Як зани 27-сола аз ҷамоати марзии Чоркӯҳи Исфара 10-уми июн чоргоник таваллуд кардааст. Навзодон ҳама духтарча буда, бо усули буриши қайсарӣ дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ба дунё омадаанд.
Телевизиони маҳаллии СМ-1 дар як гузориши видеоӣ аз модари чоргоникҳо Мавзуна Сангинова ном бурдааст, ки аз ҳомиладории аввалин писарча ба дунё оварда буд. Ба чоргоникҳо Фотима, Зӯҳро, Аниса ва Мӯниса ном гузоштаанд. Табибон мегӯянд онҳо бо вазни мутаносибан 1,6 кг, 1,8 кг, 1,38 кг ва 1,18 кг ба дунё омаданд.
Гуфта мешавад, вазъи саломатии тифлон пас аз таваллуд вазнин буд ва чанд рӯз зери дастгоҳ қарор доштанд.
“Кӯдакон пеш аз мӯҳлат таваллуд шуданд ва ҳангоми таваллуд вазъи саломатияшон вазнин буд. Норасогии нафас мушоҳида мешуд, ба шӯъбаи интенсивӣ ҷойгир кардем ва ҳоло норасоии нафас бартараф шуда ба шӯъбаи кӯдакон интиқол ёфтанд”,- мегӯяд Зарина Қодирова, мудири шӯъбаи навзодони Таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд.
Ин аввалин ҳолати таваллуди чоргоник дар вилояти Суғд нест. Соли 2018 Назокат Ҳодибоеваи 35-сола, сокини ҷамоати Овчӣ Қалъаи Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чоргоник таваллуд карда буд – се писар ва як духтар. Соли 2020 як модари 30-сола аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон панҷгоник ба дунё оварда буд, ки бори аввал дар Тоҷикистон буд. Навзодон ду писару 3 духтарча буданд.
Дар зоишгоҳи шаҳри Хуҷанд давоми имсол 1833 тифл ба дунё омадааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 204 нафар зиёд аст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста