Пас аз муроҷиати сокинони пойтахт, 14 нафар ронандагон барои таваққуфи нодурусти автомашинаашон дар роҳ ҷарима шуданд.
Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, сокинони пойтахт суратҳои таваққуфи нодурусти автомашинаҳоро ирсол кардаанд.
“Аксари ронандагон ҳангоми адои намози ҷумъа автомашинаи худро дар ҷойи номуқарраргардида, махсусан дар байни роҳ бе назорат гузошта, ба тамбашавии роҳ ва монеагӣ ба ҳаракати дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ боис шудаанд”, - баён мешавад дар маълумоти Раёсат.
Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбати ронандагон барои таваққуфи нодуруст дар асоси моддаи 324 КҲМ Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин қоидавайронкунӣ даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.
Дар ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима дар ҳаҷми 1 нишондиҳанда барои ҳисоб (64 сомонӣ) пешбинӣ шудааст.
Дар фарҷом Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ронандагон хоҳиш намудааст, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро ҳамаҷониба риоя намуда, бо таваққуфи нодурусти нақлиётҳои худ боиси озори дигар шаҳрвандон нагарданд.