Нақшаи давъати баҳории ҳарбӣ дар Тоҷикистон 94 дарсад иҷро шудааст. То ин дам танҳо шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва чанде аз шаҳру ноҳияҳои алоҳида нақшаи даъватро пурра иҷро кардаанд.
Фариддун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои кишвар дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, нақшаи даъват ба артиш дар вилояти Суғд 90 дарсад, вилояти Хатлон 94 дарсад ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 93 дарсад иҷро шудааст.
Ӯ афзуд, нақшаи даъват ба артишро ВМКБ дар рӯзи аввали маъракаи давъат иҷро намуда, чор навоҳии шаҳри Душанбе нақшаро дар миёнаҳои моҳи апрел иҷро намуданд.
Номбурда афзуд, то ҳол, нақшаи даъвати ҳарбӣ дар маҷмӯъ дар кишвар 94 дарсад иҷро шудааст.
Иҷрои 94 дарсадии нақшаи даъват ба артиш дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки то анҷоми маъракаи давъат як ҳафта боқӣ мондааст ва солҳои пеш мақомоти расмии Тоҷикистон то анҷоми моҳи аввали даъват иттилоъ медоданд, ки нақша дар кишвар пурра иҷро шудааст.
Ҳамасола дар маъракаи давъати ҳарбӣ дар кишвар мақомот аз шеваҳои нави даъват кор мегиранд. Шеваи нави даъвати ҳарбии имсола ин буд, ки Вазорати маориф ва илм бо ирсоли як матуб ба донишгоҳҳо “тавсия” дод, ки хатмкунандагони курсҳои 4 ва 5 бо супоридани имтиҳонҳо пеш аз муҳлат метавонанд, ихтиёрӣ ба артиш раванд.
Баъди ин мактуб, маъмурияти донишгоҳҳо аксҳои зиёди донишҷӯёнро нашр карданд, ки ба гуфтаи онҳо донишҷӯён имтиҳонҳои хатмро пеш аз муҳлат супорида ихтиёран ба артиш рафтаанд. Вале дар ҳамин ҳол, бархе хатмкунандагон шикоят карданд ки онҳоро маҷбуран ба супоридани имтиҳони пеш аз муҳлат ҷалб карда, ба артиш бурдаанд.
Коршиносон, ҷалби чунин шеваро ба мушкил рӯбарӯ шудани иҷрои нақшаи даъвати имсола арзёбӣ мекунанд.
Мактуби вазорати маориф ба ҳамаи мактабҳои олӣ дар ҳолест, ки бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиши ҳарбӣ бурдани донишҷӯёни бархе донишгоҳҳои Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр шуда буд, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.
Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд. То ба ҳол беш аз 450 ҷавон бо супоридани пул аз хидмат озод шуданд
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста