Ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Чаноқ" дигарбора оғоз шуд, аммо ҳоло танҳо аз як масир, аз масири Хуҷанд ба сӯйи Душанбе ба мошинҳо иҷоза дода шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз ширкати IRS иттилоъ доданд.

Ин ширкат афзудааст, ки кормандони филиали Ширкат талош доранд, то дар наздиктарин фурсат гузариши нақлиёт аз ҳар ду ҷониб имконпазир гардад.

Бояд гуфт, ки ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аз 16-уми январ бар пайи фаромадани тармаҳо баста шуда буд.

Дар як шабонарӯз дар километри 48-ум то 73-ум 13 тарма бо баландии аз 3 то 14 ва паҳноии 200 метр тоза карда шуданд. 


Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.