Ҳамин тавр, бо фармонҳи президенти кишвар Фирдавс Толибзода аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод ва муовини аввали раиси ин ниҳод таъин шуд.

То моҳи июни соли ҷорӣ дар ин мақом Ҷамолиддин Нуралиев фаъолият дошт, ки як моҳ пеш аз вазифа озод гардид ва то ҳол ба ягон мақом дигар таъйин нашудааст.

Ҳамчунин, Моҳбону Накҳатзода аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод гардида, ба ҷойи ӯ Гулбаҳор Назирӣ таъйин гардид.

Алиҷон Салимзода ва Фирӯз Шарипов низ бо фармони президент, муовинони нави раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин шуданд.

Акбар Насимзода ва Абдураҳмон Муборакқадамзода низ бо фармони президент муовинони нави вазири корҳои дохили Тоҷикистон таъйин гардиданд. Ҳамчунин, сардори нави Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Суҳроб Қурбонзода таъин шудааст.

Маъруф Абдулло аз вазифаи муовини сардори Саридораи бойгонии назди ҳукумати Тоҷикистон озод гардид ва маълум нест, ки ба ҷойи ӯ кӣ таъйин шудааст.

Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, ки то ин дам директори телевизиони "Илм ва табиат"-ро ба уҳда дошт, аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Шарифзода Саймукарам директори нави ин телевизион таъйин гардид.

Умедҷон Билолзодаро аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» озод карда шуд ва номаълум, ки ҳоло ба ҷои ӯ кӣ роҳбари "Шабакаҳои тақсимоти барқ" таъин шудааст.

Хоҷазода Тоҳир Абдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии «Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия» озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Файзулло Машраб Қурбоналӣ таъйин карда шуд.

Ҳамаи қарорҳои президент дар бораи таъиноти онҳо имрӯз,17-уми август, дар сомонаи расмии президент нашр шудаанд.

 

1/7

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.