Имрӯз дар Душанбе ҳамоиш бахшида ба 5-умин солгарди таъсисёбии муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш наздики 100 нафар намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ, ташкилотҳои адвокатӣ ва расонаҳои хабарӣ иштирок карданд.

«Дастрасӣ ба адолати судӣ яке аз ҳуқуқҳои асосие мебошад, ки ҳам бо меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҳам бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шуда, бидуни он ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи муосир ғайриимкон аст. Яке аз ҷанбаҳои муҳими дастрасӣ ба адолати судӣ ҳуқуқи гирифтани ёрии ҳуқуқии тахассусӣ аст ва он ба ҳамаи шахсоне, ки имкони пардохт кардани чунин хизматрасониро надоранд, кафолат дода мешавад», - изҳор дошт Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён.
Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аксбардор: Нозим Қаландаров

Пешниҳоди ёрии ҳуқуқии ройгон дар кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ – Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Филиали Ассотсиатсияи «Ҳелветас Свисс Интеркооперейшен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария ва Вазорати корҳои хориҷии Финландия амалӣ мешавад. 

«Ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ҳамаи одамон ҳуқуқ доранд. Агар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо фаъолияти самарабахши ҳуқуқшиносони давлатӣ фаро гирифта шаванд, мувофиқи мақсад хоҳад буд. Ҳамзамон хизматрасонии як ҳуқуқшиноси давлатиро дар якчанд ноҳияҳо метавон таъмин кард. Истифода аз шаклҳои хизматрасонии инноватсионӣ, ба мисли пешниҳоди ёрии ҳуқуқии якумдараҷаи сайёр ва онлайнӣ ҳам бамаврид аст», - гуфт Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон д-р Пратибха Мехта.
Пратибха Мехта, намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон
Аксбардор: Нозим Қаландаров

Дар ҷараёни ҳамоиш зикр шуд, ки айни замон ҳуқуқшиносони давлатӣ ба сокинони 34 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа мерасонанд. Ҳамчунин дар ду вилоят – Суғд ва Хатлон аз ҷониби ҳимоятгарон ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа пешниҳод карда мешавад.

Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» аз соли 2016 то моҳи октябри соли 2021 ба зиёда аз 87 ҳазор шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа ва дуюмдараҷа расонидааст.

Тафсилоти бештар оид ба фаъолияти ин муассиса дар маҷаллаи тозанашри “Ёрии ҳуқуқии ройгон дар Тоҷикистон” дастрас аст - https://bit.ly/3gIQorN

Маълумот: Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2-юми июли соли 2015, №425 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Мақсади он ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгони дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ мебошад.

Барои татбиқи Консепсия бо қарори дигари Ҳукумати ҶТ аз 28-уми ноябри соли 2015, №704 Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» 4-уми июли соли 2020 қабул гардида, айни замон дар асоси он ба аҳолии кишвар ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дуюмдараҷа расонида мешавад.

Лоиқ Нусратов, директори «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ба хабарнигорон мусоҳиба медиҳад
Аксбардор: Нозим Қаландаров