Секаи ҳизби коммунистии Тоҷикистон баъд аз даргузашти устод Турсунзода ба чунин қарор омада буд, ки ба пешбарии Фазлиддин Муҳаммадиев дар анҷумани интихоботи Иттифоқи нависандагон монеа эҷод кунад. Сипас ба Муҳаммад Осимӣ, ки муаллими устод Фазлиддин дар мактаби миёна буданду гапашон ба устод мегузашт, мефармоянд, ки шогирдашонро насиҳат кунад, ки аз ин фикри раис шудан даст кашанд.

Осимӣ ба воситаи Абдуқодир Маниёзов устод Фазлиддинроо ба хонааш хонда маслиҳат медиҳанд, ки нависандаҳо аксарият мехоҳанд ӯ раис шавад, аммо Сека талаб дорад, ки Муҳаммадиев “самоотвод” диҳанд.

Бюрои Сека то раис интихоб шудани Қаноат чунин фикр доштааст, ки Қаноат нисбат ба устод Фазлиддин гаправтар ва ба воситаи эшон сиёсати ҳизбро байни адибон беҳтар ҷорӣ мекунад.

Аммо дар амал Қаноат ба муборизи намоёни фарҳанги миллӣ табдил шуданд ва ин ба дастнишондаҳои Маскав дар Душанбе сахт нафорид. Ва сар шуд бозиҳои пасипардагӣ барои аз вазифаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дур кардани Қаноат. Чӣ ҳиллае ба кор бурданд, ки устод Фазлиддин аз вазифаи муовини раис даст кашиданд.

Сипас, устод Қаноатро ба Сека даъват карда директории Институти дастхатҳоро пешниҳод мекунанд. Мо адибони нашрияҳои адабӣ ин хабарро шунида чанд нафар ҷамъ шуда ба кабинети Қоноат даромадем. Назрӣ Яздон, Раҳмат Назрӣ ва камина. Устод мамнун буданд. Гуфтанд, ки он ҷо барои эҷод ҷои оромтар аст. Дар маҷлисҳои Сека рафта зиқ шуда намешинанд ва ғайра. Маош низ хуб.

Ин солҳои бозсозӣ, перестройка буд. Мо гуфтем, ки гапатон дуруст, аммо шумо ҳамчун лидери адабиёти муорсири тоҷик ҳақ надоред, дар ҳамин рӯзҳои бозсозӣ ин ташкилотро тарк кунед.

- Чӣ шудааст?- Гуфтанд Қаноат.

- Мамлакат ноором шуда истодааст, фитнаҳои солҳои 37 сар шуданаш мумкин, ба ҷои шумо як “администратор”-ро мемонанд, ки бо як супориши даҳонии як нафар душмани баландмансаби миллат нисфи адибонро ба таги дор мебарад. (Ин фикри камина буд)

- Уфф... - шуд посухи Қаноат.

- Шумо асарҳои намоёни илмӣ надоред, шуморо дертар аз он вазифа ба осонӣ дур мекунанд,- илова кард Назрӣ Яздон.

Ҳамин тавр устод Қаноатро аз раъяшон гардондем.

Пеш аз анҷумани интихоботӣ муқобилони устод Қаноат овоза паҳн мекарданд, ки ӯ аксар дар Маскав асту ба корҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бепарвост. Аммо Қаноат корҳои худро реклама намекард. Ҳатто чизе намегуфт. Ман тасодуфан дар як сӯҳбат бо Қулмаҳмад Абдулҳусейнов фаҳмидам, ки ба як меҳмони московӣ коллексияи беҳтарини сангҳои гаронбаҳои Помирро ҳадя кардааст. Чунин коллексия чанд миллион доллар аст? Магар инро барои худ кард? Албатта ӯ Турсунзода набуд, барои сохтмони иморати бузурги истироҳатгоҳи адибони Тоҷикистон маблағ пайдо кардан осон набуд. Вақте ки масъала ҳал шуд, проблемаи мустаҳкам кардани соҳил пеш омад... Чунин корҳо устод Қаноатро асабонӣ мекарданд, аммо боре лаб ба шикоят накушодааст. Ба ҳар ҳол соҳил бетон шуд ва барои сохтмон шароит фароҳам омад.

Сипас бозингарони пасипардагии Сека дар анҷумани навбатӣ муқобили номзадии Қаноат ҳамчун алтернатива номзади Аскар Ҳакимро гузоштанд. Азбаски Мӯъмин Қаноат устоди Аскар Ҳаким буд, мо интизор будем, ки номзадиашро пас мегирад.

Аммо Аскар аскари партия буд ё не, ба ман маълум нест, аммо зидди устод баромадан аз рӯи одамгарӣ набуд.

Дирӯз Аскар Ҳаким дар мусоҳиба бо паёмнигори радиои Озодӣ носазоҳои дигаре зидди марҳум Мӯъмин Қаноат ба забон бурд. Намедонам ба мо чӣ шудааст, ба чӣ рӯзе расидем, ки ба сӯи мурда сангпартоӣ мекунем!

Бознашр аз саҳфаи фейсбукии муаллиф.