Дирӯз, 10 сентябр дар Душанбе 20 – умин солгарди шаҳодати Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ҷашн гирифата шуд.Маросим дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон баргузор гардид, вале ба фарқ аз солҳои пешин масъулини давлати Тоҷикистон ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ ширкат надоштанд.

Ёдбудӣ Қаҳрамони миллии Афғонистон дар ҳоле баргузор гардид, ки  "Толибон" (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) ба ғайр аз зодгоҳи ӯ, вилояти Панҷшер тамоми Афғонистонро ишғол кардаанд, ҳукумати нави худро эълон намуданд ва хабарҳо дар мавриди тахриби оромгоҳи ӯ низ зиёд ба нашр мерасад.

Гуфта мешавад, ки дар маросими гиромидошти Аҳмадшоҳи Масъуд танҳо раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода баромад карда, гуфт, ки сокинони дараи Панҷшер ба маводи ғизоӣ ниёз доранд ва ин мавзуъ бояд мавриди баррасии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирад.

Раиси Кунгураи миллии Афғонистон Латифи Пидром ҳам вобаста ба ин масъала зикр кард, ки толибон дараро муҳосира кардаанд ва ба кӯдакон обу нон намерасад.

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Заҳир Ағбар дар ин маросим гуфт, ки Толибон бо шикастани санги мазори Масъуд мехостанд, ки аз ӯ интиқом бигиранд, вале бо шикастани санги мақбарааш, аз ӯ чизе кам намешавад.

- Даргириҳои ҳозира дар Панҷшер идомаи занҷиравии қатли Аҳмадшоҳи Масъуд дар бист соли пеш аст,- гуфт Муҳаммад Заҳир  Ағбар.

Ба таъкиди Ағбар “Толибон” дар дараи Панҷшер тақрибан наслкушӣ мекунанд.

1/7

Ҳаракати "Толибон" 15 августи соли равон Афғонистонро пурра зери итоати худ гирифтанд, аммо вилояти Панҷшер, зодгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд таслим нашуд. Дар онҷо Ҷабҳаи муқовимати миллиро ташкил доданд, ки раҳбараш писари Аҳмадшоҳи Масъуд - Аҳмад Масъуд аст.

Бо вуҷуди он ки "Толибон" мегӯянд, Панҷшерро пурра тасарруф кардаанд, вале Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, ин ҳарфҳо асос надорад.

9-уми сентябри соли 2001 фармондеҳи машҳури муҷоҳидон ва вазири собиқи дифои Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд кушта шуд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳафтаи гузашта, баъд аз бист соли маргаш, ба ӯ ордени дараҷаи яки "Исмоили Сомонӣ" дод.