Оилаи Заррина Зокироваи 7-сола, сокини ноҳяии Рӯдакӣ, ки чанд соли ахир дар бистари беморӣ қарор дорад, аз мардум хоҳиш доранд, ки барои табобати фарзандашон ба онҳо ёрӣ расонанд.
Модари Заррина, Нодира Зокирова дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки онҳо дар ҳоле аз мардум имдод талаб доранд, ки фарзандаш, тақрибан 6 - сол роҳ намегардад ва бемори бистарӣ аст, ҳоло аз биноӣ ва шунавоӣ низ маҳрум гардида истодааст.
Ин хонавода тасмим дорад, баъди ҷамъоварии маблағ Зарринаро ба хориҷи кишвар барои табобат бибаранд то солимиаш бештар халалдор нашавад, вале ниёз ба кӯмаки молӣ доранд.
Нодира Зокирова, инчунин мегӯяд, ки онҳо барои талаби имдод ба хотири саломатии фарзандашон ба Вазорати тандурустии кишвар низ муроҷиат намудаанд. Дар Вазорати тандурустӣ ба онҳо ваъда додаанд, ки қисме аз маблағи табобати Зарринаро онҳо пардохт мекунанд.
«Имрӯз маҷбур ҳастем, ки барои саломатии фарзандамон кӯмак бипурсем. Дигар илоҷе надорем. Дар Вазорати тандурустӣ ваъда карданд, ки нисфи маблағи табобатро пардохт мекунанд ва соле қабл гуфта буданд, ки 50 ҳазор сомонӣ дошта бошем, боқимондаро онҳо мепардозанд. Ҳоло фақат умед ба мардум аст, ки моро дастгирӣ кунанд».
Заррина Зокирова, бемории модарзодӣ надошта, дар 1 солаву 10-моҳагӣ баъди гирифтани сӯзандору аз ҷониби як табиби беморхонаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ин беморӣ печидааст, мегӯяд, - Нодира Зокирова.
Модари Заррина қисса мекунад, ки баъди якбора тасб намудан Зарринаро ба беморхона мебаранд ва танҳо баъди гузаронидани сӯзандору духтараш бемор мегардад, яъне дасту пой аз кор монда, нишастан ҳам наметавонад.
Ин хонум мегӯяд, табобати дуру дароз натиҷае надод ва онҳо ба Вазорати тандурустӣ аз болои ин табиб шикоят бурданд. Ба гуфтаи ин зан, табиб ба онҳо ваъда додааст, ки маблағи хароҷоти табобтро пардохт мекунад, вале ваъдаашро иҷро накардааст.
Зарринаи 7-сола фарзандии хурдӣ, яъне 4-уми хонадон мебошад ва ҳамаи аҳли оила ба дастгирии мардум эътимод доранд, ки дар мушкилтарин рӯз онҳоро дастгирӣ менамоянд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста