Тоҷикистону Ӯзбекистон ба мувофиқа расидаанд, ки сар аз 20 июн хатсайри қатори мусофирбарро дар масири Тошканд-Душанбе роҳандозӣ кунанд. Дар ин бора “Podrobno.uz” бо такя ба брифинги муштараки сарони ду кишвар хабар медиҳад.
Ин расона аз қавли Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки шаҳрвандони ду кишвар имкон доранд, ба қаламрави ҳамдигар озодона сафар кунанд ва ҳар рӯз ҳудуди 20 ҳазор нафар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро убур мекунанд.
- Ин рақами хеле муҳим аст. Мо аҳд кардем, ки дар ояндаи наздик имконияти кушодани нақлиёти роҳи оҳани мусофиркашониро миёни пойтахтҳо ва дигар шаҳрҳои мамлакатҳоямон баррасӣ намоем, - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
Дафтари матбуотӣ ва расонаҳои расмии Тоҷикистон дар бораи барқарор шудани хатсайри қатораҳои мусофирбарӣ хабар надодаанд.
Роҳандозии хатсайри қатори мусофирбарӣ байни Душанбе ва Тошканд дар ҳолест, ки дар гузшат байни ду кишвар чунин хатсайри мустақим набуд. Сокинони Тоҷикистон тавассути хатсайри қатораи Русия ё дигар кишварҳо то ба ошканд мерафтанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки аз Тоҷикистон ба як қатор шаҳрҳои Узбакистон хатсайри автобусҳо роҳандозӣ гардид.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста