Мурофиаи додгоҳии собиқ мудири маорифи ноҳияи Панҷ Мавлуда Боймуродзода, ки барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати ислом айбдор мешавад, оғоз ёфтааст. Дар ин бора аз Суди вилояти Хатлон хабар доданд.
Бино бар иттилои манбаъ, мурофиаи судӣ таҳти раисии судияи Суди вилояти Хатлон Аҳлиддин Назарзода ҷараён дорад.
Мавлуда Боймуродзода бо моддаи 307 қисми 2 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм) ва 346 (Дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ) Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста мешавад.
Ҳамроҳ бо Мавлуда Боймуродзода, ҳамчунин, Абдураҳмон Изатуллозода, навобардор - ҳамкори ТВ “Ҷаҳонамо” дар ноҳияи Панҷ, Ҷалол Зоидов, собиқ корманди идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва як шаҳрванди дигар Мамед Шералиев низ дар курсии айбдорӣ нишастаанд.
Ба гуфтаи як манбаъи огоҳ аз раванди парванда, ин нафарон барои ирсоли наворҳои чорабиниҳои ноҳия ба намояндаҳои ҲНИТ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, айбдор мегарданд.
Аз Суди вилоят гуфтанд, ки судшавандаҳо қисман худро гунаҳгор меҳисобанд, аммо маълумоти дақиқ ироа накарданд.
Дар ҳамин ҳол, Нурулло Маҷидов, адвокати Мавлуда Боймуродзода дар як суҳбати телефонӣ гуфт, ки зерҳимояаш худро гунаҳгор намеҳисобад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста