Чанд соат аст дар шабакаҳои иҷтимоӣ як акс дасти ба даст мешавад, ки нишон медиҳад, ки мақбараи Аҳмадшоҳ масъуд дар Панҷшер тахриб шудааст. Онҳое, ки аксро нашр кардаанд, иддао доранд, ки мақбари Қаҳрамони миллии Афғонистонро "Толибон" хароб кардаанд.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва гуруҳи "Толибон" то кунун дар бора расман чизе нагуфтаанд ва ин хабарро рад ё тасдиқ ҳам накардаанд.

Аммо як манбаи "Азия-Плюс" аз Кобул мегӯяд, ки онҳо бо бархе аз хабарнигороне, ки дар Панҷшер ҳастанд тамос доштанд ва онҳо таъйид кардаанд, ки хароб кардани мақбари Аҳмадшоҳ Масъуд аз сӯйи Толибон дуруст аст.

Дар ҳамин ҳол ин манбаъи мо, ки дар яке аз шабакаҳои телевизионии Кобул кор мекунад, мегӯяд, ки бархе манобеи дигар ин хабарро таъйид намекунанд.

Бархе аз корбарон ин аксро дар саҳифаҳои маҷози сохто ва фотошоп номидаанд.

Аммо генерал Қасим Назир, писари аммаи Аҳмадшоҳ Масъуд бо нашри ин акс дар саҳфаи фейсбукаш навиштааст, ки ман аз ин кори пешмаргаҳои покистони тааҷҷуб накардам, чун яке аз барномаҳои кишвар мутаҷовиз ҳамин буд. 

"Аммо афсӯс аз ононе мекунам, ки худро афғони асил меноманд ва Покистон бо кудурате, ки  дар баробари  Қаҳрамони миллӣ дорад, барномаҳои худро тавассути инҳо амалӣ мекунад. Ононе, ки ин амали нобахшиданиро анҷом доданд ва беҳурматӣ ба мақбараи Қаҳрамони миллӣ намуданд, ба ёд дошта бошанд, анқариб ҷавоби амали худро хоҳанд дод",-навиштааст генерал Назир.

Ҳамчунин Тоҷиддин Суруш, хабарнигори шабакаи "Эрон Интернейшнл" низ бо нашри ин акс дар саҳфаи Твитераш навиштаст, ки Толибон мақбараи Аҳмадшоҳ Масъудро тахриб кардаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.