Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон бо истиқбол аз мавзеъгирии Созмони Миллали Муттаҳид дар баробари рад кардани дархости Толибон ва ҳифзи курсии пешини Афғонистон дар ин созмон, дар Душанбе нишасти хоси хабарии баргузор кард ва ин рӯзро як рӯзи таърихӣ хонд. 

Сафири Афғонистон гуфт, ки ӯ ба ояндаи ҳукумати толибон хушбин нест ва ин ҳукумат худ ба худ шикаст мехӯрад. 

Дар ин нишаст, ки дар қароргоҳи сафорати Афғонистон дар Душанбе баргузор шуд, ба ҷуз хабарнигорон, ҳамчунин шаҳрвандони Афғонистони муқими Тоҷикистон ва муҳоҷирину муҳассилини ин кишвар низ ҳузур доштанд. 

Ағбар аз толибон ба унвони гурӯҳи терористии байналмилалӣ ёд кард ва гуфт, ки ин як рӯзи таърихӣ барои Афғонистон ва мардуми ранҷкашидаи Афғонистон аст, ки СММ низоми толибониро шоистаи курсии худ надонист.

Ағбар гуфт, ки Кумитаи 9-нафарии СММ (кумитаи ташхиси эътибор) намояндаи пешниҳодии толибонро напазируфтанд ва курсии пешини намояндаи Афғонистонро ҳифз карданд.

"Ин шикасти толибон ва ин пирӯзиро ба тамоми миллати Афғонистон, ҷавононе, ки дар сангарҳои доғи муқовимат қарор доранд, ба хоҳароне, ки аз  фишори толибон дар хонаҳои худ маҳсур ҳастанд, муборак мегӯйем",-гуфт сафир.

Рӯзи чоршанбеи 1-уми декабр СММ дар мавриди пазируфтани номзади пешниҳодии Толибон ба унвони намояндаи расмии Афғонистон нишасте баргузор кард ва дар ин нишаст масъалаи пазируфтани номзади пешниҳодӣ ба таъвиқ андохта шуд.

Ғулом Исҳоқзай намояндаи ҳукумати пешини Афғонистон дар СММ дар вокуниш ба тасмимгирии кумитаи 9-нафарӣ дар Твитераш навишт, ки "парчами миллии серанги Афғонистон ҳамеша дар мақари СММ барафрошта хоҳад шуд".

Бояд гуфт, ки Толибон ду моҳ пеш номзадии Суҳайл Шоҳин, яке аз сухангӯёни худро ба унвони намояндаи ҳукуматашон дар СММ пешниҳод карда буданд. Суҳайл Шоҳин, пеш аз ин сухангӯйи дафтари сиёсии Толибон дар Давҳаи Қатар буд.

Дар ин Кумитаи нуҳнафарии СММ Амрико, Русия, Чин ва кишварҳои дигар узвият доранд, ки дар мавриди эътибор ва салоҳиятҳои 193 узви созмон тасмимгирӣ мекунанд.


Сафири Афғонистон дар Душанбе гуфт, ки ин шикасте буд, ки ҳеҷ тасаввурашро намекардем.

"Ҷойи хушӣ ин аст, ки касоне, ки мегуфтанд дар равиш, кор ва бархурду назарияву ақидаи толибон тағйире омадааст, мутаасифона тағйире наомадааст. Толибоне, ки макотибро ба рӯйи занҳо бастаанд, толибоне, ки нафари дувумашон мегӯяд, ки "ғизо аз Худо бихоҳед, бекорӣ ҳукми Худост", низоме, ки аз оғоз то ахираш маълум нест, ки инҳо кистанд ва аз куҷостанду чӣ донишу тахассусе доранд, чӣ гуна тағйир кардаанд". 

Хабарнигори "Азия-Плюс", аз сафири Афғонистон пурсид, ки тасмими СММ дар ҳоле гирифта мешавад, ки Бонки ҷаҳонӣ эълон кард бахше аз пулҳои бандкардаи Афғонистонро раҳо мекунад, бархе кишварҳои аврупоӣ аз бозкушоии сафоратҳояшон хабар медиҳанд, тими Толибон бо тими ИМА дар Қатар бар сари равобити ояндаашон ройзанӣ доранд, бархе кишварҳои арабӣ сафоратҳояшонро нимабоз карданд. Ин таноқузҳо дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ маъно дорад?

Ағбар гуфт, ки ин талошҳо маънои ба расмият шинохтани ҳукумати толибонро надорад ва дар ин ҷо тасмим ҷаҳонӣ муҳим аст, на талошҳои ихтисосии кишварҳои ҷудогона.

Ҳамчунин Ағбар дар посух ба суоли ин ки то куҷо ба ояндаи ҳукумати Толибон хушбин аст, гуфт, ки бовар дорад толибон худашон худашонро шикаст медиҳанд. "Он корҳоеро, ки толибон дар тӯли ҳар рӯз дар баробари мардуми Афғонистон анҷом медиҳанд, дар баробари ақвому намояндагони мазоҳиб анҷом медиҳанд, худашонро суқут медиҳанд. Онҳо касоне нестанд, ки шоистаи ҳукумат кардан бошанд",-бовар дорад Ағбар.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.