Парлумони кишвар дар қонуни Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид иловаҳо ворид намуд, ки дар натиҷа, дар Тоҷикистон боз ду ид зиёд шуд: 15 март - Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон ва 1 июн -  Рӯзи кормандони мақомоти давлатӣ оид ба назорати маводи нашъовар.

Иловаҳо ба қонун дар бораи рӯзҳои ид имрӯз, 11 май аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумон ҳамовозӣ пайдо кард.

Дар шарҳи пешниҳоди таҷлили ин ду иди нав, Сарвиноз Маҷидзода, вакили парлумон афзуд, ки чунин тасмим бо мақсади таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо, бо дар назардошти нақш ва аҳамияти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар муносибатҳои ҷамъиятии ҷойдошта ва пешбинӣ гардидани 15 март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунндагон таҷлил карда мешавад.

- Инчунин, бо назардошти саҳми беандозаи Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонинии воситаҳои нашъадор ва аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ эътироф шудани он, рӯзи  1 июн ҳамчун рӯзи кормандони мақомоти давлатӣ оид ба назорати маводи нашъовар таҷлил карада мешавад, -гутф ин вакили парлумон.

Таҷлили боз ду иди нав дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи декбари соли гузашта, парлумони Тоҷикистон таҷлили ду иди дигарро тасдиқ намуда буд:  ҳамасола 20 апрел Рӯзи кормандони мақомоти адлия ва 26 июл Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҷашн гирифта мешавад.

Гуфта мешавад, ки идҳои мазкур бидуни рӯзи истироҳатӣ ҷашн гирифта мешаванд.

Таҷлили боз ду иди дигар дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки бисёриҳо ҳузури чунин идҳоро қабул надоранд. Аз ҷумла чанд сол аст ки дар Тоҷикистон ҷашни кадуву харбуза ва дигар маҳсулот таҷлил мешавад, ки ҳамвора зери тозиёнаи танқиди фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор мегирад. Онҳо мегӯянд, таҷлили ин идҳҳо исрофкорӣ аст ва ба ҷои онҳо бояд масалан, ба муҳоҷирони кории тоҷик, ки чархаи асосии иқтисоди кишварро мечархонанд, таҷлил карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.