Ҷасади Фаҳими Даштӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Паҷншер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, субҳи имрӯз пайдо шудааст. Дар ин бора тағоии Фаҳими Даштӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, дар як паёми фейсбукӣ, хабар додааст.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дирӯз гуфта буд, ки Фаҳими Даштӣ ва ҳамроҳонаш аз ҳамлаҳои ҳавоии артиши Покистон ба шаҳодат расид. Толибон иддао карданд, ки Даштӣ аз сӯйи неруҳои Ҷабҳаи муқовимат кушта шуд. 

Гуфта мешавад ҷасади Фаҳим Даштӣ дар минтақаи Даштаки вулусволии Анобаи Панҷшер пайдо шудааст.

Дирӯз як манбаъ аз Кобул ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки баъди ба шоҳадат расидаи Фаҳим Даштӣ ва ҳароҳонаш, ҷасади онҳоро мекобанд, вале намеёбанд.

Ин манбаи "Азия-Плюс" гуфта буд, ки баъди ҳодисаи ба шаҳодат расидани Фаҳими Даштӣ соҳае, ки онҳо дар он ҷо ба шаҳодат расида буданд, дар назорати Толибон қарор дошт. Баъдан бо подармиёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ Толибон иҷоза дода буданд, ки падар ва дигар хешовандони Даштӣ барои пайдо кардани ҷасадаш бираванд.

"Вақте, ки мошини ӯро пайдо мекунанд, мошин бар асари рокет тахриб шуда ва аз роҳ берун парида будааст. Аммо ҷасадҳоро дар дохили мошин наёфтанд ва ҳамчунин хуне дар мошин дида нашуда буд. Аз ин рӯ  чанд фарзия пайдо шуда буд. Яке ин ки онҳоро Толибон ё дуздидаанд ё боздошт кардаанду бурда дар ҷойи дигар куштаанд. Фарзияи дигар ин, ки шояд бар асари бархӯрдани рокет ба мошинашон захмӣ шуда бошаду ба ҷойе панаҳ бурда бошад",-гуфта буд манбаъ.

Аммо субҳи имрӯз умедвории ҳама барбод рафт ва ҷасади ӯ пайдо шуд, гуфт ин манбаъ дар тамоси чанд лаҳза қабл ба "Азия-Плюс".

Абдуллоҳ Абдуллоҳ навиштааст, ки "ба далели қатъи иртибототи мухобиротӣ маҳалли вуқуи ҳодиса ва чигунагии он собит нагардида буд, ки ниҳоят субҳи имрӯз собит шуд".

Абдуллоҳ гуфтааст, ки таъкид медорам, ки таҳмили хостаҳо бо тавассул ва зӯр, ҳеч гоҳе натиҷаи матлуб надошта ва боиси идомаи дард ва ранҷҳои мардум мешавад.

Хонаводаи Даштӣ эълон кардаанд, ки ҷасади ӯро дар Панҷшер ба хок месупоранд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.