Ҳукумати “Толибон” эълон кардааст, ки 40 нафарро, ки талош доштанд аз кишвар ғайриқонунӣ хориҷ шаванд, боздошт кардаанд.  

Инъомулло Самангонӣ, муовини сухангӯйи Толибон, дар твитте навиштааст, ки ин афрод рӯзи душанбе, чаҳоруми далв (24-уми январ), дар ҳоле боздошт шуданд, ки дар талоши рафтан аз роҳ ҳавоӣ ба гунаи ғайрқонунӣ ба хориҷ аз кишвар буданд.

Самангонӣ гуфтааст, ки баъзе аз ин афрод пас аз «бозҷӯйӣ» дубора раҳо шуданд, аммо заноне, ки «ворисашон» ҳозир нашудаанд, ҳанӯз ҳам дар боздоштгоҳи махсуси занон нигаҳдорӣ мешаванд.

Аммо Самангонӣ дар мавриди ин ки ин афрод чӣ гуна ғайриқонунӣ мехостанд аз кишвар бираванд, тафсилот надодааст.

Ҳамчунин ҷузъиёти дигари ин хабар ҳанӯз мушаххас нест ва маълум нест, ки манзури “Толибон” аз хуруҷи ғайриқонунӣ чист.  

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.