коркарди консентрат заводи хурди металургӣ низ пӯшида шавад. Маҳсулоти охирон дар худи корхона истеҳсол мешавад, замина ба ҷойи кории нав пайдо мешавад”

Корхонаи “Адрасомон” чи захира дорад?

Корхонаи маъдани “Адрасмон” дар нимаи дуюми қарни 20 таъсис ёфта дар канори он шаҳраке ҳам бо ҳудуди 10 ҳазор аҳолӣ ба вуҷуд омад. Вале пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти корхона қатъ шуд. Соли 2006 моликони қазоқистонӣ корхонаро хусусӣ карданд ва гуфта мешавад барои фаъолсозии он 20 миллион доллар сармоягузорӣ кардаанд.

Ин корхона асосан аз канданиҳои зеризаминии кони Мансури шарқӣ то ба имрӯз консентрати маъдан, ки дар таркибаш нуқраву сурб мавҷуд аст истихроҷ мекард ва захираи ин кон 46 миллион тонна гуфта мешавад. Аммо дар кони Мансури ғарбӣ, ки ҳоло корҳои истихроҷӣ дар он ҷо шурӯъ нашудааст гуфта мешавад беш аз 1,5 миллион тонна захираи нуқра, сурб, тилло, висмут, филюарит мавҷуд аст. Қаблан сармоягузорони қазоқ дар як сол умдатан то 330 тонна хокаи нуқра истеҳсол мекарданд.


Масъулини корхона ва таҳлилгарон мегӯянд бо буҷети Тоҷикистон фаъол кардани корхонаи маъдани “Адрасмон” ғайриимкон аст, аз ин рӯ сармоягузорони хориҷаро интизор шуд. Садҳо нафар коргарону аҳолии шаҳраки Адрасмон низ умедвор ҳастанд, ки сармоягузоре пайдо мешаваду ба онҳо ҷойи корӣ ва музди маоши хуб фароҳам месозад ва ҳамкорони  муҳоҷирашонро бозпас мегардонанд.

Асатилло Ҳабибов посбони ин корхона низ ба мисли садҳо нафар коргарони дигар умедвор ҳаст, ки чанд сармоягузорӣ омада корро сар мекунад ва ба гуфташ “шояд Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Истиқлол ба онҳо иҷозаи кор медиҳад”.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.