Додгоҳ президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отабоевро аз рӯи парвандаи ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар моҳи октябри соли 2020 сафед кард, хабар медиҳад Интерфакс.

“Додгоҳи Первомайскии Бишкек қарор кард, ки Алмосбек Отамбоев дар ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар Бишкек моҳи октябри соли 2020 бегуноҳ эътироф гардида, бинобар набудани аломатҳои ҷиноят дар кирдорҳои ӯ сафед карда шавад”, - изҳор дошт додрас Убайдулло Сотимқулов зимни қироати ҳукм.

Чораи пешгирӣ дар шакли нигаҳдорӣ дар ҳабс нисбати Отмабоев ба ҳабси хонагӣ иваз карда шуд.

Бо ҳукми додгоҳ инчунин Фарид Ниёзов, мушовири пешини Отамбоев, Курсан Асанов, собиқ муовини вазири корҳои дохилии кишвар, Канат Сагимбоев, муҳофизи Отамбоев низ сафед карда шуданд.

Ин дар ҳолест, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас дархост намуда буд, ки ба Отамбоев 12 соли зиндони низомаш шадид ҷазо таъин карда шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.