Филиали Агентии Оқохон дар умури макони зист (AKAH) дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз оғози бунёди паноҳгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Хоруғ хабар дод, ки дар шароити буҳрон он ҳамчун паноҳгоҳи муваққатӣ хидмат намуда, ғайр аз ҳолатҳои фавқулодда барои эҳтиёҷоти дигари иҷтимоӣ истифода бурда мешавад.

Паноҳгоҳи мазкур дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Мусоидат ба сулҳу субот тавассути сохтмони инфрасохори муҳим дар шаҳри Хоруғ», бо маблағгузории Комиссияи Аврупо ва Фонди Оқохон сохта шуда, аз   ҷониби AKAH ва Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Манотиқи Кӯҳистон (MSDSP) дар ВМКБ амалӣ карда мешавад.

Иншооти мазкур метавонад ба афроди оворашуда бар асари рух додани офатҳои табиӣ дар натиҷаи тағирёбии иқлим, низоъҳои марзӣ ва паноҳҷӯён хидмат расонад ва ниёзҳои фаврии башардӯстонаи одамон ва хонаводаҳои аз бӯҳрон осебдидаро қонеъ мегардонад.

Паноҳгоҳи тарҳрезишуда мутобиқи таҷрибаи пешқадам ва стандартҳои милливу байналмилалӣ тарҳрезӣ ва сохта шуда, бо тамоми чизу чораи зарурӣ барои афроди оворашуда ҷиҳозонида мешавад, то онҳо як сатҳи зиндагии шоиста дошта бошанд ва эҳсосоти худро дар хона ҳис карданро доранд, ки ин як ҷанбаи муҳими рӯҳиявӣ барои шахсони муваққатан беҷомонда дар ҳолати бӯҳрон мебошад.

Паноҳгоҳ инчунин барои қонеъ гардонидани ниёзу эҳтиёҷотҳои таъхирнопазири табақаҳои осебпазири аҳолӣ (аз қабили афроди имконияташон маҳдуд, пиронсолон, занон ва кӯдакон)  ба тарҳ дароварда шуд. Ҳарчанд паноҳгоҳи муваққатӣ ва иншоотҳои марбут ба он барои ҳамагон ба осонӣ дастрас хоҳанд буд, он инчунини дигар утоқи занон барои нигоҳубини кӯдак ва дигар эҳтиёҷот низ дар назар мегирад. Дар доираи лоиҳаи мазкур ба таъминоти дастрасии баробар ба ҳарду ҷинс ба ин иншоот таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад ва аз он мувофиқи ниёзҳои худ истифода бурда метавонанд. Дар манзилгоҳҳои аз ҷиҳати экологӣ ва иҷтимоӣ қобили қабул дар як вақт 100-150 нафар афроди оворашуда ҷойгузир карда мешаванд, ки метавонанд бо хонаводаҳои худ вобаста ба дараҷаи хатари манзилгоҳашон муваққатан ё дарозмуддат зиндагонӣ кунанд.


Сардори Кумитаи ҳолатҳои фақулода, генерал-полковник Рустам Назарзода муҳиммияти таъсисдиҳии иншооти махсус барои ҷойгиркунии афроди оворашуда дар ҳолатҳои фавқулодда таъкид намуда, изҳор дошт, ки: дар робита ба тағирёбии иқлим, шумораи офатҳои табиӣ дар саросари кишвар сол то сол зиёд шуда, боиси талафоти иқтисодӣ ва ба ҷомеаҳо ва воситаҳои зиндагонии онҳо таъсири калон мерасонад.

"Дар натиҷаи офатҳои табиӣ теъдоди зиёди одамон бесарпаноҳ гашта, аксарияти онҳо муваққатан ба ҷойҳои бехавф  кӯчида мешаванд ва аз ин рӯ, иқдоми таъсис додани манзилгоҳи мувофиқ барои ҷойгиркунии афроди оворашуда ва онҳое, ки манзилгоҳи худро аз даст додаанд, муҳим мебошад ва он ба посухдиҳии саривақтӣ ва самарабахш ба ҳолатҳои фавқулодда мусоидат мекунад, то ки ҷамъият худро бехатар хис кунад",-гуфт Назарзода.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муштаракан бо AКАН-и Тоҷикистон дар минтақаҳои хатарноки водии Рашт чаҳор паноҳгоҳ сохтааст ва дар нақша доранд, ки ин ташаббусро дар дигар минтақаҳои кишвар низ амалӣ созанд, ва дар доираи лоиҳаи мазкур аз ВМКБ оғоз намуда, барои дигар минтақаҳо бо маблағгузорони гуногун барои маблағгузорӣ ва амалисозии ин иншоотҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Иншоот ҳамчун як маркази таълимӣ барои КҲФ ва AКAH барои гузарондани омӯзишҳои мунтазам дар самти ҷусутҷу ва наҷот, ёрии аввала ва амалиётҳои изтирорӣ ҳам барои мутахассисони бахши ҳолатҳои фавқулодда ва ҳам барои гурӯҳҳои посухдиҳӣ ба ҳолатҳои фавқулодда (CERT) ва дигар чорабиниҳо оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ва идоракунии бӯҳрон истифода мешаванд. Инчунин иншоот ҳамчун ҷои кор барои мутахассисони KҲФ хизмат мекунад ва барои қонеъ гардонидани дигар ниёзҳои иҷтимоӣ, ки бевосита аз ҷониби KҲФ ва мақомотҳои ноҳиявӣ ҳамоҳанг карда мешаванд, истифода мешавад.

Таъсисдиҳии паноҳгоҳҳои муваққатӣ як қисми стратегияи васеътари устуворӣ ва вокуниши AKAH ва Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд (AKDN) мебошад, ки барои дастгирии ҳукумат дар кӯшишҳои он барои посухдиҳӣ ва идоракунии ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки дар маҳалла рух медиҳад, пешбинӣ шудааст.